Хабаргирӣ аз ҳоли собиқадорони меҳнат дар Панҷакент
- Details
- Published on Friday, 24 November 2023 08:40
Дар шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони меҳнат Обидҷон Юсуфов ва Моҳира Амонқулова хабар гирифт.
Роҳбари вилоят зимни мулоқот ва ҳолпурсӣ таъкид дошт, ки собиқадорони арсаи меҳнат, ки тамоми умри бобаракати хешро барои пешрафти меҳан сарф кардаанд, доимо таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода мешаванд.
Обидҷон Юсуфов собиқадори соҳаи кишоварзӣ буда, то кунун ин касби пуршарафи худро идома дода, ҳамроҳи фарзандон ба кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст.
Моҳира Амонқулова бошад собиқадори соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аст ва баҳри пешрафти ин соҳа заҳмат кашидааст.
Собиқадорон аснои суҳбат ҷиҳати дастгириҳои доимӣ ба роҳбарияти олии мамлакат сипосу миннатдории худро изҳор намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд