Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара бо рафти сохтмони хонаҳои нав барои сокиноне, ки манзилашон бар асари даргириҳои мусаллаҳонаи охири моҳи апрел хароб шуда буд, шинос гардид.

Дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара бунёди хонаҳо барои сокинон идома дошта, корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Масъулину сохтмончиён имрӯзҳо ба омода ва муҷаҳҳазсозии дохили хонаҳои истиқоматӣ машғул буда, дар рӯзҳои наздик корҳои боқимонда пурра ба итмом расонида мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода рафти корҳои сохтмониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, баҳри вусъат бахшидан ба раванди сохтмони манзилҳои зист ба масъулини дахдлдор супоришҳо дод.

Боиси таъкид аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагон хонаҳои нав бунёд гардида, бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh