РӮ НАОРАД БА ХОНИ КАСЕ СОҲИБҲУНАР...

Яке аз дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишварамон он аст, ки бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат барои рушду такомули ҳунарҳои мардумӣ роҳи васеъ кушода шуд. Давоми чанд соли охир намудҳои гуногуни ҳунармандӣ аз байни халқ нумӯъ кардаву рушду равнақи бесобиқа ёфт.

ИДОМАИ ҲУНАРИ АҶДОДОН

Маркази таълимӣ-истеҳсолии ба номи Рассоми халқии Тоҷикистон Зулфия Баҳриддинова бо ибтикори бонуи ҳунарманд Мавҷуда Ҳакимова баҳри ҷалб намудани занону духтарон ба атласу адрасбофӣ таъсис дода шуд. - Номи ин ҳунарманд натанҳо байни мардуми шаҳри Хуҷанд, балки дар тамоми қаламрави кишвар ҳамчун бонуи соҳибистеъдод, ҳунарманди асил, рассоми мониқалам маъруф аст. Ва мо хостем, марказамон номи ин соҳибҳунари фарзонаро дошта бошаду аз ин макон садҳо бонувон ба худ ҳунару сарчашмаи ризқёбӣ пайдо кунанд,-мегӯяд сарвари марказ.

Устоди аввалини бонувон дар ин марказ бонуи пурҳунар Машҳура Орифова буданд, ки сирру асрори ҳунари волои хешро бо тамоми нозукиҳояш ба шавқмандон омӯзониданд. Ва дар муддати чанд сол аз маҳаллаҳои шаҳр занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда шуда, то ин вақт бештар аз 200 нафар ҳунари атласу адрасбофиро ёд гирифтанд. Имрӯз аксари онҳо дар хона ва ё ҳудуди маҳаллаашон сехи атласу адрасбофӣ ва дӯзандагӣ кушодаанд. Гулсара Каримова, Мушаррафа Турсунова, Муҳайё Юсуфова, инчунин Мухбира Ваҳҳобова аз деҳаи Кулангири ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳо дигарон сех кушодаву алҳол ба омода намудани шогирд машғуланд.

МАРКАЗ-САРЧАШМАИ РИЗҚЁБИИ ОИЛАҲОИ ЭҲТИЁҶМАНД

-Агар қаблан ҳамаи бонувони хоҳишмандро ба омӯзиш ҷалб намоем, ҳоло бошад, бо назардошти шароити оилавиашон, яъне занони хонанишин, яккаву танҳо, маъюб, онҳоеро, ки шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатианду дар таъминоти рӯзгор азият мекашанд, ба кор мегирем.

-Соли гузашта,-мегӯяд Мавҷуда Ҳакимова,-бо сабаби паҳн гаштани бемории сироятии коронавирус дар марказ истеҳсоли маҳсулот назар ба дигар солҳо коҳиш ёфт. Зиёда аз 20 ҳазор метр атласу адрас бофта шуд. Ин миқдорро бо нишондиҳандаи имсола муқоиса намоем, давоми чаҳор моҳи соли 2021-ум зиёда аз 5 ҳазор метри тӯлонӣ атласу адрас бофта шуд. Алҳол дар марказ дар даҳ дастгоҳи бофандагӣ 12 нафар меҳнат мекунанд.

- Атласу адраси бофтаи бонувони мо бо обуранги ҷаззоби хеш, барҳақ, чашму дил мерабоянд, навъҳои балдоқ, қатра, пахта, мавҷи дарё, намозишоми сурх, дуранга, атласи зард, атласи зарду сурх, нозанин бар тани ҳар бону зебандаву ҳуснафзо аст.

–Бонувони мо баробари бофтани атласу адрас ҳамчунин аз ин матоъҳо курта, барои ҷавонон нимтана, френч ва барои армуғон сумкача ва болишт медӯзанд.

АШЁИ ХОМ-НАХИ ПИЛЛА ВА ПАХТА

Чуноне сарвари марказ иброз дошт, барои истеҳсолоти худ ашёи хомро аз коргоҳҳои саноатии «Нассоҷи Хуҷанд», «Олим-текстайлз»-и ноҳияи Мастчоҳ ва дигар корхонаҳо дастрас менамоянд. Алҳол матои атлас аз нахи абрешими сунъӣ ва матои адрас аз нахи пахта ва пилла тайёр карда мешавад.

-Баъди дастрас намудани ашёи хом онро корманди мо Иноятҷон Орифова бо сифати баланд рангубор медиҳанд. Ин бону дар касби хеш соҳибистеъдод буда, авлодонаш бо ин пеша машғул буданд. Ва бояд зикр кард, ки имрӯз таваҷҷуҳи харидорон ба матои аз нахи табии пахта ва пилла тайёршудаи адрас бештар аст ва ин матоъ ба ҷуз ба тани бонувон шинаму зебандагиаш ҳамчунин бароҳату шифоӣ низ аст,- мегӯяд ӯ.

ПЕРОҲАНИ АТЛАСУ АДРАС - ЗЕБИ БОНУВОНИ ТОҶИК

Байни мардуми шаҳри бостонии Хуҷанд мақоле ҳаст, ки мегӯяд «зардолу мехӯронад, тут ва пахта мепӯшонад». Яъне, ин мақол аз он дарак медиҳад, ки сокинони шаҳр аз қадимулайём бо парвариши ин меваҳои биҳиштӣ ва зироат машғул буда, дар давраҳои мушкилтарин низ аз гуруснагӣ эмин мондаанд. Бо барги дарахти тут кирмак парвариш мекарданду аз пиллаи он абрешими хом тайёр намуданд. Ба ин гуфтаҳо рӯзгори модари шодравонамро мисол оварда метавонам, ки дар айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ онҳо дар сандуқи калоне қоқ захира карда буданду гуруснагӣ накашиданд. Модарам, духтараки шонздаҳсола дар дӯконашон шабонгоҳҳо атлас мебофтанд, рӯзона бошад, дар коргоҳи «Хуҷандатлас», ки дар маҳаллаи Раззоқ ҷойгир буд, кор мекарданд. Модарам мегуфтанд, нақшҳои атласу адрасро бонувони шаҳри кӯҳан аз ҳафтранги рангинкамон, ки дар мавҷҳои оби рӯди Сир ҷилва мекард, бардошта, офаридаанд ва он тайи асрҳо зеби тани занону духтарони тоҷик аст.

МУАММОҲОИ ПЕШОМАДА ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН

-Соли равон аз аввали сол бо баланд рафтани нархҳо арзиши ашёи хом боло рафт. Ва нархи фурӯши маҳсулот арзиши аслиро намепӯшонад. Агар арзиши матоъ ва ё маҳсулоти истеҳсол-намудаамонро қимат кунем, харидор онро намехарад, бо вуҷуди он ки дар тамоми дунё арзиши маҳсулоти истеҳсоли дастӣ баланд аст,- мегӯяд роҳбари марказ.- Вале чӣ бояд кард? Илоҷи чора бояд ҷуст, маоши кормандон бояд пардохт.

 Барои ин мо ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кумитаи бонувон ва кор бо оила муроҷиат намудем. Дар ин самт ин мақомот моро хеле дастгирӣ намуданд. Яъне, бештари маҳсулоти мо ба фурӯш рафт, ҳини гузаронидани чорабиниҳо барои бонувон, баргузории озмунҳои гуногун. Роҳи дигари ҳалли ин муаммо-фурӯши маҳсулотамонро тариқи шабакаҳои иттилоотӣ ба роҳ мондем. Мо нусхаҳои атласу адраси истеҳсолнамудаамонро ба шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштем ва ба ин васила низ харидор дарёфт намудем.

Ҷоиз ба зикр аст, ки занону духтарон бо азхуд намудани ҳунарҳои атласу адрасбофӣ устодони касби хеш гаштанд, чандин нафарашон дар озмун барои гирифтани грантҳои Раиси вилоят ва раиси шаҳр ғолиб омаданд, ки ин низ барои рушду такомули фаъолияташон мусоидат кард. Яъне мошини дарздӯзӣ, йӯрмадӯзӣ хариданд, ҳудуди сехашонро васеъ, теъдоди шогирдонро афзун намуданд.

-Чуноне медонем, ҳар як халқияту миллат дар ин дунё тарзи либоспӯшии хеш, либоси миллии худро дорад. Ва мо мардуми сарбаланду саодатмандем, ки либоси миллии барои мардуми тамоми дунё манзури худ - атласу адрасро дорем. Ва аз кадом гӯшаи олам ба сарзамини мо меҳмон ояд, мафтуни ҷилои ҳафтранги атлас мешавад,-мегӯяд сарвари марказ,- ниятҳои мо калонанд. Ба истиқболи ҷашни фархундаи мамлакат-30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон коргоҳамонро васеътар, теъдоди кормандонро афзун гардонида, аз ин ҳисоб баҳри беҳтаршавии сатҳи рӯзгори чандин оилаҳо мусоидат карданием.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh