ҚАДРИ ЗАҲМАТУ ТАЛОШ ВА ГИРОМИДОШТ

Дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба 76-умин солгарди Ғалабаи халқи шӯравӣ аз болои Германияи фашистӣ дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд яке аз кӯчаҳои марказии маҳаллаи 12-уми шаҳр ба номи вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъватҳои 3-4-5-6-7-8-9, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ходими давлатӣ Усмон Қосимов номгузорӣ шуд.

Ба ин муносибат дар саргаҳи кӯча ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он собиқадорони хизмати давлатӣ, ходимони ҷамъиятӣ, аҳли илму адаб ҳузур доштанд. Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз зиндагинома ва хидматҳои шоис-таи Усмон Қосимов ёдовар шуд. Қайд гардид, ки фаъолияти ҷамъиятию сиёсии зиндаёд У.Қосимов баъди сарбаландона баргаштанаш аз набардгоҳ соли 1946 дар кумитаи партиявии шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан) оғоз шудааст.

Бештари солҳои роҳбариаш дар водии Вахш сипарӣ шуда, ноҳияҳои Шаҳртузу Кӯйбишев (Абдураҳмони Ҷомӣ), Колхозободу (Ҷалолиддини Балхӣ) Панҷ-ро сарбаландона роҳбарӣ кардааст. Усмон Қосимович 7 даъват вакили халқ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ба ҳайси намояндаи халқ дар органи олии қонунбарори мамлакат низ хизматҳои арзандаву шоиста баҳри пешрафти зиндагии мардум ба ҷо овард.

-Соли 1970 вилоятҳои ҷумҳурӣ бо қарори Президиуми Совети Олии СССР аз нав барқарор шуданд,-нақл кард хотираҳои худро собиқ котиби комиҷроияи вилояти Ленинобод Баҳриддин Аҳмадов,- Бюрои ташкилӣ Рифъат Ҳоҷиевро, ки то ин дам котиби якуми кумитаи партиявии шаҳри Ленинобод буд, котиби якуми кумитаи вилоятии партия ва Усмон Қосимовро раиси комиҷроияи вилоят интихоб кард. Насиб будааст, бо устод Усмон Қосимович 8 сол, то дами вопасини умрашон ҳамроҳ кор кардем ва аз он кас бисёр сабақи кору зиндагӣ омӯхтем. Вилояти аз нав ташкилёфта дар давраи роҳбарии ин ду нафар басо пеш рафту тараққӣ кард. Ҳарду ҳам барои халқу Ватан хизматҳои шоиста карданд. –

 Усмон Қосимовро яке аз поягузорони азхудкунии водии Вахш номидан мумкин аст,-гуфт раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Турсунбой Раҳматов,- устод аз зумраи пешвоёни водӣ буданд, ки дар ҳаллу фасли умдатарин масъалаҳо роҳбарияти ҷумҳурӣ фикру мулоҳизаи эшонро ба инобат мегирифт. Бинобар он Усмон Қосимовичро раиси комиҷроияи яке аз вилоят-ҳои калонтарини ҷумҳурӣ-Ленинобод - Суғди имрӯза таъин карданд. Зиндагӣ ва фаъолияти роҳбарии Усмон Қосимов барои насли дирӯзу имрӯз ва фардои кишвар бешакку шубҳа намунаи ибрат аст... Хидматҳои шоистаи Усмон Қосимов бо орденҳои Ленин, «Инқилоби Октябр», ду ордени «Нишони Фахрӣ» ва якчанд Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст.

Аз номи пайвандони Усмон Қосимов наберааш, сардори ШКД шаҳри Хуҷанд, полковники милитсия Илҳом Қосимов барои пос доштани хотираи неки бобояш ва абадӣ гардонидани номи ӯ арзи сипос кард.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh