Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик намуд

Субҳи рӯзи 13 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини маркази вилоят ташриф оварда, кулли сокинони вилояти Суғдро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик гуфт.

Зимни ироаи паёми табрикии худ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки Иди саиди Фитр ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад.

-Дар ин моҳи муборак анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон кўмак намудан волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар касе, ки бештар некӣ намуда, бахшишу эҳсон мекунад ва дасти ятимону бепарасторонро мегирад, бешак рисолати олии инсониро ба ҷо меорад. Бинобар ин, чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона меҳнат кунем, муҳимтар аз ҳама, дар чунин шароит ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем.

Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир маърифати шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорони саховатпешаву ашхоси олиҳиммат нисбати анҷом додани амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ, ки аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст, боло рафта, дастгирии ниёзмандон дар вилоят ба анъанаи нек табдил ёфтааст,- таъкид намуд Раиси вилоят.

Ӯ инчунин ба сокинон саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рўзии фаровон ва муваффақиятҳо орзу намуд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамзамон ба масҷидҳои ҷомеи шаҳру ноҳияҳо ташриф оварда, паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди Фитрро ба самъи сокинони шаҳру ноҳияҳо расониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh