ҲУНАРМАНД ҲАР ҶО БУВАД САРФАРОЗ

Давраҳои пешинро дар хотир дорам, ки ҳар як духтари хона дӯхтани рӯймолча, гирди онро оро додан, сачоқро гулпартоӣ намудан ва ба ин монанд ҳунарҳоро мебоист аз бар намояд ва ҳамин маҳсули меҳнати дастии ӯ туҳфае мегардид ба аҳли хонаводаи шавҳаршавандааш. Мутаассифона бо мурури замон он ҳама аз хотирҳо фаромӯш гардиданду ҷойи онро туҳфаҳои гаронбаҳо ишғол намуданд.

Дамидани файзи истиқлол ба кишвари ҳамешабаҳори мо ва дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки анъанаҳои қадим боз аз нав эҳё гардиданд ва ҳоло қариб ҳар як хонавода аз чунин ҳунарҳо бархурдоранд ва маҳсули меҳнати ҳунармандон ҷаҳонро тасхир кард. Мунтазам эълон гардидани грантҳои Президентӣ, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасмандии соҳибҳунаронро нисбат ба касби пешакардаашон боз ҳам бештар намудааст.

Имрӯз бонувони чирадасти диёри мо дар ҳар гӯшаву канор фаъолияти босамар доранду ҳам рӯзгори хешро беҳтар ва дигаронро низ аз касби аҷдодӣ огоҳ месозанд. Чанде пеш маро насиб гардид аз кошонаи касбу ҳунари деҳоти сераҳолитарини Хистеварз – Маркази ҳунарҳои мардумӣ дидан намоям. Баробари ба коргоҳ ворид гардидан худро дар макони меҳнатпешагон тасаввур намудам. Ба чунин ҳунармандони чирадаст офаринашон хондам, зеро наздик шаст нафар духтаракону бонувон дар паси дастгоҳҳои дарздӯзӣ машғули меҳнат буданд ва ду нафар гоҳе меҳнати ононро назора мебурду аз камбудиашон ҳарф мезад, яке бо нигоҳи узромез остини дӯхтаашро пора мекарду дигаре либоси дӯхтаро аз нав дарзмол менамуд.

Аз рафтори он ду нафар дарк кардам, ки онон ба сифати устодони касби хеш аз нозукиҳои ин ҳунари аҷдодӣ шогирдонро воқиф месохтанд. Нафари сеюмӣ либоси низомиро ба қолаб пӯшонда истода, ҷониби устодон назар дӯхта, бо даст чизеро ишора намуда мепурсид... Рафтори ҳар якеро назора бурдаму ба дил гуфтам: “Кор дар ин ошён ҷӯш зада истодааст...”

Баробари маро дидан он ду нафар ҷонибам омаданд. Ҳамсуҳбатонам Зебо Муҳаммадҷонова ва Парвина Ҳобилова ном доштаанду аз оғози кор то инҷониб дар ҳамин коргоҳ машғули меҳнат будаанду ба қавле, дасти ҳазорҳо нафарро рост намудаанд.

- Ин коргоҳ бароям азиз аст, мегӯяд Зебо Муҳаммадҷонова, зеро моҳи октябри соли гузашта бо иқдоми Пешвои раиятпарвар коргоҳ ба фаъолият пардохт ва Сарвари давлат ҳамаамонро дуои нек намуданду барои равнақи меҳнат фотеҳа доданд. Аз ин рӯ, ин маскан барои ҳар яке аз мо муқаддас аст. Ҳамчунин дар Маркази ҳунарҳои мардумӣ сехи атласу адрас, дӯхтани кӯрпаву кӯрпачаву болинҳо, куртаву сумкачаҳои занона, сӯзаниву қуроқ, умуман аксари ҷиҳози хонаи арӯс дар ҳамин ҷо омода мегардидааст ва мизоҷони зиёде аз гирду атрофи ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров ташриф меовардаанд. Вақте вориди сехи дӯзандагӣ гардидам, беш аз чил нафар дӯзандагон машғули дӯхтани либоси мактабӣ буданд. Ба ҷуз ин дар кошона дӯхтани либосҳои низомӣ ва варзиширо низ бо сифати хуб ба анҷом мерасонидаанд, ки намунаи онро дар пештоқи коргоҳ дидан мумкин буд.

- Моҳи октябри соли гузашта ба фаъолият оғоз намуда бошем ҳам, аммо барои дӯхтани либосҳои низомӣ талабгор хеле зиёд аст. Аз қисмҳои ҳарбӣ, прокуратура, судҳо ва милитсия дархост менамоянд, мегӯяд технолог Парвина.

- Маро насиб набудааст, ки таҳсили хешро дар макотиби олӣ идома диҳам. Бо маслиҳати аҳли хонавода ба ин коргоҳ омадам. Давоми се моҳ ба сифати шогирд фаъолият бурдам. Ростӣ, хеле мушкил будааст ва ё устодам сахтгиранд, ки дар аввал ҳатто тугмаи дӯхтаамро маъқулдорам накарданд. Борҳо тугмаву хатти рости дӯхтаамро низ кандаам. Шояд таҷрибаи нахустинам дар назди модарам бошад, зеро он кас ҳам дӯзандаанд, пас аз ду моҳи шогирдӣ маро ба кор қабул карданд ва ҳоло аз пешаи интихобкардаам шодам. Албатта, вақте дар бари духтаракони барно куртаҳои зебову дар бари мардони либоси низомипӯш маҳсули меҳнататро мебинӣ, масрур мегардӣ, гуфт чевари моҳир Шаҳноза сар аз кор набардошта.

Воқеан, дар сехи истеҳсоли матои атласу адрас бори нахуст беш аз даҳ дастгоҳи бофандагӣ гузошта буданд ва бофандагон аз Ҷамоати деҳоти Ёва ва шаҳри Хуҷанд меомаданд. Ба сабаби дурии роҳ дар вақти муайян ба кор ҳозир шуда наметавонистанд. Аз ин рӯ, роҳбари коргоҳ Мадина Каримова назди худ мақсад гузошт, ки бонувони хонанишини ҳамин деҳаро касби бофандагӣ меомӯзонад ва чунин ҳам кард.

Алҳол панҷ нафар бофандагон паси дастгоҳи корӣ нишастаанду инчунин чанд нафар духтаракон ва хатмкардагонро аз асрори бофандагӣ воқиф намуда истодаанд. Шогирдонро метавонам бигӯям, ки “Турфа шогирде ба ҳайрат оварад устодро” гардидаанд, зеро рӯзи ба коргоҳ омаданам мутахассисон ба сабаби беморӣ наомадаанду дастпарварон Сабрина Турсунова, Нигина Мӯъминова ва Умеда Ҳусейнова аз пайи меҳнат буданд. Устодони касби худ Умеда Аҳмадова, Дилафрӯз Мирзоева, Шаҳноза Бобоҷонова, Мастура Шодиева, Парвина Ҳобилова ва чанде дигарон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсули омоданамудаашон ҳамеша босифат ва табъи дили мизоҷон бошад. Аз ин рӯ, ба дастпарварони хеш Мадина, Фирӯза ва Муқаддас аз нозукиҳои касби пешакардаашон дастур дода истодаанд.

Ҳангоме бо Зебо суҳбат доштам, ҳамсуҳбатам дар бораи дастгирии оилаҳои ниёзманд нисбат ба дӯхтани либоси мактабӣ, дар арафаи Рӯзи милитсия омода сохтани 80 дона либоси низомӣ гуфт ва инчунин ба қисми ҳарбӣ низ ройгон либос омода кардаанд. Ҳангоми суҳбати мо бо дӯзандагони чирадаст чанд нафар барои либосҳои мактабӣ дархост намуданд. Ҳамчунин баҳри харидории матоъҳои атласу адрас ва кӯрпачаҳои зебо дӯхташуда чанд нафар муроҷиат карданд. Се нафар занони миёнсол бошанд, хоҳиш намуданд, ки фарзандонашонро, ки имсол хатмкунандагони муассисаи таълимианд, ба кор кабул намоянд.

- Ман чунин меҳисобам, ки агар меҳнат кунӣ, албатта роҳи зиндагии хешро меёбӣ, гуфт дар анҷоми суҳбат технологи коргоҳ Парвина Ҳобилова, зеро рӯзҳои нахустини фаъолияти меҳнатӣ шароити корӣ табъи дил набуд, ҳоло бошад, ошхона бо 40 ҷойи нишаст ва мағоза барои фурӯши маҳсулот бунёд шуда истодааст ва итминони комил дорам, ки минбаъд коргоҳ боз ҳам рушд хоҳад кард, зеро ҳадафи Пешвои муаззами миллат низ чунин саноатикунонии босуръати кишвар, зиёд намудани навъ ва ҳаҷми маҳсулот аст.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh