Аёдати собиқадорони меҳнат ва беморон дар шаҳри Конибодом

Дар поёни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд чанде аз собиқадорон ва сокинони ниёзманди шаҳрро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Раҷаббой Аҳмадзода нахуст маъюби гуруҳи ду, Малтуба Ғиёсиддинова ва фарзандаш Далер Ғиёсиддиновро, ки маъюби гуруҳи якум аст, аёдат намуда, сипас аз ҳоли маъюби гуруҳи як Муътабар Ортиқова хабар гирифт. Зимни аёдати беморон зикр карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии беморону маъюбон мунтазам чораҷӯӣ карда шуда, ба чунин қишри ниёзманди ҷомеа кӯмакҳои моддиву молӣ расонида мешавад.

Пасон роҳбари вилоят ба оилаи омӯзгорон - Рафоат Инъомӣ ва Дадоҷон Ализода ташриф оварда, собиқадорони соҳаи маорифро аёдат кард. Зану шавҳар собиқадорони соҳаи маориф буда, барои хизматҳои шоён бо як қатор мукофоту медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Онҳо соҳиби ду писаранд ва фарзандонашон дар соҳаҳои гуногун фаъолият бурда истодаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh