ДӮСТИИ МО РЕШАПАЙВАНД АСТ

Аз қадимулайём тоҷикону ӯзбекон бо ҳам дӯсту бародар ва чуноне дар урфият мегӯянд, «ба мисли гӯшту нохун аз ҳам ҷудонашавандаанд». Дар ин муддат борҳо кӯшиши аз ҳам ҷудо кардани ин ду халқи қадима карда ва саддҳои сунъӣ гузошта шуд, аммо ҳеҷ аз онҳо натавонист, дӯстиву бародарии мо халалдор гардад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки таи 20 соли охир бо вуҷуди баста будани сарҳадҳо аммо, дари дилҳоямон ба рӯи якдигар ҳамеша боз буд, ҳаст ва мемонад.

Орзуи бемалол расидани дида ба дидори якдигар аз сиёсати оқилонаи ду тан аз абармардони сиёсати сатҳи байналмилалӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев амалӣ шуд. Ташрифи расмии роҳбарияти олимақоми давлати ҳамсоя санаҳои 11‐12 июни соли ҷорӣ, мулоқоту музокирот дар сатҳи олӣ, боздидҳо аз пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии Суғди бостон, болидаруҳии Роҳбарони ду давлат ва ҳамроҳонашон бори дигар исбот кард, ки мо шохаҳои пурбору пурмеваи як дарахтем, ки решаи он аз умқи қарнҳо, таъриху фарҳанги ягона об мехӯрад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар изҳороти худ гуфтанд, «ин навбат натиҷаи гуфтушуниду музокирот мӯҷиби баста шудани беш аз 500 шартномаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ гардид». Боиси тазаккур аст, ки соҳаи роҳи оҳан, ки ба қавли Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «шоҳраги хунгузари иқтисодиёти кишвар аст» низ аз мадди назар дур намонд. Ҳарчанд баъди кушода шудани роҳҳо аллакай боркашонӣ тавассути роҳи оҳани кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба маротиб беҳтар шуд.

Аз оғози сол то ба имрӯз содироти масолеҳи бинокорӣ ба Чумҳурии Ӯзбекистон, хусусан семент аз ширкати «Хуаксин – Ғаюр‐Суғдсемент»‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров‐1887 вагон ё ба миқдори 127 ҳазору 57 тонна, реги квартсӣ 51 вагон (3 ҳазору 556 тонна), сабӯс 27 вагон‐1740 тонна, ба миқдори зиёд арматураву сим аз ширкати «Азия‐Норд‐Металл»‐и ноҳияи Спитамен вусъати тоза гирифтааст. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки тибқи дастури Роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Ӯзбекистон роҳбарони соҳавиамон дар шахси сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Муродалӣ Комил Ҷумъахон ва кишвари ҳамсоя дар шахси сардори ширкати «Ӯзбекистон темир йӯллари» Ҳусниддин Ҳосилов кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода мешавад. Натиҷаи 4 вохӯрии эшон буд, ки роҳбарияти ҷумҳурии ҳамсоя дар нархномаи хизматрасонӣ барои интиқоли бору маҳсулот то 80 фоиз сабукиҳо додааст.

Ҳамзамон роҳиоҳанчиёни кишвари ҳамсоя тасмим гирифтаанд, ки ба масофаи 60 километр роҳи оҳани «Самарқанд Панҷакент»‐ро сохта, ба истифода диҳанд. Инчунин электрикунонии 109 километр роҳи транзитӣ бо ҷумҳурии ҳамсоя дар назар дошта шудааст. Бо ин ҳама мо гуфта метавонем, ки сиёсати дарҳои кушоди Пешвои муаззами миллат, таҳкими дӯстиву рафоқати ду халқи ба ҳам дӯсту бародар дар соҳаи мо самаранок амалӣ шуда истодаанд. Ва ниҳоят қатори дигарон мо кормандони соҳаи роҳи оҳан аз тақвият ёфтани муносибатҳои ҳасанаву дӯстонаи халқҳоямон басо шоду мамнун буда, мекӯшем бо меҳнати софдилона ва садоқат ба Ватани маҳбубамон дар устувор гардонидани пояҳои дӯстӣ, истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллат 30солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем.

Убайдулло ОБИДОВ,

сардори қитъаи суғдии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»

Add comment


Security code
Refresh