Сипари боэътимоди Ватан
- Details
- Published on Friday, 23 February 2024 13:27
Хизмат ба Ватан, аслан, хизмат кардан ба падару модар, барои некӯаҳволии фарзандон ва ободии рӯзгори худи инсон аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватандӯстиро бо муҳофизати Ватан тавъам дониста, мегӯянд: «Вақте мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама, муҳофизати Ватан ва тамомияти арзии кишварро дар назар дорем. Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди некхоҳ ва ҳар тоҷики ватандӯст, аз хурд то бузург, афзудан ба дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад».
Боиси сарфарозист, ки дар ин рўзҳои фараҳбахш дар фазои соҳибистиқлолии кишвар хизматчиёни ҳарбӣ ‐ родмардони шуҷоу далери Ватан ҷашни 31‐умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳро бо як рўҳияи баланд ва бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи бебозгашт таҷлил менамоянд. Ба ибораи дигар, санаи мазкур барои миллати тоҷик аҳамияти арзишмандро доро буда, Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ҳамқадами Истиқлол аст. Таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мавқеи басо хоса дорад.
Агар ба таърихи таъсисёбии ин ниҳоди мудофиавии кишвар назар афканем, роҳи тайнамудаи Артиши миллиамон воқеан роҳи ибратомўз, роҳи матонату ҷасорат, шуҷоату мардонагӣ, роҳи ҷонфидоиҳои бемисли фарзандони бонанги Тоҷикистон аст.
Бунёд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохтору воҳидҳои ҳарбӣ ва мудофиа дар таърихи навини давлатдории тоҷикон саҳифаи дурахшоне мебошад. Президенти мамлакат ҳамчун кафили амният, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ бо такя ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои марбута муҳофизати Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои мамлакатро вазифаи асосии давлат ва кори тамоми халқ муайян намуда, тамоми масъалаҳои вобаста ба таҳкиму такмили Артиши миллӣ, фаъолияти он, омодагии доимии ҷангии қӯшунҳо ва ҳаёти ҳарбиро дар маркази диққати худ қарор дода, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити хизмат ва аҳволи моддию маишии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Имрўз муносибати ҷавонони кишвар низ ба хизмати ҳарбӣ шоистаи таҳсин аст. Солҳои охир дар давраи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ ҷавонони кишвар омодагии худро ба хизмати Ватан‐Модар изҳор медоранд, ки падидаи неку шоиста аст.
Имрўз бо як ифтихормандӣ, бо як ҳисси баланди ватандўстӣ садҳо нафар хоҳиши дар сафи Артиши миллӣ кор карданро доранд, ба ибораи дигар касби боифтихори афсарӣ, хизмат ба Ватанро барои худ шарафи бузург мешуморанд, ки ин падидаи беҳтарин дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Баҳром МАИЗОВ,
омӯзгори МТМУ №45,
шаҳраки Ревади ноҳияи Айнӣ