"Мо бо шумоем, мардуми Хатлонзамин!" Ирсоли кӯмакҳо ба сокинони зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб

Дар доираи роҳнамоиҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони вилояти Суғд ба оилаҳои бар асари офатҳои табии рӯзҳои охир зарардидаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон кӯмакҳо расонида шуд.

Кӯмакҳо аз орд, равған, шакар, макарон, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз, гӯшти гов, гӯшти мурғ, мош, нахӯд, марҷумак, нон, оби нӯшокӣ, кӯрпаву кӯрпача, болишт, рахти хоб, чойник пиёла, обдаста ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгору масолеҳи сохтмонӣ иборат буда, он ба зарардидагон дастрас гардид.

Кӯмакҳо  дар доираи рисолати шаҳрвандӣ, ҳамрайъию ҳамдилӣ бо мардуми зарардида ва  инсондӯстию  ватанпарастӣ фиристода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh