ОН ОФТОБИ ТОБОН ЧУН БЕНИҚОБ ГАРДАД

Сокинони наздисарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон тайи ду рӯз ба тарафи аҳолии наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ карданд, вале сокинони тоҷик ба ин кирдори онҳо аҳамияти ҷиддӣ надоданд, зеро ин рафтори мардуми қирғиз бори аввал набуд. Сокинони осоиштаи Ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ нахостанд хонаҳои худро тарк кунанд, вале аз ҷониби қирғизҳо тирпарроннӣ сар шуд. Мардони деҳа саросемавор занону кӯдаконро ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд. Давоми ду рӯз чандин ҳавлии истиқоматӣ ба замин яксон гардид. Ҳавлиҳоро сӯзониданд. Аз он манзилҳои истиқоматие, ки сокинон бо меҳнати шабонарӯзӣ ободу зебо карда буданд, нишоне намонд.

Барои воқиф гардидан аз ҳолати кунунии бошандагони осебдида, роҳ сӯи шаҳри Исфара гирифтем. Дарвоқеъ, дар натиҷаи муноқиша сокинони осоишта зарару осеб дидаанду ба аҳволи имрӯзаи манзили истиқоматиашон нигоҳ карда, ашк мерезанд, зеро барои обод кардан солиёни зиёд заҳмат кашидаанд. Худ шоҳиди он гаштем, ки ҳавлиҳо харобу сокинон саргардону кӯдакон гирён, чашмони ҳар яке имдод меҷуст.

Сардори оилаи яке дар муҳоҷират асту дигаре дар беморхона қарор дошт. Чунин бераҳмиро аз ҷониби ҳамсоягони қирғиз ягон нафар фикр ҳам намекард. Ҳаким Сафарови 84 сола – сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ: Ба тааҷҷуб меоям, ки ин ҳама бадбинӣ дар инсон аз куҷо пайдо мешавад. Солҳои тӯлонӣ ин кирдори ноҷавонмардонаи онҳо идома меёбад. Дар вақти муноқишаҳо сокинони осоишта зарар мебинанд. Вале ин дафъа гӯё онҳо барои оғоз кардани ҷанг тайёрӣ дидаанд.

Ба тарафи шахсони беяроқу аслиҳа тир кушоданду чанд нафарро захмин карданд. Абераи 17‐солаам, ки барои аз ҳодиса огоҳ шудан ба берун баромада буд, санаи 29 – уми май аз тири низомиёни қирғиз захмин гардид. Аввал сокинони ҳамсоякишвар ҳавлиҳои моро сангборон карданд, вале мо нахостем, макони зисти худро тарк кунем. Сонӣ, вақте ба тарафи мо тир кушоданд, ноилоҷ роҳи гурезро пеш гирифтем. Баъдтар огоҳ шудем, ки онҳо бераҳмона ҳавлиро оташ задаанд. Вақте гуфтушунид баргузор гардид, мо шод гашта, ба ҳавлии худ баргаштем. Акнун, ҷойи зист надорем. Муваққатан, дар ҳавлии ҳамсояҳо қарор дорем. Хушбахтона, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода омада, аз вазъи кунунии мо огоҳ гардида, ваъда доданд, ки дар муддати як моҳ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳавлиҳои осебдида пурра барқарор карда мешаванд, изҳор намуд сокини деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Муҳаммадрасул Мӯъминов.

Дар ҳавлии оташзада ду оила умр ба сар мебурданд ва сардори оила алҳол аз захми тир дар беморхона қарор дорад. Даромади асосии оилаи Мӯъминовҳо аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ва киштукор аст. Дар мавсими баҳору тобистон дар заминҳои ҳавлии худ намудҳои гуногуни сабзавотро парвариш карда, ҳосили ба дастовардаро барои худ истифода мекунанд. Мо дар як ҳавлӣ панҷ оила умр ба сар мебарем. Ба тааҷҷуб меоям, ки бо кадом мақсад мардуми қирғиз ба мо зарар расонид. Бо онҳо боре муноқиша накардаем ва зарар ҳам нарасонидаем. Ман тайи 32 сол дар ин ҷо зиндагонӣ мекунам ва кирдори ноадолатонаи қирғизҳоро нодида мегирифтам.

Имрӯз онҳо ҳавлиҳоро ба харобазор табдил доданду моро сарсон карданд. Дар ҳавлии хешу ақрабо умр ба сар мебарем. Додари шавҳарам захмӣ шуданд, дар беморхона қарор доранд. Танҳо ба ҳукумати кишвар умед дорем. Аз ҳолати мо хабар гирифта, гуфтанд, ки хотирамонро ҷамъ созем, ҳавлиро аз будаш беҳтар карда, барқарор мекунанд.

Имрӯз бароямон маблағ ва ҳам маҳсулоти хӯрока дастрас карданд. Ташаккур ба ғамхориву дастгирии ҳукумати кишвар, гуфт Маҳмуда Ҳоҷиева. Бино ба гуфти ӯ шавҳараш маъюб аст. Ду фарзандаш дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранду ҳар моҳ ба онҳо маблағ мефиристоданд. Маблағи фиристодашударо шавҳараш барои обод ва таъмир кардани хона равона мекард, зеро мебоист моҳҳои наздик ба хона арӯс биёранд, аз ин лиҳоз ҷиҳоз ва хонаи арӯсро ба пуррагӣ омода карда буданд. Фарзандонам дар муҳоҷират бо меҳнати вазнин маблағ ба даст меоранд. Бо орзую ҳавас мехостем онҳоро хонадор кунем, вале мардуми қирғиз дар як лаҳза ҳавлиамонро ба вайрона табдил доданд. Магар дар моҳи мубораки Шариф ин амали онҳо аз рӯи инсоф буд? Ҳоло ҳам бовариам намеояд, ки заҳмати чандинсолаамон барбод рафт, гуфт ашкрезон ин зан. Дар лаҳзаи оғоз гардидани низоъ байни ду кишвар мардуми деҳаҳо муттаҳид гардида, ба кӯмаки ҳамдигар шитофтанд.

Дар ин маврид касе фикри онро надошт, ки тир мехӯрад, осеб мебинад ва ё мефавтад. Ҳама баробар дасти ҳамдигар гирифтанд. Маҳз муттаҳидиву ватандӯстӣ тавонист низоъро хотима бахшад. Вале то ҳол дар қалби ҳар нафар, алалхусус занону кӯдакон тарс вуҷуд дорад. Ҳарчанд ба манзили истиқоматии худ баргашта бошанд ҳам, вале то ҳол аз дарвоза берун шудан барояшон мушкил аст. Мисли пешин дар ҳавлиҳои худ будан, бароям мушкил аст, зеро мо дар ҳавлӣ ду зан ҳастему мардони оила дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Вақте ба мо ба тарафи шаҳр рафтанро гуфтанд, аввал розӣ нашудем. Сонитар, садои тир ба гӯш расиду диламонро ваҳм фаро гирифт. Санаи 29 уми апрел манзиламонро тарк кардем. Аз тарс, ҳатто гирифтани ҳуҷҷатҳоямонро фаромӯш намудем.

Пас аз се рӯз хабар доданд, ки байни ду кишвар гуфтушунид шудааст, хурсандона санаи 3 – юми май ба макони зистамон баргаштем. Маҳз бесарусомониҳо бароямон бори дигар собит сохт, ки халқи тоҷик ҳамеша муттаҳидӣ, инсонгароӣ ва меҳанпарастиро аз даст нахоҳад дод. Ва маҳз ин хислатҳои мардонагиву ватандӯстӣ боис шуд, ки дубора тинҷиву оромӣ ҳукмфармо гардад, гуфт сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Қутфихон Ашӯрова. Ӯ гуфт, ки барои ба шавҳар кӯмак кардан ҳамроҳи духтараш дар замини ҳавлии истиқоматии худ лӯбиёгиҳо, картошка, сабзӣ, помидору бодиринг шинонидаанду барои зарурати ҳаррӯзаи худ ва ҳамсоягон аз ҳосили бадастомада истифода мекунанд. Маблағи фиристодаи фарзандонро барои таъмиру тармими ҳавлӣ ва таҳсили фарзанди худ захира карда истодаанд.

Тавре, сардори ситоди вилоятӣ оид ба бартарафкунии оқибатҳои низои наздисарҳадӣ Маъруф Муҳаммадзода иттилоъ дод, дар натиҷаи муноқишаи наздисарҳадӣ дар шаҳри Исфара, аз ҷумла, Ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ дар умум 30 ҳавлии истиқоматии сокинон пурра сӯхта, 29 ҳавлӣ қисман зарар дидаанд. Боиси қайд аст, ки бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оилаҳое, ки дар низоъ бе сарпаноҳ мондаанду ҳавлиҳояшон зарар дидаанд, аз ҳисоби Ҳукумати кишвар дар давоми як моҳ пурра барқарор ва таъмир карда мешаванд.

Барои оилаҳои зарар ва осебдида маводи хӯрока ва маблағи пулӣ дода шуд. Сокинон аз дастгириву ғамхории роҳбарияти кишвар ва вилоят шукрона карда, умед ба ояндаи нек мебанданд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

 Хуҷанд – Исфара Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh