РОҲҲОИ ВАҲДАТИ МО ҲАМЕША ОБОД БОШАД

Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард  сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.     

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан дар кишвари соҳибистиқлол, алҳол басо корҳои ободониву созандагӣ ҷараён дошта, аз ҷумла ҷиҳати беҳтар гардониву таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди манотиқи мухталиф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Самараи талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки инфрасохтори нақлиёт сол аз сол беҳтар гардида, ҳамасола садҳо километр роҳҳо ва даҳҳо пулҳои замонавӣ бунёд гардида истодаанд.

Дар ин хусус дар Паёми имсолаи хеш низ Сарвари давлат баён доштанд, ки: «Бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд.

Корҳои дар соҳа анҷом додашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар баёни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад…»

- Дар ин самт бо дастгирии роҳбарияти вилоят бо истифода аз имконияту ташаббусҳои созандаи соҳибкорону шахсони саховатманди шаҳру навоҳи як қатор корҳои бунёдиву азнавсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардонида шуд. Имсол низ тибқи нақша мебоист беш аз 2000 километр роҳи гуногун дар вилоят таъмиру тармим гардад, ки то ба имрӯз қариб 1 ҳазору 500 километр роҳҳои шаҳру навоҳии вилоят таъмиру тармим гашт, ки ин наздик 75 фоизи нақшаро ташкил менамояд, -гуфт мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олимҷон Очилзода.

Дар ин раванд баҳри вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори манотиқи гуногун ва таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи деҳоти кишвар ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузаронидани озмунҳои шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи беҳтарин ба роҳ монда шуда, дар ин самт корҳои назаррас ба иҷро расид.

Бино ба гуфти масъулин бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи иҷрои Барномаи вилоятии «Соли роҳҳои обод» доираи он ҳолати техникии наздик 7 ҳазор километр роҳи автомобилгарди вилоят беҳтар гардонида шудааст.

Масъулини соҳа изҳор медоранд, ки ҳамаи саъю кӯшиш ва истифода аз имкониятҳои моддию зеҳнӣ роҳҳои автомобилгардро тамоми сол дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ дошта, фаъолияти мунтазами воситаҳои нақлиётро таъмин менамоянд.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стретегии давлат маҳсуб ёфта, ба шарофати ваҳдату ҳамдилии сокинони кишвар ва кӯшишу заҳматҳои Асосгузори судҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ноил шудааст.

- Мо роҳсозони вилоят бо дарки он, ки роҳи обод аз омили муҳими баланд бардоштани иқтисодиёт ва дар ин замина беҳдошти рӯзгори мардуму таҳкими ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмист қарор додаем. Аз ин хотир минбаъд низ фаъолияти худро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда, мекӯшем, то ки роҳҳои ваҳдати дилу вуҷуди мо ҳамеша ободу сарсабз бошад,- иброз дошт Олимҷон Очилзода.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh