Ифтитоҳи Маркази ташхисиву табобатии «Мадади Қаҳҳориён»

5 июл дар шаҳри Панҷакент Маркази ташхисиву табобатии «Мадади Қаҳҳориён» мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими баистифодадиҳии иншооти тиббӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзида, аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва рушди соҳаи тандурустӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ тибби хусусӣ низ рушд карда, сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба маротиб беҳтар шудааст.

Маркази ташхисиву табобатии «Мадади Қаҳҳориён»  дар деҳаи Сӯҷинаи деҳоти Сӯҷина ҷойгир буда, барои табобати бемориҳои неврологӣ пешбинӣ шудааст ва дорои 15 кат мебошад.

Бинои марказ аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум шуъбаи қабули беморон ва ташхисгоҳ (лаборотория) ҷой гирифта, дар ошёнаи дуюм барои ҷойи хоби беморон шароит муҳайё карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh