Зафаробод. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода​ собиқадорони меҳнатро аёдат кард

14 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ду нафар собиқадорони меҳнатро аёдат карда, ба онҳо кӯмакҳои модии худро расонд.

Раиси вилоят нахуст ба манзили Гайнанова Алфия ташриф овард. Ин бонуи собиқадор соли 1973 Донишкадаи иррегатсионии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ хатм намуда, то соли 2012 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи обтаъминкунӣ дар идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия фаъолият бурдааст. Дар ҷараёни фаъолияташ якчанд кадрҳои лаёқатмандро тарбия намудааст, ки имрўз дар соҳаҳои гунонуни хоҷагии халқ фаъолият мебаранд. Меҳнатҳои Гайнанова Алфия бо чандин ифтихорномаву сипосномаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ қадрдонӣ карда шудааст.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин аз ҳоли Тағоев Абдуҳамид хабар гирифт. Тағоев Абдуҳамид 10 январи соли 1955 дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ, дар оилаи коргар таваллуд шуда, соли 1972 Институти омузгории ба номи С.М.Кировро (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд) бо ихтисоси филолог ва соли 1992 Институти радиотехникии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси элекрорадио-техник хатм намудааст. Аз соли 1993 то соли 2018 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи обтаъминкунӣ дар идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия фаъолият бурдааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh