Дар Исфара барои ҳашарчиён дастархон ороста шуд
- Details
- Published on Friday, 07 October 2022 11:38
Дирӯз бо иқдоми бевоситаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ҳашарчиёне, ки дар барқарорсозии манзилҳои истиқоматии сокинони маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ бедареғ заҳмат мекашанд, дастархони пур аз нозу неъмат ороста шуда, хӯроки гарм омода карда шуд. Дар ин радиф дар ин кори хайр мақомоти иҷроияи ҳоокимияти давлатии шаҳр ва беморхонаи марказии шаҳр низ саҳмгузорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар деҳоти Воруху Чоркуҳ, Сурху Зумрад, Кӯлканду Чилгазӣ ва Лаккон корҳои бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла бунёду барқарорсозии манзилҳои харобшуда бомаром ҷараён доранд.
Бояд тазаккур дод, ки барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон таҳти таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тибқи супориши Сарвари давлат аз пойтахти мамлакат барои зарардидагон маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд