ПАРДОХТИ НАФАҚА ТАРИҚИ КОРТ

Нишасти матбуотии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо рӯзноманигрони васоити ахбори омма сурат гирифт. Қайд гардид, ки ба ҳолати 1‐уми июли соли 2022 дар вилоят шумораи нафақагирон бо назардошти нафақагирони мақомоти прокуратура 238169 нафар буда, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 2586 нафар ё худ 1,1 фисад афзоиш ёфтааст. Андозаи миёнаи нафақа дар вилоят 303,20 сомонӣ буда, ҳаҷми маблағи талабот барои пардохти нафақа ва дигар кӯмакпулиҳо бе назардошти хароҷот аз ҳисоби буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ташкилоту муассисаҳо 448,3 миллион сомонӣ мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки баҳри таъмини маблағгузории саривақтии нафақа ва дигар кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ давоми нимсолаи якуми соли 2022 аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои субвенсонӣ ҷудо нагардида, дар маҷмуъ ҳамагӣ 34,2 миллион сомонӣ аз ҳисоби андози иҷтимоии соҳибкорони инфиродӣ ба вилоят равона карда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоии инфиродӣ ба андозаи 33,2 миллион сомонӣ муқаррар гардида, ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҳаҷми 31,6 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Ба ҳолати 1‐уми июли соли 2022 аз теъдоди умумии 238169 нафар нафақагироне, ки ба онҳо дар асоси меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақа таъин гардидааст, аз ҷумла 112637 нафар нафақаҳои меҳнатӣ, 14235 нафар нафақаҳои иҷтимоӣ, инчунин 111297 нафар нафақагироне, ки ба онҳо дар асоси меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафақа таъин гардидааст, ки 73592 нафар нафақагирандагони суғуртавӣ ва 37705 нафар нафақагирандагони давлатӣ ба шумор мераванд. Ҷиҳати таъмини раванди низоми пардохти нафақа тавассути корти пардохтии бонкӣ ва ворид намудани технологияҳои иттилоотии муосир ва боз ҳам шаффофтар гардидани фаъолият дар самти ҷараёни пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳои ба он баробар Раёсати Агентӣ то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд, пардохти нафақаи тамоми шаҳру ноҳияҳо ба низоми пардохти нафақа тариқи корти пардохтии бонкӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ мутобиқ ба тартиб масъалаи бозпасгардонии маблағҳои ба гирандагони нафақа пардохтнагардида мавриди таҳлил қарор дода шуда, пас аз баргузории таҳлилҳо ва таҳияи санадҳои дахлдори муқоисавӣ ба суратҳисоби Раёсати Агентӣ аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар вилояти Суғд маблағи нафақаи ба нафақагирон пардохтнагардида, ба андозаи 8909,3 ҳазор сомонӣ бинобар қатъ гардидани муҳлати пардохти нафақа, фавти нафақагирон ва ғайраҳо бозпас гардонида шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 622,3 ҳазор сомонӣ ё худ 7,5 фисад мебошад.

Шоира САЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh