ҲАДАФ - БАРҲАМ ДОДАНИ БЕМОРИИ СИЛ

Санаи 4-уми майи соли равон дар толори асосии меҳмонхонаи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон тибқи лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ миззи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори он муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, роҳбари  минтақавии лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани  бемории сил дар Осиёи Марказӣ Дилором Қосимова, директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Аслиддин Раҷабзода, муовини сардори Раёсати иқтисод ва молияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ ҳафизов, роҳбарони муассисоти соҳаи тандурустии шаҳру навоҳии вилоят, соҳаи силшиносӣ ва воҳидҳои сохтории санитарӣ эпидемологӣ, масъулини молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагони васоити ахбори омма ва дигарон ширкат доштанд.

Сараввал муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ба ташкилкунандагони ҷаласаи мазкур ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, ки дар амалисозии лоиҳаи мазкур ба барҳам додани бемории сил дар кишвари мо саҳм мегузоранд, аз номи роҳбарияти вилоят миннатдорӣ намуда, ба кори мизи мудаввар ва ба ҳадаф расонидани лоиҳа барору комёбиҳо таманно намуд.

Сипас роҳбари  минтақавии лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани  бемории сил дар Осиёи Марказӣ Дилором Қосимова маърӯза намуда, оид ба лоиҳаи мазкур ва вазифаҳои он маълумот дод. Мавсуф таъкид дошт, ки лоиҳаи USAID барои барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ - давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистонро дар бар мегирад. Татбиқи лоиҳа барои солҳои 2021 - 2025 пешбинӣ гардида, барои амалишавии он наздик 32 миллион доллари ИМА ҷудо шудааст. Вазифаи асосии лоиҳа дарёфти бештари беморони аз ташхис дур монда, беҳтарсозии раванди табобати навъҳои мухталифи беморӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид ва устувории молиявии барномаҳои марбут ба соҳа мебошад.

Директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Аслиддин Раҷабзода иброз дошт, ки мақсади асосӣ аз чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, намояндагони сохторҳои молия ва тандурустӣ  ҳалли муаммову норасоиҳое, ки дар соҳаи силшиносӣ вуҷуд дошта мебошад.

- Бемории сил сироятӣ буда, хушбахтона таи солҳои соҳибистиқлолӣ мо бо як қатор дастовардҳо расидаем, ин ҳам бошад коҳиш ёфтани беморӣ, камшавии сафи беморони сил дар сатҳи ҷумҳурӣ ва хусусан дар вилояти Суғд мебошад. Соли 2003 нахустин Барномаи ҳифзи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, зина ба зина то соли 2007 тамоми ҷумҳуриро фаро гирифта буд. Сатҳи баланди гирифторони бемории сил дар ҳамон сол, яъне  78,5 нишондод ба сад ҳазор аҳолӣ ба қайд гирифта шуда буд. Соли 2020 ин нишондод ба 40,5 ба сад ҳазор аҳолӣ, яъне зиёда аз 38 нишондод коҳиш ёфтааст. Агар дар алоҳидагӣ ин нишондодро дар вилоят гирем, ба 27,1 ба сад ҳазор аҳолӣ, яъне беш аз 50 нишондод коҳиш ёфтааст,- изҳор дошт Аслиддин Раҷабзода.

ҳамчунин мавсуф қайд намуд, ки тӯли солҳои истиқлолият аз ҷониби  ҳукумати ҷумҳуриявӣ таваҷҷуҳи хоса дода, дар ин раванд ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналҳалқӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Ин омил даст дод, ки алҳол заминаи ташхиси соҳаи силшиносӣ пурқувват ва васеъ шуда, воситаҳои наву пешрафтаи ташхиси бемории сил дастрас гардад.

Муовини сардори Раёсати иқтисод ва молияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ ҳафизов қайд намуд, ки ҳарчанд вилояти Суғд дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла дар коҳишёбии беморӣ, фавт аз он ва ҳам инфраструктураи тамоми таҷҳизот  нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар пешрафта аст, ягона норасогие, ки дар сатҳи кишвар ба назар мерасад маблағгузории соҳаи силшиносӣ мебошад. Чуноне ҳамагон медонанд, табобати бемории сил натанҳо аз маводи дорувории  зиддисилӣ вобастагӣ дошта, хӯроки серғизо зиёда 50 фисади табобатро дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз аз масъулини мақомоти молияи шаҳру навоҳии вилоят даъват ба амал оварда шуд, ки бобати  табобату ғизонокии хӯроки беморон маблағи бештар ҷудо карда шавад.  

Дар фарҷоми кори мизи мудаввар аз ҷониби иштирокдорону масъулин табодули афкор сурат гирифт.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh