ОИЛА – МАСКАНИ ТАВЛИДИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Дар макони офтобии мо бонувони меҳнатқарин, ҷасуру далер, гурдофаридҳову томирисҳо зиёданд. Онон дар лутф беҳамтову дар меҳнат обутобёфта, дар хона кадбонуи беназиру модари дилсӯз, бонуи ҳамакораву зани ҳалиму дилбар, бибии афсонагӯву роҳбари дилсӯз мебошад. Дар ҳаққи заноне, ки дар оилаи солим ба воя расидаву бо меҳнат обутоб ёфта ва ҳамеша пешсафу пешбарандаи ҷомеаанд, метавон соатҳо сухан гуфту сифатҳои неку шоистаашонро чун шаддаи марҷон рӯи варақ овард. Дарвоқеъ, зиндагиномаи эшон, таҷрибаи рӯзгордориву фаъолияти меҳнатиашон дар риштаи омӯзгорӣ, иқдоми неки онон дар зинаи роҳбарӣ оинаи дурахшонест барои ҷомеаи меҳнатқарину раъиятпарвар ва ҳар варақи рӯзгорашон боиси ибрату омӯзиш аст.

Дирӯз хабарам доданд, ки аз Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оилаи Абдуҳафиз Ҷабборов дар озмуни вилоятии «Оила» мақоми аввалро соҳиб гардидааст ва ростӣ, шод гардидам, зеро на танҳо бо ҳамин оила, балки бо авлоди онон дерест, ки ошноям. Насибам гардидааст, ки бо волидайни онҳо ҳамнишин гардаму аз суҳбати ҷонофарини эшон ба худ панди зиндагӣ бигирам. Ва ҳоло идомабахши ин авлоди бузург бонуи хирадпешаву ҳамакора Дилбар Бобоева ва табиби ҳозиқ Абдуҳафиз Ҷабборовро бо кору пайкори некашон на танҳо дар деҳа, балки берун аз вилоят ҳам ҳамагон мешиносанд.

 Баробари шунидани хабари хуш, ки ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии кишвар оилаи номбурда дар вилоят мақоми волотаринро сазовор гардидааст, тавассути телефон дар тамос шудам. Бонуи ҳалиму меҳрубон Дилбархон чун ҳамеша бо лаҳни ширину хоксории ба худаш зебанда «о, дар вилоят мисоли мо оилаҳои беҳтарин зиёданд…» гуфт. Чун дидам, аз боби зиндагиномаи хеш бо одоби шарқиёнааш хомӯширо афзал медонад, аз боби оилаву оиладорӣ, мушкилоту пастиву баландии ҳаёт, чун пешаи интихобнамудааш омӯзгорист, дар бобати хизмати устод ва толибилмон пурсон гардидам…

- Ҳар дафъае, ки ба дидорбинии шодравон модарам ба ҳавлии падарӣ қадам ранҷа менамудам, ҳангоми гусел аз боби ҳаёт, оилаву оиладорӣ, шавҳардориву хонадорӣ чанд ҳарфе бароям мегуфтанд. Гоҳе ба худ мегуфтам, «хайр, зиндагӣ чӣ мушкилие дорад?» Шояд аз чеҳраам модари дунёдидаам дарк мекарданд, ки боз дар охир ёдовар мешуданд: - Оҳ, духтарам - аа, такопӯи зиндагӣ зиёд аст, ин гуфтаҳоямро бар гӯшат ҳалқасон нигоҳ дор, ҳоло вақташ меояд, ки саҳифаҳои гузаштаро варақгардон менамоӣ… Дар ҳақиқат оилаи солим – маскани тавлиди ҳаёти солим будааст. Эътибори хоса додан ба мустаҳкамӣ ва пойдории оила, баҳри бунёди оилаи солим ҳамеша таҳаммулпазирӣ ва бо меҳру садоқат будан лозим будааст, - қайд кард ӯ ва муддате хомӯширо ихтиёр кард.

Солимии ҷомеа аз солимии оила вобаста буданашро зикр карда, изҳор дошт, ки алҳол соҳиби келину домоду набераҳои дӯстрӯякам ва шукри онро дорам, ки маҳз иқдоми неки Президенти мамлакат буд, ки қонун дар бораи масъулияти падару модар ба тасвиб расид ва он моро вазифадор месозад, ки нисбат ба тарбияи фарзандонамон, ки меваи умр ҳастанд, бепарво набошем. Гарчанде мактаб остонаи бардоштани илму адаб ва тарбияи хуб гирифтани насли наврас аст, вале ҳар як волидайн дар тарбияи фарзандон, хуб ба камол расидани онон, дар тинаташон бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ вазифадор мебошад. Нақши дурахшони онон дар ҷомеа маҳз дар тарбияи хуб, одоби шоиста доштан аён мегардад. Баҳри тарбияи хуби фарзандон гузаштагонамон асарҳои панду ахлоқӣ эҷод намудаанд, ки онҳо имрӯз ҳам роҳнамои ҳаёти моанд.

Дар тарбияи фарзанд, хосатан духтарон, мо, модаронро лозим аст, ки ба ҳунармандиву дӯзандагӣ, қолинбофиву кадбонугӣ ва аз бар намудани дигар ҳунарҳо эътибори махсус диҳем, ки инро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид кардаанд. Нисбат ба ҷавонписарон низ, ки давомдиҳандагони умри волидайнанд, дар тинати онон бедор намудани ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстиву раъиятпарварӣ ба манфиати оила ва ҷомеа мебошад. Дилбар Бобоева - мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа - чун равшангарони роҳи фардои ҷомеа, баррасии чанд қонунҳо ва аз ҷониби Президенти мамлакат эътибори хоса додан ба бонувон, дар симои онон на танҳо модар – офаранда, инчунин мураббии наслҳо, сиёсатмадор, роҳбари ташкилоту корхонаҳои абарқудратро низ дида тавонистан, андешаҳои хешро иброз дошт.

Тавре бонуи меҳнатқарин Дилбар Бобоева изҳор медорад, пас аз анҷоми фаъолияти меҳнатӣ ин оилаи барӯманду барои аҳли ҷомеа намуна дар сари дастархони бо меҳру муҳаббат оростаи хонадонашон ҳамроҳи фарзандони дилбанд Дилафрӯзу Абдуғаффору Алишер, арӯси хонадон Иззатой, наберагони дӯстрӯяк Гулафзо - донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Зарнигор - толибилми Мактаби ғайридавлатии хусусии «Сафина», гирандаи стипендияи Президентӣ, Марям ва Акобир хонандагони Мактаби ғайридавлатии хусусии «Дурахшандагон» ва Довуду Доро аз боби одаму одамгарӣ, дӯстдори Ватану миллати хеш будан, ҳурмати калонсолонро баҷо овардан ва дигар хислатҳои ҳамида ҳарфи дил мегӯянду аҳли нишаст аз рӯи гуфтаҳои онон амал менамоянд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

 «Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh