ПАРҲЕЗГОРӢ ХИСЛАТИ ҲАМИДАИ ИНСОНИСТ

Рамазон моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд ва моҳи оғози нузули ваҳй ба ҳазрати Муҳаммад (с) паёмбари бузурги ислом мебошад. Дар ин моҳи муборак суҳбате доштем бо Раиси Шурои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мусозода, ки фишурдаи онро манзури хонандагони рӯзнома мегардонем.

-Рамазон моҳи шарифу муборак аст. Дар бораи фазилатҳои ин моҳ чанд сухан мегуфтед.

Рамазон моҳест, ки он барои ҳидояти мардум ва нишонаҳои роҳи рост фиристода шуд. Дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд барои мусалмонон кушода гардида, баракоти бепоёни Парвардигор фуруд омадааст ва он шабе, ки нузули Қуръон дар он сурат гирифтааст, шаби қадр ба маънои шаби боарзиш ва дороӣ дар ҷойгоҳи хосе номида шудааст.

Моҳи мубораки Рамазон дар баробари моҳи нузули Қуръон буданаш, моҳи ибодат ва хайру барака аст. Дар баробари ин моҳи танзифи нафс, тоза кардани ҷисм ва андешаи инсон, моҳи бедор кардани раҳму шафқат аст. Инсон бояд ҳама вақт, хусусан дар ин моҳ парҳезгор бошад. Илова бар ин, Худованд барои афзудани баракоти ин моҳ рӯзаи онро бар муъминон фарз гардонида, онро бар дигар моҳҳо бартарӣ бахшидааст ва онро барои бандагонаш ба ид табдил додааст.

Дарҳои биҳиштро дар он моҳ кушуда, даромадгоҳҳои дӯзахро фурӯ баста ва шайтонҳоро бар занҷир бастаааст, то неъматҳои ӯро бар бандагонаш табоҳ насозад.

-Рӯзаи дасту по, чашму гӯш ва тану ҷон мегӯянд. Ин нуктаро шарҳ медодед.

-Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон пас аз намоз, ҳаҷ ва закот чаҳорумин рукни бинои ислом ба шумор меравад. Дар сураи Бақара, ояти 183‐юми Қуръони азимушшаън омадааст: “Рӯзаи моҳи Рамазон бар шумо фарз гардонида шуд. ҳамон гуна ки бар гузаштагони пеш аз шумо фарз гардида буд, то ба василаи он тақво ва худсозӣ намоед.

Яке аз манфиатҳои хоси рӯза ин аст, ки бар асари он дар инсон сифати тақво ва парҳезкорӣ пайдо мешавад ва тавони идора карда тавонистани хоҳишоти нафсонӣ бар одамӣ ҳосил гашта, салиқаи саркӯбии нафс дар мақобили аҳком ва супоришоти Илоҳӣ дар инсон ба вуҷуд меояд. Бояд донист, ки рӯза доштан фақат аз хӯрдану ошомидан худдорӣ кардан нест, балки одами рӯзадор бояд аз гунаҳ, ҷиноят, сухани дурӯғ, туҳмат, буҳтон, айбҷӯӣ ва дигар амалҳои зишт дур бошад. Дурӯғ нагӯяд, нафароне ҳастанд, рӯза медоранду суханҳои бардурӯғ мегӯянд, дар хона якдигарро фиреб медиҳанд, дар кӯчаву бозор дурӯг мегӯянд, мардумро фиреб медиҳанд, дар ин мавридҳо аз рӯзаи доштаи онҳо манфиате нест.

Бояд чашми инсон аз нигоҳи бад, дасти инсон аз амали шарр, тану ҷони инсон аз амалҳои нопок, дасташ аз мардумозорӣ, умуман тамоми ҷисму рӯҳаш бояд рӯзадор бошад. Дар ҳадисе омадааст: “Касе, ки дар моҳи Рамазон суханони дурӯғ, амал кардан ба он ва ҷаҳолатро тарк накунад, Худо ҳеҷ ниёзе ба тарки хӯрдан ва нӯшидани рӯзаи вай надорад”. Зеро рӯза муҳимтарин василаи худсозӣ, олитарин мактаби тарбияи рӯҳ ва бинои шахсияти инсон, ҳамчунин беҳтарин василаи такомули маънавии мардум ва ҷомеа мебошад.

-Ҳастанд нафароне, ки бо сабаби бад будани саломатиашон ва ё сабабҳои дигар, ҳарчанд мехоҳанд, рӯза гирифта наметавонанд. Оё роҳи озод шудан ва ё ҷуброн кардани онро ақоиди шариат пешниҳод кардааст?

Худои таоло дар Қуръони азимушшаън мефармояд, ки моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи нузули Қуръон аст ва Қуръон барои ҳидояти инсонист. Касоне, ки ё бемор ва ё дар сафар ҳастанд, аз рӯзадорӣ озоданд. Агар бемории шахс муваққатӣ бошад, дар вақти моҳи шарифи Рамазон муолиҷа гирад, рӯзаашро мехӯрад ва баъди сиҳатмандӣ қазояшро медорад. Агар бемории вай бардавом бошад, масалан касалии қанд дораду мунтазам бояд об нӯшад, аз дарди меъда азият мекашаду ҷарроҳӣ шудааст ва бояд хӯрокаш мунтазам бошад, аз рӯзадорӣ озод аст.

Аммо бояд гуфт, ки ин нафарон барои ҳар рӯзи надоштани рӯзаашон фидя диҳанд. Фидя – ин барои ҳар як рӯз як мискинро ду маҳал таом додан аст, ки баробари 12 сомонии имрӯза аст. Пиронсолоне, ки дар рӯзадорӣ қуввату мадор надоранд, низ фидя медиҳанд.

Одамони мусофире, ки аз 120 километр дур аз зодгоҳ сафар доранд, низ ба шумори нафароне дохил мешаванд, ки фидя медиҳанд. Занҳои ҳомила ва ё онҳое, ки фарзанди ширхора доранд, метавонанд рӯзаашонро хӯрда, баъдан қазо доранд. Ба бемории сироятии коронавирус гирифторшудагон бояд аз рӯзадорӣ худдорӣ намоянд. Ифторкунон, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳо хеле маъмул аст, чӣ аҳамият дорад ва соҳибмаърака ҳангоми баргузории чорабинӣ кадом масъулиятро бештар эҳсос намояд? Магар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартибу низоми ин маъракаро ҳам пешбинӣ кардааст? Ҳадаф аз ифтор кардан ин хайру эҳсон кардан ба мардуми камбизоат аст. Нафаре суол доданд: Ё Расулаллоҳ, мо чизе надорем, ки мардумро ифтор диҳем. Гуфтанд: Як пиёла об ва як нисфи хурмо додан ба каси муҳтоҷ ҳам ифторкунон аст. Шарт нест, ки маъракаҳои калони серхарҷ намуда, ба ифтор мардумро даъват намоянд. Нафароне ҳастанд, ки маводи ғизоиро ба мардуми камбизоат хом тақсим мекунанд, ки ин ҳам шоистаи пазируфтан аст. Агар ба хонадони ҳар нафари муҳтоҷ як кило гӯшт, 1 кг биринҷ , ду‐се кг равған ворид шавад, на танҳо як шаб балки чандин маҳал метавонад аҳли оилаашро ифтор диҳад, ки ин беҳтар аст.

-Дар бораи садақаи фитр ва закот барои хонандагони рӯзнома маълумот медодед. Киҳо аз пардохти садақаи фитр озоданд? Маблағи садақаи фитр ва закоти мол, асосан ба киҳо манзур ва ё бо кадом мақсад масраф шуданаш мумкин?

Закот сутуни саввуми Ислом аст. Мафҳум ва матлаби закот ин аст, ки ба назди ҳар мусулмоне миқдори муайян аз мол ва сармоя мавҷуд бошад, ҳар сол онро ҳисобӣ намуда, як чиҳилумини онро ба фақирон ва мискинон дода ва ё ба корҳои хайр сарф намояд. Мушаххасан бигӯем, ки агар миқдори маблағ ва ё молаш аз 25 ҳазор сомонӣ зиёд бошад, вай бояд закот диҳад. Аз 30 сар моли калони шохдор 1 сар ва агар 40 сар гӯсфанд дошта бошад, 1 сари он бояд ба мискинон диҳад.

Бояд гуфт, ки агар чорвои вай зиёда аз 6 моҳ дар саҳро бошад, закоти онро бояд дод, вале агар дар хона нигоҳубин намояд, закот дода намешавад, зеро барои парвариши он маблағ сарф намуда, хӯроки чорво мехарад. Барои хона, кӯрпаю болин, мошине, ки дар манзили истиқоматӣ истифода бурда мешавад, закот набояд дод. Эҳсон ва бузургвории дигари Худованд ин аст, ки барои закот ва садақот подош ва аҷри бисёре муқаррар кардааст. Ҳол он ки мо аз моле, ки Офаридгор ба мо додааст, миқдори ночизе дар роҳи ӯ медиҳем, аз ин хотир агар Худованд дар қиболи ин амали ночизи мо подоше ҳам ба мо намедод, ҳаққи онро дорад. Илова ба аҷр ва подоше, ки дар рӯзи қиёмат ба закот ва садақадиҳандагон мерасад, дар ин ҷаҳон низ фоидахои бузурге насиби онҳо мешавад. Дили муъмин ва мусулмоне, ки закот ва садақа медиҳад, ҳамеша шоду хурсанд аст, камбағалон ва мустамандон бар вай ҳасад намебаранд, балки хоҳони хайр ва офият барои ӯ буда, бо нигоҳи муҳаббат ба сӯяш менигаранд ва дуои хайр менамоянд. Ҳамчунин закотдиҳандагон дар қатори мардуми писандида ва маҳбуб ҷой мегиранд ва ҳамагон бар онон изҳори муҳаббат ва ҳамдардӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки аз садақаи фитр нафароне озод ҳастанд, ки камбизоату мискин бошанд. Закот аз они муҳтоҷону қарздорон аст.

-Дар масоҷиди марказӣ, ҷомеа ва дар радифи хондани намози таровеҳ дар моҳи шарифи Рамазон, хатми Қуръон ҷараён мегирад. Ҳамин нуктаро шарҳ медодед.

Дар масҷидҳои ҷомеъ ва марказӣ бо талаби мардум имрӯз таровеҳ хонда мешавад. Намози таровеҳ намози махсусе, ки шабҳои моҳи Рамазон, баъди ифтор мехонанд ва он бист ракаат намози нафл аст. Имсол дар аксари масҷидҳо намози таровеҳ бо хатм бисёр сабук ташкил карда шудааст. Ҳар шаб як ҷузъи Қуръонро мехонанд, ки барои намозгузорон саҳл аст. Бо ин раванд дар сӣ шаби моҳи Рамазон сӣ ҷузъи Қуръон хонда мешавад. Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

Мусоҳиб Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh