Низоми пардохти миллӣ
- Details
- Published on Tuesday, 21 November 2023 10:08
Рушди иқтисодиёти ҳар як кишвари алоҳида бо муомилоти пулӣ, аз ҷумла бо гардиши дурусти пули миллӣ ва фаъолияти дурусти низоми бонкии он вобастагӣ дорад. Дар сохтори иқтисодиёти бозорӣ мол ва пул рушди ҳақиқии иқтисодиёт ба воситаи танзими ҳаҷми пулӣ дар муомилот асос меёбад. Аз ин рӯ, нақши бонкҳои марказӣ (миллӣ) дар ҷобаҷогузории муомилоти пулӣ дар гардиши иқтисодиёти кишвар ҷойгоҳи махсус дорад.
Низоми пардохти миллӣ яке аз ҷузъҳои асосии инфрасохтори молиявӣ мебошад, ки фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетиро бо саривақту бехатар гузаронидани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо таъмин намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди низоми пардохтӣ таваҷҷуҳи хос дода, ташкили фаъолияти низоми самараноку боэътимоди пардохтӣ, клиринг, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳои пулиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад, фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд.
Низоми пардохтӣ–маҷмӯи ташкилоте, ки бо мақсади интиқоли маблағҳо мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ якҷоя амал менамоянд. Тиҷорати электронӣ имкон медиҳад, ки дархостҳои харидорони чакана мустақиман ба истеҳсолкунанда бираванд ва занҷирҳои дистрибюторҳо, дилерҳо ва фурӯшандагонро аз байн баранд. Он ба шумо имкон медиҳад, ки хароҷоти логистикиро тавассути фурӯши мол мустақиман аз истеҳсолкунанда ба мизоҷони чакана кам кунед.
Системаҳои пардохтӣ яке аз унсурҳои асосии инфрасохтори тиҷорати электронӣ буда, бештар аз ҳисоби ҷорӣ намудани системаҳои нисбатан боэътимод, мувофиқ ва самараноки пардохт вобаста аст. Низоми пардохт маҷмӯи санадҳои меъёрӣ, муносибатҳои шартномавӣ, воситаҳои молиявӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин иштирокчиён, ки фаъолияти низоми ҳисоббаробаркуниҳои молиявии мутақобиларо таъмин мекунанд.
Роҳҳои имконпазирии пардохт дар тиҷорати электронӣ ба чунин гурӯҳҳои сегментӣ тақсим мешаванд: пардохти нақд, пардохт бо корт, истифодаи телебонк, технологияи WAP, пардохт бо системаи интернет-банкинг, пардохт бо истифодабарии системаи Интернет.
Пардохт барои мол бо истифодаи системаҳои пардохти электронӣ яке аз роҳҳои беҳтарин ба шумор меравад. Солҳои охир мардум ба ин намуди системаи пардохт таваҷҷуҳ доранд. Ҳукумати мамлакат низ истифодаи пардохти электрониро ба роҳ мондааст.
Корти пластикӣ ин маводи пардохтии шахсӣ буда, шароити пардохти ғайринақдии маҳсулотро фароҳам меоварад. Инчунин, бо корти пластикӣ имконияти гирифтани пули нақд аз банкоматҳо
мавҷуд аст. Вазифаи асосии корти пластикӣ ин таъмини махфии маълумот оид ба соҳиби корт иборат аст. Иҷрои ҳолатҳои пардохт, ки дар ҷараёни хизматрасонии кортҳои пластикӣ ба миён меояд, бонк-эмитент, яъне бонке, ки корти пластикиро чоп карда, ба уҳда дорад. Бинобар он кортҳои пластикӣ давоми истифодаи он ҳамчун моликияти ин бонк ба шумор меравад.
Ҷараёни тасдиқкунии фурӯш ё интишори пули нақд авторизатсия номида мешавад. Барои ин нуқтаи хизматрасонӣ ба бонк дархост мефиристад, ки ӯ бояд салоҳияти дорандаи корти пластикиро тасдиқ намояд. Масалан, чунин амалиёт дар банкоматҳо тариқи ворид кардани pin-код ба амал бароварда мешавад. Pin-коди корти пластикӣ тавассути таҷҳизоти дигар ба таври пинҳонӣ аз ҷониби харидор ворид мешавад. Ҷараёни авторизатсия ба таври автоматикӣ ба амал меояд. Чунин амалиёт дар мавриди аз банкомат дастрас кардани пули нақд низ гузаронида мешавад. Одатан, банк-эмитент бо фаъолияти қабули кортҳои пластикӣ аз ҷониби корхонаҳои савдо ва хизматрасонӣ машғул нестанд. Вазифаи асосии бонк-эквайер аз амалиёти авторизатсия, гузаронидан ба суратҳисоби фурӯшанда барои мол ва хизматрасонӣ ва монанди онҳо иборат аст.
Хусусияти фурӯш ва додани пули нақд тавассути кортҳо дар он аст, ки ин амалиёт аз ҷониби мағозаҳо ва мутаносибан аз ҷониби бонкҳо бо кредит амалӣ мешаванд. Мол ва пули нақд ба мизоҷон фавран дода шуда, маблағ барои баргардонидани онҳо ба ҳисобҳои корхонаҳои хизматрасонӣ ворид карда мешавад. Аксар вақт пас аз чанд вақт. Кафили иҷрои уҳдадориҳои пардохтие, ки дар ҷараёни хизматрасонии кортҳои пластикӣ ба миён меоянд, бонки эмитент мебошад.
Фарангис ӮРУНОВА,
магистранти ДПДТТ ба номи Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд