Ба муносибати Соли нави мелодӣ ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ташкил гардид
- Details
- Published on Saturday, 30 December 2023 22:00
30 декабр бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ташкил карда шуд.
Ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирии баландшавии арзиши маҳсулот ва бахшида ба Соли нави мелодӣ ташкил шуда, маҳсулоти нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинон гардонда шуд.
Дар ярмарка тамоми маҳсулоти зарурии рӯзгор ба фурӯш гузошта шуд, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои фурӯш боздид намуд.
Бояд қайд намуд, ки бахшида ба Соли нави мелодӣ дар ҳамаи шаҳрҳои саноатии вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ доир шуд.
Ташкили ярмаркаҳо дар вилоят ба ҳукми анъана даромада, ҳар рӯзи истироҳатӣ чунин ярмаркаҳо баргузор мешавад.
Дар соли 2023 бо мақсади таъмини қишрҳои осебпазири аҳолӣ бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ беш аз 6000 тонна маҳсулот, аз ҷумла орд, равғани растанӣ, гӯшти чорвою паранда, моҳӣ, шакар, биринҷ, тухм, картошка, сабзӣ, сабзавоти гуногун, полезӣ, меваҷот ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд