САҲФАИ НАВИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

«Иҷлосияи тақдирсоз». Таҳти чунин унвон дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмӣ ‐амалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати фарҳанг, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону олимон ва донишҷӯёни макотиби олӣ ва кормандони муассиса иштирок намуданд.

Сараввал, омири кулли осорхона Иброҳим Иброҳимов конфронсро оғоз намуда, аз таърихи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30‐солагии он ҳарф зад. Мавсуф қайд намуд, ки Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.

Сипас Фароғат Усмонова ‐ мутахассиси пешбари маркази илмӣ‐методии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд. Номбурда аз созишномаи сулҳ, волоияти қонун, роҳи бунёдкориву субот ва баргадонидани гурезаҳо ба ватан ҳарф зад. Аз шуҷоату матонати Сарвари давлат, ки миллатро аз парокандагӣ наҷот доданд, сухан кард.

Иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ Бойпочо Фатҳиддинов ҳамчун иштирокчии ин воқеаи таърихӣ суханронӣ намуд. Номбурда аз нигоҳи сиёсӣ низ рафти Иҷлосияро таҳлил намуда, аз ҳодисоти он солҳо ёдрас гардид. Ӯ аз пойдории сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар ҳарф зад.

Абдуҳаким Шарифов номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуд. Ҳамчунин, Шарифа Сайфиева мудири шӯъбаи оммавӣ‐фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи осорхона бо ҳамин мазмун суханронӣ намуда аз 30‐юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди муқаддастарини халқи тоҷик аст ибрози назар намуд.

Бо ироаи маърӯзаҳои илмӣ конфронс ҳусни анҷом пазируфт. Дар фарҷом иштирокдорон бо даъвати кормандони муассиса ганҷинаҳои таърихии осорхонаи вилоятиро тамошо карданд.

Суман ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh