Ба 260 нафар рўбандаю покизакорони шаҳри Хуҷанд тӯҳфаҳо тақдим карда шуд
- Details
- Published on Monday, 06 March 2023 08:38
Субҳи имрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи модар ба зиёда аз 260 нафар рўбандаю покизакорони шаҳри Хуҷанд ширинию тӯҳфаҳо супорида шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорони Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид дошт, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадр карда мешавад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ҳар гоҳ, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати кормандони ободонӣ баҳои баланд медиҳанд.
Зикр гардид, ки мо бо занону модарони худ ҳамеша ифтихор мекунем. Зеро модари тоҷик дар тўли садсолаҳои зиёд фарзандони фарзонаеро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтаанд. Орзўи имрўзаи мо аз занону модарони арҷмандамон ин аст, ки онҳо рисолати ҳамешагии хеш - тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд Парчами кишварамонро ба сўи уфуқҳои ояндаи дурахшон парафшон баранд.
Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ў қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории ў расем.
Рўбандаю покизакорон барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат арзи сиос намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд