ЧЕҲРАИ БОНУВОН ДАР ОИНАИ ҲАЁТ

Ҳанӯз соли 1999 ба тасвиб расидани Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қабули Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ марҳалаи тозаеро дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва бештар намудани ҷалби занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ боз намуд.

Боиси қайд аст, ки маҳз қабули фармони мазкур барои дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, тандурустиву маориф, фарҳанг ва дигар самтҳои кишвар нақши муҳим мебозанд. Алҳол, занон дар зинаҳои баланди давлатдорӣ мақоми худро соҳиб шудаанд. Имрӯз 20 ҳазор нафар дар мақоми роҳбарикунанда фаъолият доранд, ки аз онҳо 1167 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд. Аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 вакили халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд ва ин рақам нисбат ба давраи гузашта зиёд аст.

Ҳамзамон, аз ҳисоби занони вилоят як нафар муовини Раиси вилоят, як нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, як нафар раиси шаҳр, 15 нафар ҳамчун муовини раисони шаҳру ноҳия иҷрои вазифа менамоянд. Боиси қайд аст, ки барои дастгирии занону бонувон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барномаҳои мухталиф таҳия гардида истодаанд. Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» бо мақсади тарбияи кадрҳои соҳибтахассус таҳия гардида, дар ин раванд доир ба иҷрои талаботи барномаи мазкур дар вилоят корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. - Мақсади асосии қабули Барномаи мазкур муайян кардани сиёсати дарозмуддати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳо ва имкониятҳо доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, таъмини ҳуқуқи баробари марду зан ҳангоми пешниҳод ва таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда, таъмини шароити ҳаматарафаи таълимӣ, ҷалби бештари духтарон ба таҳсил дар синфҳои 10 - 11, фароҳам овардани шароит, дастрасӣ ва ҳимояи иҷтимоии занони деҳот арзёбӣ мегардад, - гуфт сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршедахон Хоҷазода.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки барои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва пур кардани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, зиёд кардани шумораи занон ва ҷавонон дар хизмати давлатӣ, таъин намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимия-ти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, корбарӣ мунтазам ҷараён дорад.

- Бояд зикр кард, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бӯстон, Исфара, Зафаробод, Конибодом, Айнӣ, Ашт, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Мастчоҳ барои занону духтарони лаёқатманд силсилаи маҳфилу курсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ оид ба мавзӯъҳои «Зан - роҳбар», «Мақоми зан дар ҷомеа», «Рушди соҳибкории занон», «Зан ва замин» ва «Зан ва сиёсат» гузаронида шуданд, - гуфт Хуршедахон Хоҷазода.

Боиси қайд аст, ки фаъолияти занону бонувон дар соҳаи маориф ва илм басо назаррас аст. Алҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 12 доктори илм ва 336 номзади илм аз ҳисоби занон фаъолият дошта, аз 26 ҳазору 106 нафар зан, ки дар соҳаи маориф кор мекунанд, 2887 нафар роҳбар, 713 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Тавре Хуршедахон Хоҷазода таъкид кард, барои дастгирии духтароне, ки дар деҳаҳои дурдаст зиндагӣ ва таҳсил доранд, Квотаи Президентӣ ташкил шудааст. Аз 40 ҳазор духтар, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсил менамоянд, 488 нафар тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғули омӯзиш буда, 52 нафар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 61 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят ҳастанд.

Дар самти Барнома «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар шаҳри Истиқлол низ корҳои зиёде ба сомон расидаанд. Алҳол аз 18046- нафараи аҳолии шаҳр 9094 нафарашон занон ҳастанд. Дар муассисаҳои таълимӣ 182 омӯзгор фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 135 зан ҳас-танд. Аз 66 нафар хизматчии давлатӣ 33 нафар зан ҳастанд. Инчунин, сарварии 2 муассисаи таълимӣ ва 2 боғчаи бачагонаро занон ба уҳда доранд. Мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳр Азиза Аҳмадзода гуфт, ки бахши кор бо занон дар якҷоягӣ бо бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр 35 бонуи хонашинро ба курсҳои кӯтоҳмуддат, аз ҷумла кешбофӣ ҷалб кард.

- Баҳри андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии оилаҳои ҷавон аз ҷудошавӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, сӯиқасд ба ҷони худ ва даст ба худкушӣ задани занону духтарон, аз байн бурдани бегонапарастӣ, тақлидкориву тар-ғиби сарулибос ва анъанаҳои номатлуб дар байни занон, хусусан қишрҳои осебпазир, аз ҷумла, занони хонашин ва аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта кӯшиш ба харҷ медиҳанд, - гуфт номбурда. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан инчунин супоришҳои мақомоти болоиро дар ҳамкорӣ бо дигар воҳидҳои сохтории дахлдор ба роҳ монда, силсилаи чорабиниҳоро амалӣ менамояд.

- Айни ҳол тибқи Квотаи Президентӣ дар мактабҳои олии гуногуни кишвар 32 духтари болаёқат таҳсил намуда истодаанд. Ҳамасола аз тарафи масъулини шаҳр вохӯриҳо бо донишҷӯён ташкил гардида, ба ҳамаи онҳо аз ҷониби раиси шаҳр кӯмаки молиявӣ ва моддӣ расонида мешавад, - гуфт мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр Фирӯза Мӯъминова.

Тавре иттилоъ дода шуд, 21 нафар занону духтарон хизматчиёни давлатӣ ва 1709 зан дар мақоми роҳбарикунанда фаъолият доранд. Ҷоиз ба қайд аст, ки бо иқдом ва дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят аз нав эҳё гардида, дар ин раванд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ Марказҳои таълимӣ - истеҳсолӣ таъсис додаанд, ки шумораи онҳо ба 282 адад расидааст.

Дар марказҳои таълимӣ - истеҳсолии атласу адрасбофӣ зиёда аз 654 дастгоҳи атласу адрасбофӣ насб гардида, 24 ҳазору 844 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунармандӣ ҷалб шудаанд. - Бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, дар ин самт таъсиси Грантҳои Президентӣ ва гранти Раиси вилоят баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст, - гуфт Хуршедахон Хоҷазода. Қайд гардид, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба таъмини занону духтарон бо ҷойи корӣ соли 2020 - ум 18 нафар зани ҳунарманд соҳиби Гранти Президентӣ гардиданд. Инчунин, аз ҷониби Раиси вилоят ба 60 зани ҳунарманд ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ грант супорида шуда, ин иқдом дар соли 2021 низ идома хоҳад ёфт.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh