ОБ АСТ, КИ ДОНА ХӮША ГАРДАД

Агрономи хизматнишондодаи Тоҷикистон, сарагрономи колхози пешина – хоҷагии имрӯзаи ба номи Пӯлод Бобокалонов, дар Ҷамоати деҳоти Ғозиён Абдуғаффор Муллоев (равонашон шод бод!) ҳамеша таъкидан мегуфтанд: заминро эъзоз намоӣ, эъҷоз мешавад. Ин гуфтаву ибораро худ дар кору пайкори аъзои оилаи собиқадори соҳаи маориф, омӯзгори варзидаи макотиби шаҳри Исфара, дорандаи замини Президентӣ, марди заҳматкаш Абдулҳафиз Домуллоев дар мавзеи деҳоти Гумбазӣ паҳлуи роҳи Шӯртанг – Исфара хубтару равшантар эҳсос намудам.

Дар қитъаи заминаш, ҳаштод садяк, ҳар сол ҷаву гандум, офтобпарасту ҷуворимакка ва помидор мекораду парвариш менамояд ва самараи хуб ҳам ба даст меоварад. Ду – се сол пеш, ҳатто тарбуз кошта буд, ки мо дӯстонаш аз шаҳри Хуҷанд меҳмонаш шуда, аз тарбузҳои суп – сурхи ширину лазиз лаззат бурдаем. Шумоён оё мисраи ғазали Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳиро – «Об ояд, тӯй хоҳам кард гӯяд боғи нав» дар хотир доред? – дар омади гап пурсид ӯ ва худ ба саволаш ҷавоб гуфт: Об заминро, ҳар порчаи онро ба бӯстон бадал месозад, дарахтонро неруи сабз медиҳад, мо деҳқонони инзамонаро нишоти заҳмат мебахшад. Об мазмуни зиндагиву ҳаёти сабзи инсон, оинаи замин, дари кушодаи ҳосилот аст.

Имрӯз ба шарофати сиёсати оқилона, хирадмандона ва башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Президентамон, деҳқон – марди саҳро соҳиби замин гашта, ба обу замин меҳраш боз ҳам афзуну мукаррам шуд. Ин неъмати Истиқлоли давлатӣ аст, ки басо азизу муаззам мебошад. Суҳбати сарироҳиро журналист Абдуғафур Аминзода идома бахшида, изҳор намуд, ки дар расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла аз саҳифаҳои рӯзномаҳои расмӣ он лаҳзаҳои аллакай таърихӣ огаҳӣ дорему мехонем, ки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ҳангоми ташрифаш ба кишвари мо аз тамошои кӯли зебои Сарез – оби мусаффои он ба ваҷд омад ва гуфт: «Тоҷикистон бо табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад».

Баҳои баланди ӯ арзандаву воқеият аст, ба сатҳи ҳамкориҳои мақсаднок, талошҳои кишварамон дар ҳалли мушкилоти об дар сайёра, хусусан ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълом доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018 – 2028 боз як башорати равшани афзудани нуфузу эътибори кишвари биҳиштосои мо ва Сарвари хирадмандонаи ин давлати мустақилу озод дар арсаи ҷаҳон аст. Ҳар қатра об ин ҳаёт аст, ин рӯзгори сабз аст.

Дар ин росто, саҳмдори замин Абдулҳафиз Домуллоев аз хизмати беминнату софдилонаи масъулин, махсусан роҳбари Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри худ – Исфарамарз, бо ихлосу эҳтиром сухан мегӯяд. Воқеа чунин сурат гирифтааст: аз сабаби дар болотари воҳа, назди соҳили дарёи Исфара шоликорӣ вусъат ёфтан дар поёнтари мавзеъ танқисии об пайдо шуда, ба заминҳои кишту боғоти ниҳолу дарахтон обрасонӣ мушкил гаштааст. Бо техникаву маслиҳати мутахассисони соҳа аз рӯи адолати заминнигаҳдориву кишоварзӣ, алалхусус, ҳифзи экология муҳити зисту муҳофизати долу дарахтон, сабзазорону ҳолати мелиоративии замин тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда шуд. Худи саҳмдори замин Абдулҳафиз Домуллоев мегӯяд, ки мавзеи Криск солҳои пеш яке аз минтақаҳои ободу зебо буд, бо меваҳои шаҳдрезу маҳсулоти болазизу бомаззаву заминҳои ҳосилхезаш ном бароварда, эътироф шудааст.

Аммо солҳои охир дар доманакӯҳҳо заминҳои нав азхуд кардаву кушода шуданаш оби инҷо кам гашта, дарахтонаш ба хушкшавӣ сар карда буданд. Заминдорон ва яксаду панҷоҳу шаш нафари саҳмдорони замин ба роҳбарияти ноҳия муроҷиат намуданд ва гуфтаанд, ки аз беобӣ бештар аз дусад гектар ҳосили дарахтон хушк мешаванд ва яксаду понздаҳ гектар замини хоҷагии ҳамсоя – пеш ба номи Свердлов ба камобӣ рӯ овардааст. Муроҷиати заминдорон бо иқдомҳои шоиста ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раёсати кишоварзӣ ва идораи оби шаҳр, кумитаи замин аз Канали Калон заҳкане кофта шуд, ки имрӯзҳо мавзеи Криск шодоб гаштааст. Ва зиёда аз сесаду понздаҳ гектар замин аз нав нуру зиёи ҳосилбахшӣ гирифтааст. Ҳама саҳмдорон хурсанду шод гардида, ҳаққи истифодаи обу андози заминро саривақт пардохт карда истодаанд.

Суханони ин саҳмдори заҳматкашро шунидаму боз як тадбири заминдори кордида – сардори Хоҷагии деҳқонии оилавии ба номи Т.Бекматов аз ноҳияи Ашт, собиқ омӯзгори варзида Ҳоҷӣ Ҳаким Бекматов дар саҳифаи хотиротам падид омад. Ҳангоми сафари хизматӣ дар мавзеи деҳаи Қаҳрамон, собиқ мавзеи Булоқ будам, дар канори роҳи калони Меҳробод Марҳамат замини хоҷагии ӯро аз наздик дидам, ки чигуна барои ҳифзшавӣ аз шӯршавии хоку замин ва эрозияи таркиби хок, умуман экологияи минтақа ӯ азму субот кардааст. Бо иқдом ва маблағи шахсиаш, дастгирии аъзои хоҷагии деҳқонии оилавиаш бо истифода аз экскаватори пурқувват каналу заҳбури ҷамъшавии оби зеризаминӣ, ки дар ҳолати басо ногувор қарор дошт, дар масофаи муайян, наздик то маҳалли аҳолинишини Ҷамоати деҳоти Ифтихор, дигарбора кофтаву аз қамишу алафҳои худрӯй тозаву ба тартиб оварда шуд. Ва хоку гили аз канал баровардаро соли дигар ҳамчун ғизои замин ба сифати хоки пайвандӣ ба заминҳои киштзоронаш истифода намуд.

Бо ин кораш обрасонӣ ба замин ва аз оби заҳ эмин доштани кишту долу дарахтон, ҳамчунин бой гардонидани таркиби хоки замини хоҷагии шахсиаш ва ҳамзамон боғоту манзили ҳамсояқишлоқро саҳм гузошта, аз мушкилоту таҳдиди эрозия раҳонид. Мегӯянд, ки ҳар чиз ва ҳар ҳолату маврид дар мизони муқоиса равшантару муайян қиёсу муайян мегардад. Аз ин лиҳоз сатрҳои таърихӣ моро ба идрок мебаранд, то маънои болиғ бигирем. То Инқилоби октябри соли ҳазору нӯҳсаду ҳафтдаҳ ҳамон Канали Калони Фарғона, ки дар саҳифаи таърих ҳамчун сохтмони таърихӣ сабт шудааст, азму иродаи ташкилу бунёди ин артерияи ҳаёт ҷараён доштааст, вале сохтмони он ва корҳои каналкобиву каналканӣ ҳамагӣ дар ҳамин иншоот сию се километри он ба амал бароварда, давоми ёздаҳ сол кофта шудааст.

Бо гузашти вақт ташаббус ва сароғози заҳмати дастаҷамъона дар бунёди Канали Калони Фарғона чоруми октябри соли ҳазору нӯҳсаду сию нӯҳ рух додаст, ин иншшоти бузурги обрасонӣ дар муҳлати чунонки мегӯянд – «рекордӣ», чилу панҷ рӯз бо дарозии сесаду чилу панҷ километр бо дарбаргирии ҳудудҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бунёд гардидааст. Ин рисолату муҳаббати садоқатмандӣ арзиш дорад ва меваи заҳмати фидокорона дар боғи вусъатободи замон чӣ шириние, чӣ меваи шаҳдборе комҳоро шаҳд, рӯзгоронро нишоте мебахшанд? Таърих ҳақиқатро тавлид мекунад, бозгӯй менамояд. Аз ин лиҳоз ба фактҳои воқеият муроҷиат менамоем: бо шарофати Канали Калони Фарғона – минбаъд бо бунёди Канали Ҷануби Фарғона ва Канали Шимоли Фарғона солҳои чилум – чилуякуми асри гузашта ба таври намоён ҳаҷми обшоргардонии заминҳои водии Фарғона афзуд. Бинобар он бо тақозои давру замон дар ин мавзеъ, дар ин минтақа ҷамъоварии пахта ду баробар зиёд шуда, чунин иншооти муҳим бо оби дарёи Сири ҷонофарин шаҳрҳо ва деҳоти водии Фарғонаро сабзу хуррам, ободу зебо гардонида, мазмуни «Биё, булбул, бубин дар пардаи гул офтоберо» чеҳра намудаанд. Ва ҳамин тариқ, хатти иншооти обрасонӣ, дар ҳудуди вилоятамон кашида шуд: заҳматкашони хоҷагиҳо, аз ҷумла мардону занони иродатманду қавирӯҳ навбати якуми каналро аз мавзеи Бешариқи Ӯзбекистон давоми чордаҳ рӯз то Конибодом бунёд кардаанд.

Навбати дуюми он аз понздаҳуми январи соли ҳазору нӯҳсаду чилум дар муддати понздаҳ рӯз аз Конибодом то ноҳияи онвақтаи Ленинобод (имрӯза ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) амалӣ гардонида шудааст. Дар як суҳбате, ки бо иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, оброни хоҷагии имрӯзаи ба номи Пӯлод Бобокалонов, мураббии бригадаи истеҳсолии хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 11‐и Ҷамоати Ғозиён Гадойбой Юлдошев ба нимаи охири солҳои шастум иттифоқ афтода буд, ба хотирам нур бахшид имрӯз. Деҳқони солор гуфта буд, ки ман худам дар каналкобӣ иштирок доштам. Аз деҳаамон – Ғозиён зани пурҷасорат Роҳила – хола, ҳамон зани пурматонат Бироҳила Усмонова иштирокчии беназири сохтмони Канали Калони Фарғона буд ва ӯ бо фарзанди понздаҳсолааш Абдуҳамид – минбаъд иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар иншооти азим заҳмату саҳми худро бахшидааст. Шиносам Каримбой – сокини деҳаи Оппони Поёни ноҳияи Ашт мегӯяд, ки умри об дароз, ин исботи он аст, Канали Шимоли Фарғона заминҳои зироаткории мавзеъҳои поёнии ноҳияамонро кораму шодоб намуда, ба мардум ризқу рӯзӣ расонидаасту имрӯз низ файз мебахшад. Дар ин раванд вохӯрие, ки бо сарвари Хоҷагии деҳқонӣ аз ноҳияи Конибодом Собирҷон Камолов солҳои пешин ба вуқӯъ пайваста буд, ёдовар мешавам. Саркор гуфта буд, ки оби Канали Ҷануби Фарғона боғу майдон, заминҳои қисми асосии зироаткории ноҳияҳои Конибодому Бобоҷон Ғафуровро нуру сафои беқиёсу пуртароват додааст. Фарде, ки барои барқарорсозии дарғоти поёнии Сойи Хоҷабоқирғон, ҷӯйҳои Унҷӣ, Ғозиён ва ҷӯйбору анҳору канали деҳаи Ғозиён ҷаҳду талош меварзад, Усмон Саидзодаи иқтисодшинос, собиқадори меҳнат мегӯяд, хатти ниҳоии Канали Калони Фарғона аз қалби деҳаи Ғозиён, мавзеъҳои Гумбаз ва Седаставу Галамайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузашта, оби сафобахши он давоми солҳои тӯлонӣ ба мардумон, боғу майдон, заминҳои зироаткорӣ нафъ мебахшид.

Аммо имрӯз ин шохобаҳо – каналу ҷӯйборҳо, анҳору заҳбурҳо рӯ ба нестӣ овардаанд. Хеле ва хеле афсӯсбор ба чашм мерасанду дар дилҳо эҳсос мешаванд. Аҷобаташ ин аст, ки Канали Калони Фарғона аз болооби дарёи Сир сарчашма гирифта, роҳи тӯлониро гузашта, боз ҳам ба оғӯши Сири меҳрбораш якояк меравад. Мегӯянд, ки орзуи нек ва ташаббуси нек нисфи давлату рӯзгор аст. Ҳар кас барои расидан ба мақсаду ормонҳои худ кору пайкор мебарад ва бояд тадбирҳои амалӣ биандешад. Дар ҷои камоб ниҳол парвариш кардан, киштукор намудан корест сангину мушкил. Чанд сол пеш рафиқи ҳаммактабиам Абдурауф Шарифов аз қисмати поёноби анҳори деҳаи Чорсуи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба замини Президентӣ соҳиб шуд.

Заминро ҳамвору шудгор кард, дасту дили умед баста, ба деҳқонӣ машғул шуд. Ниҳолҳои пайвандӣ шинонида, зери онҳо – дар замини ба умед соҳиб шудааш помидору бодиринг, дар қисми дигар картошкаи барвақтӣ парвариш намуд. Ҳаракат карда, аз ҳисоби оби чоҳи артезианӣ замину сабзавоту ниҳолонашро ғодоб гардонид. Чунонки худи ӯ мегӯяд, бо об таъмин кардани ниҳолону киштзорон аз ҳама мушкилтарин кор, дар шароити имрӯза ҳисобу китобро махсусан талаб мекунад. Вале ҳаваси кори деҳқонӣ, боғдорӣ, сабзкории саҳро касро ба дилгармӣ мебарад, инсонро водор месозад, ки пайи аҳди бастаи худ азму субот, ҷаҳду талош намояд, зеро ки бино ба таъкиди орифе «Ҳар касе гавҳари мақсуд наёбад бе саъй, Пои ман баски давид обиларо пайдо кард». Чанд рӯзе пеш ба сайри замину киштзорон ва ниҳолони парваридаи Абдурауф Шарифов мушарраф гаштам. Бо худи раиси Хоҷагии оилавии деҳқонӣ кӯтоҳакак ҳамсуҳбат шудам: аввал гуфт, ки коргоҳам инҷо – замину каланду нигоҳубини зироатҳо. Бори ҳама паҳлуи деҳқонӣ, бо ин амал ҳифзи долу дарахтону заминро бар дӯш дорам. Аз меҳнат баракаи зиндагӣ бардоштаам, аҳли оила шукрона, ки рӯзгори хуш доранд. Дар бораи об ва обрасонӣ собиқадори соҳаи маориф, пири 86‐сола Ҳакимбой Ғафуров мегӯяд, ки пойгоҳи обкашии «Унҷӣ – 2» солҳои ҳазору нӯҳсаду панҷоҳу ду панҷоҳу се дар мавзеи Ҷӯи Калони Ҷамоати Унҷӣ сохта шудааст.

Ин пойгоҳ дуюмин иншооти обрасонӣ буда, оби дарёи Сирро аз Пойгоҳи обкашии «Унҷӣ – 1» қабул менамояд. Ба мавзеъҳои маҳаллаҳои Боло, Арбоб, Қишлоқиҷон, Шайхбурҳон, то худи шаҳри Хуҷанд об мерасонд. То ба наздикӣ ба заминҳо, ниҳолону боғоти ҶСК ба номи С.Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров обро расонида, барои ҳифзи муҳити зист мусоидат мекард. Аз оби ҷонбахши Сир аҳолии бешумори ин мавзеъҳо бархурдор буданд. Об ҳасту хоҷагидорон – диловарони майдони кор барои расидан ба мақсуди ниҳоӣ тан ба заҳмат, даст ба кор ва дил ба замину меҳр ба ҳосил медиҳанд. Ҳамеша бар он таъкид доранд: «Ҳар қатра об ба ҳисоб ва ҳар қатра об ҳосил аст». Дар назди ҷомеа ва насли калонсол вазифа меистад, ки бояд аҳамияти об – захираи муҳими инсонӣ ва ҳифзи онро оқилона барои наслҳои оянда зеҳнишин намуд.

 Ифтихор дорем, ки ҳанӯз рӯзи 22юми марти соли 2018 дар шаҳри НюЙорки ИМА дар ҳошияи оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ниҳоди «СММ – Об» мулоқот намуданд. Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Ҷилберт Хунгбо ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускору пешоҳанг дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, заҳматҳо ва талошҳояшон баҳои баланд дода, нақш ва иқдоми Сарвари давлатамонро дар оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 глобалӣ – бунёдӣ унвон намуд. Тоҷикистони маҳбуби мо дар ҳалли масъалаҳои об таҷрибаи ғанӣ ва нақши калидӣ дорад. …Лолаҳо дар пуштаҳо сар мекашанд, ниҳолони боғу майдонҳои гулбасар марҳала ба марҳала ҳосилоти хешро мерасонанд, табиати диёрамон ба қавле сесаду шасту шаш рангу тароват мегирад. Ва чунонки гуфтаанд: «Мавҷи дарёву наҳрҳо зи шавқи худ мисоли атласи гардун, саршори ҳиммат аст».

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh