Шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои даргириҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
- Details
- Published on Tuesday, 27 September 2022 09:53
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо рафти бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ шинос гардид.
Дар натиҷаи даргириҳои марзии рӯзҳои 14-17 сентябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16 манзили истиқоматии шаҳрвандон хароб шуда, якчанд манзили дигар осеб дидааст. Айни замон корҳои барқарорсозӣ дар хонаҳои вайроншуда идома дошта, барои анҷоми сохтмони манзилҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат семент, шифер, арматура, хишт, тахта ва дигар масолеҳи сохтмонӣ дастрас гардидааст.
Тибқи супориши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то моҳи ноябр хонаҳои истиқоматии сокинон аз нав бунёд шуда, бо ҷиҳози зарурии рӯзғор таъмин карда хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамзамон бо иштироки Раиси вилоят ҷаласаи ситоди вилоятӣ баргузор гардида, роҳбари вилоят барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани корҳои бартарафсозии оқибатҳои даргириҳо, ҷалби ҳашарчиён, таъмини сокинони зарардида бо маводи ғизоӣ ва дар муҳлати муайяншуда, яъне то моҳи ноябр ба охир расонидани сохтмони манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд