Хабаргирии собиқадорони меҳнат ва аёдати беморон дар ноҳияи Мастчоҳ
- Details
- Published on Thursday, 21 December 2023 20:56
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҳоли собиқадорони меҳнат хабар гирифт.
Раҷаббой Аҳмадзода Мирҳаёт Бердиев, собиқадори соҳаи тандурустӣ ва Холиқбердӣ Сафаров, собиқадори соҳаи кишоварзиро дар манзили зисташон хабар гирифта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Дар суҳбат бо собиқадорони меҳнат таъкид гардид, ки давлат ҳамеша меҳнати софдилонаи собиқадоронро қадр мекунад ва ҳаёту фаъолияти пирони рузгор барои насли ҷавон намунаи ибрат аст.
Сипас роҳбари вилоят фарзандони оилаи Сафарзодаҳоро, ки бо амри тақдир беморанд, аёдат намуда, ба наврасон туҳфаҳои худро тақдим кард.
Қайд карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат ба қишри ниёзманди ҷомеа ва беморону барҷомондагон пайваста ғамхорӣ менамояд ва чунин шахсон зери парастории давлат қарор доранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд