Ба 316 нафар аробачаҳои маъюбӣ супорида шуд

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ба 316 нафар сокинони ниёзманди вилоят аробачаҳои нави маъюбӣ эҳдо карда шуд.

Туҳфаҳои Пешвои миллатро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ва муовини вазири тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафурҷон Насимзода ба шахсони эҳтиёҷманд супориданд.

Раиси вилоят зимни супоридани туҳфаҳо иброз дошт, ки бо сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шуда, аз тарафи давлату Ҳукумат барои дастгирии доимии қишри ниёзманди ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Боиси зикр аст, ки танҳо дар соли 2020 ба муносибати идҳо ва рўзҳои таърихӣ ба мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактабҳо барои бачаҳои ятим ва маъюб, хонаҳои кўдакон, оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба маблағи 21 миллиону 187 ҳазору 529 сомонӣ кўмакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуданд.

Давоми соли 2020 аз ҷониби шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ба 97 нафар ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ба 49 нафар, ҳамагӣ ба 146 нафар маъюбони эҳтиёҷманд аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд. 54 нафар бо асо, 26 нафар бо асобағал, 17 нафар бо асои оринҷӣ, 550 нафар бо пойафзоли махсус ва ортопедӣ, 124 нафар бо протез таъмин гардиданд ва протези пой ва дасти 222 нафар таъмир карда шуда, дар маҷмуъ ба 1152 нафар маъюбон хизмат расонида шудааст.

Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ низ бо ёдоварӣ аз дастгириҳои давлатӣ таъкид кард, ки иқдоми навбатӣ барои дастгирии қишри эҳтиёҷманд амалӣ шуда, гувоҳи равшани ғамхориҳои Сарвари давлат ба шахсони маъюб мебошад.

Зикр гардид, ки барои дастрас намудани туҳфаҳои Президенти мамлакат ба шахсони маъюбе, ки дар деҳоти дурдаст зиндагӣ доранд, мутассадиён сафарбар гардидаанд.

Наздикону пайвандони маъюбону ниёзмандон бо гирифтани туҳфаҳои навбатии Сарвари давлат изҳори хушнудӣ намуда, дар ин рӯзҳои файзбор миннатдории худро ба роҳбарияти мамлакат расониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh