Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Зафаробод

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ду нафар собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли Раҳмат Аҳмадов ва Ҷонибек Холматов хабар гирифта, бо пирони кор сӯҳбати самимӣ анҷом дод. Зимни суҳбат аёдатшудагон аз фаъолияти кории худ дар соҳаи кишоварзӣ ёдовар шуда, барои дастгириҳои доимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

Раиси вилоят ба собиқадорони меҳнат тани сиҳату хотирҷамъӣ ва хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh