Исфара. Раиси вилоят собиқадорони меҳнат ва беморонро аёдат кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара собиқадорони меҳнат ва беморонро аёдат кард.

Роҳбари вилоят аз ҷумла ба манзили собиқадорон Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев ва Избилло Хоҷаев ташриф оварда, ба онҳо саломативу хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.

Боиси зикр аст, ки Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев 10 июни соли 1951 дар шаҳри Исфара таваллуд шудаанд. Аз соли 1997 то ба нафақа баромадан дар вазифаи сардори идораи маорифи шаҳри Исфара фаъолият намуда, барои фаъолияти тӯлонӣ ва хизматҳои шоиста бо мукофоти давлатии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст.

Избилло Хоҷаев 10 январи соли 1945 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Мавсуф бо мукофоти давлатии Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III сарфароз гардиддаст. Дар вазифаҳои раиси Суди Олии РСС Тоҷикистон, Раиси кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, соли 2009 бо хоҳиши худ ба истеъфо рухсат дода шудааст.

Сипас, роҳбари вилоят аз ҳоли Фотимахон Дадабоева, ки маъюби гуруҳи дуюм аст, хабар гирифта, ба ин зани бемор ва фарзандаш Умедҷон Дадабоев кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh