КОРВОНИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ ДАР ВИЛОЯТ

Дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” – и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди истеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он, аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии муштараки фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо таҳти унвони “Корвони зиддимухаддиротӣ - 2022” баргузор гардид.

Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф, тандурустӣ, варзиш, ҷавонони фаъол ширкат варзиданд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода чорабиниро ифтитоҳ карда, қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ дарёфт намудани роҳу усулҳои муосири пешгирии нашъамандӣ дар ҷомеа, тақвият додани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд ва амсоли инҳо мебошад. Қайд гардид, ки чорабинии мазкур ҷиҳати пешгирии хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор мусоидат намуда, таваҷҷуҳи ҷомеа, бахусус насли ҷавонро ба масъалаҳои тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ бештар тақвият мебахшад.

Ҳамчунин, муовини сардори шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Қурбонализода зимни баромади худ қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории террорзми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурӯши силоҳ робитаи ногусастанӣ дорад.

Аз ин лиҳоз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд. Ҳамчунин, мавсуф қайд кард, ки айни замон шахсоне пойбанди ин зуҳуроти номатлуб мегарданд, ки руҳан иродаи заиф дошта, дониши кофӣ ва тафаккури амиқу дақиқ надоранд. Чунин шахсон дар зиндагӣ гумроҳ шуда, мақсаду ниятҳои пароканда ва парешон доранд. Ҳамагон зидди ин падидаи марговар мубориза бурда, баҳри решакан намудани он тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд.

Дар доираи чорабинӣ даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯи миз байни муассисаҳои варзишии вилоят ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд. Аз ҷумла, дар байни дастаҳои писарон ҷойи аввалро Мактаби варзишии шаҳри Хуҷанд, ҷойи дуввумро Мактаби варзишии вилояти Суғд ва ҷойи сеюмро мактаби варзишии ноҳияи Спитамен соҳиб гардиданд. Аз дастаҳои духтарона бошад, ҷойи аввалро Мактаби варзишии вилояти Суғд, ҷойи дуюмро Мактаби варзишии ноҳияи Спитамен ва ҷойи сеюмро Мактаби варзишии шаҳри Гулистон ишғол намуда, ғолибони мусобиқа соҳиби мукофот ва туҳфаҳои хотиравӣ шуданд.

 Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh