ДУХТАРОН БОЯД СОҲИБҲУНАР БОШАНД!

Ҷавонони даврони Истиқлолият бо донишу малака ва қобилияти зеҳнияшон нисбат ба ҷавонони солҳои пешин фаъоланду масъулиятпазир. Ихтирооти нав дар соҳаҳои мухталиф, дохил шудан ба донишгоҳҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ, роҳбар шудан дар корхонаву муассисаҳо далели гуфтаҳои болост. Хоҳ духтар бошад, хоҳ писар соҳиби ин ё он касбу ҳунар.

Яке аз чунин ҷавонон Нигора Фахриева мебошад. Ӯ духтари барно, зиндадил, хушчақчақу доно. Дили ҷомеаи факултаро ёфта, назари ҳамсабақону устодонро ба сӯи худ кашидааст. Касби дӯзандагиро ихтиёр кардааст. Нигора Фахриева донишҷӯи соли дуюми факултети санъати тасвирии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Муаллимонаш мегӯянд, ки аз рӯзи ба ин боргоҳи илму маърифат қадам ниҳоданаш устодонро ҳамеша бо сухандониву чолокӣ, ҳозирҷавобӣ ва маҳорати баланди касбомӯзиаш мутаҳайир мекард.

Ин духтараки донову ҳунарманд соли 2002 дар шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Падари хонадон сохтмончӣ ва модараш дӯзанда буда бо нони ҳалол фарзандонро ба камол расонида, онҳоро соҳибилм намуданд. Нигора дар байни хоҳарон касби модарро ихтиёр намуда, ба факултети санъати тасвирии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил мешавад. Дар чорабиниҳои сатҳи донишгоҳиву шаҳрӣ то вилоятӣ иштирок намуда, худро ҳамчун донишҷӯи фаъол ба дигар ҳамсолону ҳамсабақонаш нишон медиҳад. Қаҳрамони мо айни замон дар риштаи дизайн, яъне тарроҳӣ таҳсил карда истодааст.

Ӯ мехоҳад дар оянда ба мисли тарроҳони номии кишвар либосҳои дӯхтаашро дар дигар давлатҳо, намоиш диҳад. Ҳамчун тарроҳи ҷавон мехоҳад, ки дар либосҳои дӯхти аврупоӣ нақшу нигори миллиро ҷой намояд.

Нигора дақиқан ба мисли гуфтаҳои устодонаш донову ҳозирҷавоб ва духтараки чолок аст. Ҳангоми суҳбат озодона фикрҳояшро мегуфту баъзе хулосаҳояшро мустақилона таҳлил мекард. Аз будани чунин ҷавонони ҳунарманду доно ва зираку қавиирода дар ҷомеа кас хушҳолу болидаруҳ мегардад. Зеро ин тоифа ҷавонон ояндаи худ ва ҷомеаро дурахшон месозанд.

Суман ҲОМИДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh