ҲАМСОЛУ ҲАМБАХТИ ВАҲДАТ

Ваҳдат дастоварди бузурги халқи тоҷик аст, зеро маҳз Ваҳдат тавонист ҳамдиливу дӯстӣ ва рафоқату бародариро байни инсонҳо пайвандад. Дар лаҳзаҳои ҳассоси ҷомеаи навин ҳама ташнаи сулҳу оромӣ буданд. Зеро ҷанги бародаркуш шодиву сурурро ба пуррагӣ аз байн бурда буд. Ниҳоят соли 1997 – ум орзуву омоли халқ амалӣ гардид. Бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари мо Ваҳдати комил ба даст омад.

Инак, мо тасмим гирифтем ба он нафароне, ки дар соли Ваҳдат тавлид ёфтаанд ва ҳам нафароне, ки дар соли Ваҳдат оила барпо кардаанд ҳамсуҳбат шавем. Онҳо нафаронеанд, ки ба синни 25 расидаанду дар ҷодаи умр мустақилона қадам ниҳода истодаанд. Ё ҷавонии худро дар рӯзҳои расидан ба Ваҳдат паси сар кардаанд.

Сулҳия Ҷумъаева, ҳунарманд. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд, иштирокчии озмуни “Чакомаи гесӯ”, мактаби миёнаро бо Номаи камоли аъло хатм кардааст. Шавҳараш дар оила фарзанди ягона буда, бо ҳамсараш ҳаёти хушу хуррамона дошт. Хушдоманаш кӯдаконро хеле дӯст медорад ва орзу дорад, ки набераҳои зиёде дошта бошад. Ҳоло худро бибии хушбахт меҳисобад, зеро соҳиби панҷ набера гардидааст. Сулҳия барои мизоҷон либосҳои шинами миллӣ омода мекунад. Орзу дорад, ки дар оянда сехи дӯзандагиро бунёд карда, шогирдони зиёди ҳунармандро омода намояд. Шиори ӯ дар зиндагӣ “Зани ҳунарманд ҳамеша муваффақу пешсаф!” аст.

- Аз он рӯзе, ки худро шинохтам, ҳар сол ҷашни Ваҳдат бо ман ҳамсол аст. Аз он ифтихор дорам. Фаъолияти кории ман низ ифодагари Ваҳдат аст, зеро вақте рӯи гуле як захм мегузорам, он ягон маъниро таҷассум намекунад ва вақте ҷамъи захмҳои сӯзанро ба ҳам меорам, он гулҳоро ифода мекунад. Онҳоро рӯи матоъ меорем он зебоиро ба худ касб мекунад, яъне Ваҳдат ин якдиливу сарҷамъист.

Олимҷон Шокиров, дар шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Гулистон ба ҳайси барқчӣ фаъолият дорад. Пас аз хатми мактаби миёна бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафта, дар бригадаи ҳамлаовари десантии қисми ҳарбии 06870 адои хизмат кардааст. Соли 2019 Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстонро бомуваффақият хатм кардааст. Баробари ин варзишгари бомаҳорат оид ба гӯштин буда, дар ин ҷода низ ба комёбиҳо ноил гардидааст.

- Шод аз он ҳастам, ки солҳои вазнини пеш аз расидан ба Ваҳдатро надидаам, зеро падару модар ва бобову бибиамон солҳои вазнини халқи тоҷикро ба хотир оварда, ашк аз чашмонашон ҷорӣ мегардад. Ҳатто шӯхиомез мегӯянд: “Тавлиди фарзанди хонадон ба кишвари тоҷикон Ваҳдат овард. Фарзанди мо бо пою қадами нек ба дунё омадааст”.

Шарафмоҳи Алихон, лейтенанти хадамоти гумрук дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ бо дипломи сурх хатм кардааст. “Хизмат ба халқ шараф аст!” ро шиори ҳамешагии худ намудааст.

- Ба ақидаи Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамарӯза меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравард гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад». Гумон дорам, ки он мева мо насли хушбахти ҷавон ҳастем ва хушбахтии худро дар он мебинем, ки дар фазои орому осуда, сулҳу ваҳдат ва шароити хуби зиндагӣ умр ба сар бурда истодаем. Пас бо боварии комил метавон гуфт, ки дар оянда низ ба қадри неъмати бебаҳо хоҳем расиду онро ҷовидона поянда дорем.

Фирӯз Каримов – дандонпизишк. Донишгоҳи давлатии тиббии Красноярски Федератсияи Россияро хатм карда, алҳол дар Маркази саломатии ба номи Р.Темурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият карда истодааст. Ӯ нақша дорад, ки солҳои наздик маркази дандонпизишкии хусусии сатҳи байналмилалиро таъсис диҳад.

- Ҳамсоли Ваҳдати миллӣ ҳастаму касби худро низ ба он шабеҳ медорам, зеро агар дандонҳо пурра бошанд, он вақт кори тамоми узви инсон ҳам хуб мешавад. Ваҳдат низ ифодагари сарҷамъии тамоми мардуми кишвар аст, ки мо дар фазои он зиндагӣ дорем.

Ҳамсарон аз шаҳри Конибодом Фарида Мардонова ва Охунҷон Мардонов. Соли 1997 хонадор гардида, тӯли 25 сол соҳиби 4 фарзанду се набера гардидаанд. Фарзандон соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Ин оилаи тифоқу солим ризқу рӯзии худро тариқи омода кардани консерва аз меваву сабзавот пеш бурда истодаанд.

Ҳоло маҳсулоти консервагии онҳо дар бозор харидорони зиёде дорад. Дар соле, ки халқи сарбаланди тоҷик бо ашки шодӣ Ваҳдати миллиро ҷашн мегирифтанд, мо низ оила барпо кардем. Ростӣ, пеш аз расидан ба Ваҳдати миллӣ падару модар барои моро оиладор кардан фикр ҳам намекарданд, зеро дар кишвар орому осудагӣ ва сулҳу субот аз байн рафта буд. Ҳамагон ташнаи хандаву шодӣ ва рақсу сурур буданд. Дар соли Ваҳдати миллӣ оиладор шудани мо низ фоли нек аст, зеро нафароне, ки дар рӯзи базми хонадоршавиамон ширкат доштанд, аз шодӣ мегиристанду месароиданду меболиданд. Имрӯз чаҳор нафар фарзандони солиму солеҳи ман самараи Ваҳдат аст ва ҳамранги он ҳастанд.

Ҳамсарон аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Гулҷаҳон Вазирова ва Сангин Ниёзов. Тӯли 25 соли ҳамзистӣ соҳиби панҷ фарзанд гардидаанд. Фарзандон Олимҷон, Одилҷон, Гулрӯ, Сафиямоҳ ва Гулафрӯз соҳиби маълумоти олӣ буда, алҳол дар хизмати халқу меҳани худ ҳастанд. Падари хонадон Сангин Ниёзов ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият карда истодааст. Мо дар он соле, ки умеди зиндагӣ дар кишвар пайдо шуд, рақсу суруд ба дилҳо роҳ ёфт, оиладор шудем. Дар муқоиса бо оилаи худ мегӯям, ки Ваҳдат ин ҳамдигарфаҳмист, аз як гиребон сар баровардан аст. Ҳар соли ҷашни иди Ваҳдати миллӣ соли зиндагии якҷоя самараи онро барои мо инъикосгар аст. Ҳар яке бо шукргузорӣ аз Ваҳдати миллии кишвар ҳарф мезад, зеро самараи Ваҳдат бузургу нотакрору беназир аст.

Имрӯз ҳар нафар зери ин мафҳуми зебо умр ба сар бурда, меваашро чашида истодаст. Яке аз ҳамсоли Ваҳдат буданаш меболаду мардонавор қадам ба сӯи дурахшон мениҳад. Дигаре ҳамбахти Ваҳдат асту мекӯшад рӯзҳои сангини паси сар кардаашро фарзандону наберагонашон набинанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh