Шиносоӣ бо сохтмони иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Панҷакент
- Details
- Published on Friday, 24 November 2023 09:20
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони як қатор иншооти гуногун, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст, шинос шуд.
Раиси вилоят дар деҳаи Чорбоғ бо ҷараёни сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавӣ шинос гардида, бо сокинон суҳбат орост. Бо назардошти талаботи замони муосир ва фарсуда гаштани бинои куҳнаи беморхона соли равон бунёди бинои нави муассиса оғоз ёфта, то ин марҳила корҳои асосӣ анҷом ёфтааст. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 24 ҳуҷра мебошад. Дар ин беморхона шуъбаҳои таваллуд, амрози дарунӣ ва бачагона ба мардум хизмат мерасонад. Айни замон корҳои пардозгарӣ ва рангубор ҷараён дошта, беморхонаи навбунёд бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Дар деҳоти Чорбоғ 7,5 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебаранд ва фароҳам сохтани чунин шароити замонавӣ боиси рӯҳбаландии аҳли деҳа гардидааст. Бо ифтихори баланди ватадӯстиву меҳанпарастӣ сокинон дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми босазо мегузоранд.
Дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ роҳбари вилоят сохтмони биноҳои нави истиқоматӣ ва маркази савдову хизматрасониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бинои баландошёна аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Шавкат Бобозода бунёд ёфта, аз 9 ошёна иборат аст ва дорои 64 ҳуҷраи истиқоматӣ мебошад.
Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаи якуми бино маркази дандонпизишкӣ, тарабхона, коргоҳи истеҳсоли пойафзол, сехи қаннодӣ ва маркази савдову хизматрасонӣ ҷой дода мешавад. Иншооти мазкур дар доираи нақша чорабиниҳои ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, баробари ба истифода додани он дар умум то 70 нафар бо ҷои кории доимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар хиёбони ба номи А.Рӯдакӣ роҳбари вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент шинос гардид. Иншооти мазкур аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои утоқҳои барҳавои корӣ, маҷлисгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. ҲХДТ яке аз ҳизбҳои фаъоли кишвар ба ҳисоб рафта, саҳми аъзоёни он дар пешрафти соҳаҳаои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат назаррас аст. То кунун дар аксар шаҳру навоҳии вилоят бинои шаҳрии ҳизб бунёд гардида, шароити арзанда барои кормандон муҳайё гардидааст.
Зимни шиносоӣ роҳбари вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба бинокорон ҷиҳати анҷоми босифати он, истифодаи масолеҳи сохтмонии хушсифат дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҳамин мавзеъ Раиси вилоят бо лоиҳаи таъмиру таҷдид ва азнавсозии роҳи автомобилгарди кӯчаи Абулқосим Фирдавсӣ шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки кӯчаҳои ба номи Даврон Бобораҷабов, А.Фирдавсӣ ва Деваштич ба масофаи наздик 3 км пурр таҷдиду навсозӣ карда мешавад. Дар доираи корҳои роҳсозӣ чароғон ва сафолакпӯш намудани роҳҳои пиёдагради кӯчаҳои мазкур низ анҷом дода хоҳад шуд. Ҳамзамон тамоми қубурҳои обгузар иваз мегардад.
Дар кӯчаи ба номи Борбади Марвазии шаҳр роҳбари вилоят аз мавзеъи сохтмон ва лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсолии соҳибкор Раҳмонқул Каримов дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ аз тарафи ҶСК “Даврон” коргоҳи истеҳсоли пойафзол бунёд меёбад. Иқдоми мазкур дар доираи саноаткунонии босуръати кишвар амалӣ гардида, ҳадаф рушди соҳа ва ба шуғл ҷалб намудани шаҳрвандон мебошад.
Зимни шиносоӣ роҳбари вилоят ба соҳибкор тавсия дод, ки баробари бунёди коргоҳи пойафзолбарорӣ дар ошёнаи дуввум сехи коркард ва банду басти меваро ташкил намояд. Зеро шаҳри Панҷакент дорои имкониятҳои васеъ буда, дар сурати ташкили коргоҳ меваи истеҳсолшуда коркард ва маҳсулоти таёр ба бозор бароварда мешавад.
Раиси вилоят инчунин сохтмони бинои шуъбаи шаҳрии КДАМ, марказҳои савдову хизматрасонӣ, меҳмонхонаро таҳти таваҷҷуҳ қарор дода, барои дар муҳлати муайяншуда ба охир расонидани корҳо супоришҳ
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд