САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ

Дар самти шимоли вилоят шаҳре ҷойгир шудаву бо ҳусну зебоии хеш макони афсонавиеро мемонад. Вақте роҳ сӯи шаҳр пеш мегириву вориди он мегардӣ, ба як маконе мерасӣ, ки атрофро хонаҳои сангини асрҳои пеш сохташуда иҳота кардаанд. Агар ба таърихи ин минтақа назар намоӣ, саҳифаҳои ибратбахше дорад, ҳар пора хокаш далели кӯҳаншаҳр будани ин гӯшаи Тоҷикистони азизро исбот месозад.

Маконест зебову дилрабо, дорои хонаҳои таърихиву ғайриоддӣ. Аз тамошои ин гуна маконҳои дилпазир бинанда бо худ хотироти ширине мебарад ва ҳам лаззати маънавӣ мегирад. Ҳар як меҳмону сайёҳе, ки вориди ин шаҳри афсонавӣ мешавад, хоҳу нохоҳ пеши назараш филмҳои таърихии тамошокарда чун наворе аз рӯзгори гузашта ҷилвагар мешаванд.

Тамошои шаҳр бо хонаҳое, ки замоне халқҳои гуногун бино кардаанд, ба инсон ҳаловати дигар мебахшад. Хусусияти биноҳои зикршуда дар он аст, ки вақти ба итмом расонидан бинокорон ба ҳар яки онҳо соли анҷоми сохтмонро дар болои боми ҳар яки он дар парчам мехкӯб кардаанд, ки то имрӯз фарсуда нашуда, шаҳрро бо хусусиятҳои хоси худ зебоӣ мебахшанд...

...Баъди соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон–Тоҷикистон маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 26‐уми июни соли 1993 фармони Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба шаҳри тобеи вилоятӣ табдил додани посёлкаи типишаҳрии Табошар” ба имзо расид. Ин рӯйдоди бузурги таърихиест, ки аввалин шаҳри ташкилшуда дар даврони Истиқлолияти кишвар Истиқлол ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба шаҳр соли 2011 барои ивази номи шаҳри Табошар ба номи Истиқлол пешниҳод карда шуд. Кулли сокинони сарбаланди шаҳрак ин пешниҳоди шоистаи Сарвари давлатамонро ба хушнудӣ қабул намуданд.

Моҳи марти соли 2012 дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳр номи Истиқлол дода шуд. Дар таърихи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳр саҳифаи наве баъди ба даст омадани соҳибистиқлолии кишвар боз гардида, воқеаҳои аҷиб ва пурифтихор барои сокинон рух доданд.

Аслан шаҳри Табошар ҳамчун шаҳрак соли 1938 дар ҳайати Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) ташкил ёфта, ин мавзеъ дар каторкӯҳи Қурама, қисми силсилакӯҳи Тяншон, аз тарафи шимоли маркази вилоят дар масофаи 34 километр аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Дар нақша бошад, шаҳр ба масофаи умумии 7 километр дар шимолӣ‐шарқӣ ба ҷанубӣ-ғарбӣ тӯл кашида, майдони умумии шаҳр 3314,17 гектарро ташкил медиҳад. Сарҳадҳои шартии шаҳр аз самти зерини маҳаллӣ ва чуғрофӣ мегузаранд, яъне аз нишебии соҳили наҳрчаи Тушқуруқ. Аз ҷумла, маҳаллаи Тақмоқ (Меҳнатобод), ки дар масофаи 4 километр ҷойгир шудааст, то сарҳади шимолии обанбори Тақмоқ, ҳамчунин сарҳади шимолӣ аз нишебии қаторкӯҳи Қурама, аз ҷумла маҳаллаҳои Қурама ва Истиқлолият, ки бевосита аз шаҳр дар масофаи 3 километр дуртар ҷойгир шудаанд, мегузарад. Аз самти шарқ дар сатҳи баландии баҳр бо кӯчаҳои Деваштич, Темурмалик ва Восеъ, ки бевосита аз шаҳр дар масофаи аз 8 то 10 километр ва Табошари кӯҳна, ки аз шаҳр дар масофаи 5 километр ҷойгир шудааст. Аз нишебии қаторкӯҳ бо соҳили дарёчаи Ӯткансой, сипас ба самти ҷанубӣ‐ғарбӣ мегардад ва бошишгоҳи нақлиётии КВД «Нури Ховар», шуъбаҳои тиббию санитарии беморхонаи Истиқлол то шоҳроҳи Истиқлол–Хуҷандро дарбар мегирад. Самти ҷанубии шаҳр аз шоҳроҳи номбурда то нишебии сой сӯи сарҳади шимолии заводи нонбарорӣ ва сарҳади ҷанубии маҳаллаи Тақмоқро дарбар мегирад. Ҳудуди шаҳр аз ҳама тараф бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамсарҳад мебошад.

Қаторкӯҳи Қурама аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст. Шаҳр ҳанӯз солҳои 30‐юми қарни гузашта аз тарафи геологҳои шинохтаи рус, ба монанди Б.Наследов, А.Королёв ва Ф.Волфсон омӯхта шуда, зиёда аз 300 намуди сарват и зеризаминӣ дар ин ҷо кашф гардидаанд, ки коркарди ин маъданҳо, ба монанди уран, торий, радий, тилло, висмут ва дигар намуди элементҳои кимиёвӣ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ ба роҳ монда шуда буданд.

Бино ба маълумоти бостоншиносон ва геологҳо, пештар дар ин мавзеъ 1500 кон мавҷуд буда, то 2 ҳазор тонна нуқра истеҳсол мешуд. Ҳамчунин, маълумоти асоснок дар бораи ташкилёбии маҳалҳои иқоматӣ ба садаи панҷуми то мелод тааллуқ доранд. Ин заминҳо дар таърихи қадимаи Осиёи Миёна ҳамчун вилояти мустақили сиёсии Илак машҳуранд.

Шаҳри Истиқлол дар даврони гузашта яке аз марказҳои пуриқтидори истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноати мудофиа ба шумор мерафт ва саҳми заҳматкашони ин диёр дар таҳкими иқтидори ҳарбӣ назаррас буд. Тибқи сарчашмаҳо, ашёи хом барои нахустин электростансияи атомӣ дар ҳамин ҷо ба даст омадааст.

Тадқиқоти дар солҳои 70‐уми асри гузашта гузаронидаи археологӣ нишон доданд, ки дар қисми кӯҳистони ҷанубии Илак–қаторкӯҳи Қурама, дар атрофи шаҳри муосир ҳунармандони зиёди кӯҳистонӣ ҷойгир шудаанд. Дар ин мавзеъ қабилаҳои туркӣмуғулӣ, ки минбаъд барои ташкили гурӯҳи алоҳидаи этникии ӯзбекҳо–қурама асос гардидаанд, зиндагӣ мекарданд ва онҳо ба ин мавзеъ ном додаанд.

Ин ҷо каме аз таърихи чӣ гуна ном гирифтани шаҳр истода мегузарем. Номи Табошар аз калимаи Товошар аст ва аз таркибҳои туркӣӯзбекии “Тов”, шакли вайроншудаи «тоғ»–кӯҳ ва «ошар»–гузаштан иборат буда, маънои «гузаргоҳи кӯҳӣ»‐ро дорад. Байни мардум оид ба топонимаи Табошар ривояти дигаре низ ҳаст. Аз сабаби он, ки шаҳр дар баландии 1100 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ҳангоми ба шаҳр омадан фишори хуни кас баланд мегардад. Шарҳ медиҳанд, ки гӯё Табошар аз таркибҳои «Тов» (лаҳҷа–таб) ва «ошар» (баланд шудан) сохта шуда, маънои баланд гардидани таб–фишори хунро дорад.

Аз саҳифаҳои таърихии шаҳр бармеояд, ки рушди он баъди солҳои 30‐юми асри гузашта оғоз гардида, ба ин мавзеъ садҳо нафар мутахассиси соҳаи геология, шахтёрон, муҳандису технологҳо ва кимиёшиносон омада, ба истеҳсоли ашёи хоми саноатӣ дар комбинати кӯҳию химиявӣ ва дигар иншооти саноатӣ оғоз намуданд.

Бо мурури солҳо оҳиста‐оҳиста аз сабаби зиёдшавии корҳои кофтуковӣ ва оғози баистифодадиҳии як қатор чоҳҳои маъдан аҳамият ба Табошар бештар гардид. Аз ҳисоби берун кардани тоторҳои қримӣ, немисҳои поволжегӣ ва асирафтодагони пурқуввати ҳарбӣ шумораи аҳолии он низ зиёд шуд. Яъне, дар нимаи дуюми солҳои 30‐юм кашфиёти ҷойгиршавии уран, тилло, нуқра ва дигар канданиҳои фоиданок, ки коркарди онҳо то нимаи аввали солҳои 90‐ум асри гузашта амалӣ карда шудаанд, сабаби ташкилёбии шаҳрак гардиданд.

То соли 1968 шаҳраки Табошар дорои заминаи кифояи энергетикӣ, рушди иҷтимоию фарҳангӣ ва маишии инфраструктурӣ буд, ки ин дар ҳамҷоягӣ бо шароити мусоиди иқлим барои таъсиси заводи аҳамияти мудофиавидошта доир ба истеҳсоли аслиҳаи ҷангӣ сабаб гардид.

Охири солҳои 60‐ум баъди кӯчонидани иншооти асосии комбинати кӯҳӣ‐химиявии шаҳр ба шаҳри Бӯстон зарурати бунёди корхонаи нав ба миён омад. Иқлими мусоиди мавзеъ ва таҳкурсии иншооти саноатии мавҷуда барои бунёди корхонаи нави саноатӣ замина гузошт ва дар шаҳр корхонаи саноативу номдори “Нури Ховар” фаъолияташро оғоз кард. Корхонаи мазкур ҳамчун филиали комбинати химиявии Бийск ташкил гардида, аллакай охири соли 1968 мастақил шуд ва ба он расман номи «Заря Востока» (имрӯза “Нури Ховар”) дода шуд. Қайд бояд намоем, ки “Нури Ховар” аз охири солҳои 70‐уми асри гузашта сар карда, дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, таъмини сокинону мутахассисон ба ҷойи кор саҳми арзанда гузоштааст. Тибқи манобеи дақиқ, дар он солҳо беш аз ҳафт ҳазор мутахассисони маҳаллӣ дар корхонаи “Нури Ховар” кору фаъолият доштанд. Соли 1972 дар корхона бори аввал истеҳсоли калӯшҳои миллӣ аз худ карда шуданд. Инчунин, сохтмони сехи қубурҳои ба фишори баланд тобовар ба охир расонида шуд. Дар як вақт заводи нонбарорӣ ба истифода дода шуда, истеҳсоли плёнкаҳои ПВХ ба роҳ монда шуд. Ҳамаи ин барои номдор гардидани Табошар ҳамчун шаҳри тобеи вилоят сабаб шуданд. Аз рӯи баҳисобгирии аҳолии соли 1989, дар Табошар зиёда аз 20 ҳазор нафар, яъне зиёда аз 17 миллат зиндагӣ мекарданд.

Хуллас, чандин сол дар ин ҷо металли номдори уранро ҳам истеҳсол карданд, ки баъдан истеҳсоли он боздошта шуда буд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва саршавии ҷанги шаҳрвандӣ бисёр аз шаҳрвандони Табошар аз Тоҷикистон фирор карда, ба мамолики дигари дунё рафтанд.

Шаҳри Истиқлол дар таърихи мавҷудияташ чун шаҳри саноатӣ дар миқёси кишварамон шуҳрати беандоза дошт ва фаъолияти якчанд корхонаҳои бузурги саноатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ин гӯшаи кишвари азизамон шаҳрест барои рушди соҳаи саноати нав, ҳамчунин дар гузашта байни шаҳрҳои мамолики Иттифоқи Шӯравӣ номдор буд.

Давоми солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор овард.

Алҳол дар шаҳр боз як коргоҳи саноатии шуҳратёри Корхонаи металлургии Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой фаъолият дорад, ки соли 2017 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иқтидори лоиҳавии коргоҳи мазкур дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурб аст. Теъдоди зиёди кормандонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки минтақаи саноатӣ дар шаҳри Истиқлол дар масоҳати 70 гектар доман густурдааст. Хотиррасон бояд намуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи металлургӣ идомаи бунёди силсилаи корхонаҳои Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой мебошад.

Дар шаҳр то соли 2003 камшавии аҳолӣ аз сабаби муҳоҷират ба миён омад, яъне шумораи аҳолии рафта аз шумораи аҳолии омада барои истиқомати доимӣ зиёд буд. Алҳол зиёдшавии аҳолӣ аз ҳисоби афзоиши табиӣ ба назар мерасад.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки ҳарчанд Истиқлол шаҳри саноатист, аммо субвенсионӣ маҳсуб меёбад ва ба ҳар ҳол қисмати асосии даромади буҷаи маҳаллиро соҳаи саноат ташкил медиҳад.

Ҳангоми ташриф ба шаҳри Истиқлол дар яке аз суханрониҳояшон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: “Ҳамаи мову шумо вазифадорем, ки барои барқарор намудани шаъну эътибор ва шуҳрати пешинаи шаҳри саноатии Истиқлол тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоем”.

Интихоби ин мавзеъҳо чун шаҳри Истиқлол ва дигар объектҳои ҷуғрофии гирду атрофи он барои таъсиси корхонаҳо ва ба даст овардани ашёи хоми саноатӣ аз он шаҳодат медиҳад ва тибқи хулосаи мутахассисон, ашёи хоми маҳаллӣ–оҳан, мис, сурб, нуқра, тилло ва ғайра дар хоки зархези ин сарзамин маҳфуз аст ва замоне коркард карда мешудааст ва ин эътибор то ҳоло вуҷуд дорад. Дар натиҷаи амалӣ гардидани сиёсати дарҳои кушод ва хидматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ба роҳ монда шуда, оянда низ беш аз панҷ корхонаҳои дигари азим бунёд хоҳанд шуд.

Соли 2023 низ барои сокинони шаҳри Истиқлол соли таърихӣ аст, зеро дар ин сол сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истиқлол доир гардид ва дар ин сафарашон ҳам якчанд муассисаҳои соҳаи саноат ва иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд. Сафари навбативу кории Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит сохт, ки бо таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумати кишвар шаҳри Истиқлол сол аз сол обод шуда истодааст.

Бояд қайд кард, ки иқдомҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эътиборашон барои пешрафти шаҳр нишондиҳандаи он аст, ки давлату Ҳукумати кишвар ба ҳар гӯшаи диёри азизамон–Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳанд ва натиҷаҳои ин дастгириҳо аст, ки ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ рушд меёбанд.

Маҳз, бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр аз он дарак медиҳад, ки шаҳр ояндаи бузург дорад ва чуноне ки Пешвои миллат қайд кардаанд: “Шаҳри Истиқлол ояндаи дурахшон дорад”.

Ин маконро шаҳри Дӯстӣ унвон додан ҳам метавон, зеро дар шаҳр зиёда аз даҳ миллати гуногун аз тамоми гӯшаю канори мамлакат давоми солҳои тулонӣ аҳлона кору фаъолият доранд. Сокинони шаҳри Истиқлол бояд аз ин иқдомҳои шоиста ифтихор намуда, бо сари баланд барои ободии шаҳр кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ин шаҳри овозадор чун дигар шаҳру навоҳии мамлакат боз ҳам равнақ ёбад.

Дар баробари рушди соҳаи саноату истеҳсолот бахши маорифу тандурустӣ, фарҳанг рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои шоиста ноил гардида истодаанд. Имрӯз дар шаҳр муассисаҳои фарҳангӣ арзи вуҷуд доранд, ки кормандони онҳо баҳри қонеъ намудани ниёзи мардум ҳамаҷониба ҷаҳду талош доранд. Тамоми чорабиниҳо ва маҳфилҳои фарҳангӣ минҷумла, гузаронидани даврҳои мухталифи озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи аввал қарор доранд.

Соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ин самти муҳими давлат ба пешравиҳои назаррас ноил мегарданд. Имрӯз дар шаҳр литсей, мактабҳои миёна ва боғча‐парваришгоҳҳо фаъолият намуда, дар онҳо омӯзгону мураббиёни соҳибтаҷриба фаъолият доранд ва дар таълиму тарбияи насли ояндасози миллат саҳмгузор мебошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати эҳёи анъанаҳои мардумӣ тадбирҳои судманд меандешад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки бештари аҳолии шаҳрро занону бонувон ташкил дода, онҳо дар соҳаҳои мухталиф фаъолият доранд.

Саҳми занону бонувон дар эҳёи анъанаҳои миллӣ назаррас аст. Дар шаҳр ҳунарҳои мардумии қуроқу тоқидӯзӣ, қолину сабадбофӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ, ресандагӣ ва дигар ҳунару анъанаҳои мардумӣ вуҷуд доранд, ки идомадиҳандаи ин корҳои нек аслан занону модарони рӯзгордида ба шумор рафта, ин ҳунарҳои аҷдодиро ба насли ҷавон омӯхта истодаанд. Ҳамчунин, занону бонувони маҳаллӣ ҳатман дар тӯю маросими худ аз маҳсулоти хушсифати дастиву худсохт истифода мебаранд ва ба ҳар як ҷиҳози арӯс чун рамзи хушбахтиву пайвандӣ ва бо нияти некбахтии хонадон мегузоранд, ки ин яке аз рамзҳои хоси ин маҳал маҳсуб меёбад.

Ҷавонони сарбаланди шаҳр чун созандагону ворисони миллат баҳри ободии кишвар қадамҳои устувор гузошта, дар чорабиниҳои варзишӣ иштирок меварзанд ва соҳиби ифтихорномаву ҷоизаҳо гардидаанд.

Имрӯзҳо сокинони шаҳри Истиқлол боифтихор мегӯянд, ки ҷашни бароямон азиз– 35‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳем гирифт.

Истиқлоли меваи Истиқлол 30‐солагии худро таҷлил менамояд. Бигзор дар кишвар сулҳу Ваҳдати миллӣ ҷовидона бошад ва умед дорем, ки ин шаҳри навҷавон чун дигар шаҳру навоҳии кишвари азизамон саноати Тоҷикистонро боз ҳам бештар муаррифӣ созад.

Муҳаммад НИЁЗЗОДА,

муовини раиси шаҳри Истиқлол,

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh