ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Пешрафти ҳама соҳаҳои ҷамъият аз ҷавонони хушахлоқу соҳибмаърифат вобаста аст. Ҷавоне, ки дорои ҳисси ватандўстиаш бештар бошад, ҳамон қадар рў ба пешравӣ мениҳад. Яке аз чунин пайравон Содиқзода Акмал Исмоил сармутахассиси бахши бақайдгирии давлатии Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Раёсати адлияи вилояти Суғд мебошад. Ў шукргузор аз он аст, ки дар замони орому осуда, даврони ҷавониашро ба сар бурда, худро Пайравони Пешвои миллат меҳисобад.

Ў хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буда, ҷавони ботаҷрибаву кордон аст. Ҷоиз ба зикр аст, ки Содиқзода Акмал имрӯз дар Раёсати адлияи вилояти Суғд фаъолияти пурсамар дорад.

Содиқзода Акмал доимо шукронаи Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва амнияту оромии кишвар мекунад, ки Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри рушду нўмуи миллат ва хосатан барои ҷавонон ғамхориҳои зиёд доранд, ки ба комёбиҳои беназир ноил гардидааст. Ин ҷавони соҳибистеъдод пайваста дониши хешро сайқал дода, мехоҳад, вориси арзандаи кишвар бошад.

- Мо бояд соҳиби дониш, ақлу савод ва ҳушёру зирак бошем ва барои рушди давлати азизамон саҳми худро гузорем. Аз дастгирӣ ва суханони пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро ояндаи ҷомеаю давлат ном мебаранд, руҳбаланд ҳастам, зеро кион ба мо қувват ва нерўи тоза мебахшад. Ҳамеша мекўшам, баҳри пешрафти ҷомеа саҳми хешро гузорам. Ба ҳамсолонам гуфтаниам, ки бо як андешаи ботил ба каҷравию гумроҳӣ дода нашаванд, зеро он ҳаёти инсонро барбод хоҳад дод.

Гуфтан ҷоиз аст, ки бо дастгирии Сарвари давлат ҳамасола 23 – юми май Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон натиҷагирӣ аз кору пайкори ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан ва кӯмаку ҳамдастии гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи насли ҷавон аст. Ба ин маънӣ, кишвари азизи соҳибистиқлоли мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи мо, ҷавонон, умед бастааст. Мо бояд бо тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои Истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дошта бошем. Зеро ҳама пешравиҳо дар натиҷаи меҳнати пурсамари ҳамешагии Пешвои миллат бо такя ба ҷавонон ва дигар табақаҳои ҷомеа ба даст оварда шудааст, – иброз дошт Содиқзода Акмал.

Хушбахтона, имрӯз кам нестанд ҷавонони бонанги кишвар мисли Акмал, ки бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намудаанд, ки роҳи интихобкардаашон дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст аст. Солҳои охир ҷавонони кишварро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дида метавонем, ки он боиси ифтихормандӣ аст.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh