Танзими расму оин пешрафти зиндагист
- Details
- Published on Wednesday, 06 March 2024 15:17
Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрўз соҳиби расму оин ва маросими гуногун буданд, ки аксари онҳо дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ ҳастанд. Боиси таассуф аст, ки мардум ба қадри ин расму оинҳо нарасида, тӯли асрҳо ба онҳо тағйироти зиёде ворид карданд, ки дар натиҷа асолат ва моҳияти онҳо аз байн рафта, ба маросими мушкил, маъракаҳои исрофкорӣ ва худнамоӣ табдил ёфт.
Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”‐ ро омода ва ба муҳокимаи умумиҳалқӣ пешниҳод намуд.
Аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат беш аз 6 ҳазор таклифу пешниҳод манзур гардид ва аксаран ин иқдомро ба пуррагӣ дастгирӣ намуданд.
Ниҳоят, санаи 8‐уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои мардум қабул гардида, муддати зиёда аз 16 сол аст, ки мавриди амал қарор дорад.
Дар ин муддат қонуни мазкур воқеан ҳам исбот намуд, ки қабули он саривақтӣ ва ба нафъи мардум буда, чандин маъракаи серхароҷот ва нозарур аз байн бурда шуда, давомнокии маросим, шумораи даъватшавандагон ва дигар масъалаҳои марбут ба гузаронидани ҷашну маросим ба танзим дароварда шуданд.
Тибқи моддаи 1‐и қонуни мазкур мақсади қабули қонун аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст.
Амали қонуни мазкур ба мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ҳамчунин, ҳамаи шахсони воқеӣ, новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ва мансубияти миллиашон сурат мегирад.
Тибқи маълумоти бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давраи таҳлилӣ ҳамагӣ 2441 (1147/1294) тӯйи домодию арўсӣ баргузор гардид. 18 миллиону 768 821 (8 миллиону 142 800/10 миллиону 626 021) сомонӣ, хароҷот шудааст.
Айни ҳол дар нозироти андози шаҳр 8 адад Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Яккасарой”, “Шамс”, “Гулмоҳии Хуҷанд”, “Мирзоҳабиб”, “Ғаниева М.”, “Истироҳат”, “Маркази савдои Меҳрангез” ва “Меҳмонхонаи Суғд”, ки ба гузаронидани тўю маъракаҳо машғуланд ва 15 нафар сароянда, ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар давраи таҳлилӣ дар тарабхонаҳои “Мирзоҳабиб”‐334, “Анситу”‐ 237, “Яккасарой”‐218, “Нуртекс”‐204, “Истироҳат”‐169, “Тоҷикистон”‐163, “Ҷавонӣ”‐153, “Суғдиён”‐149, “Форел”‐119, “Темурмалик”‐71, “Хуҷанд”‐64, “Сайхун”‐41, “Себарга”‐32, “Бахтиёр”‐30, “Шоҳин”‐29, “Меҳрангез”‐26, “Камоли Хуҷандӣ”‐21, “Дӯсти Амирхон”‐11, “Садриддин”‐ 3, “Маҷмааи фароғатии Суғд”‐3 ва “Сирдарё”‐1 тўйи арӯсию домодӣ баргузор гаштааст.
Давоми солҳои 2022‐2023 ҳолати иҷрои қонуни зикршуда аз ҷониби прокуратураи шаҳр 8 маротиба мавриди санҷиш қарор гирифта, дар рафти он 214 қонунвайронкунӣ ошкор ва баҳри бартараф намудани онҳо 43 пешниҳод, 5 амр дода шуда, 120 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби прокуратураи шаҳр нисбат ба 51 (20/31) нафар бо қисмҳои 1, 2 ва 3‐и моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суди шаҳр ирсол шудааст.
Аз ҷумла, қонунвайронкуниҳои ошкоргардида: маъракаи домодталабон дар 16 (4/12) ҳолат, зодрӯз дар 9 (7/2) ҳолат, бе бастани шартнома дар 11 (5/6) ҳолат, автомашинаҳои зиёд дар 7 (1/6) ҳолат, ҳоҷизиёрат дар 2 ҳолат (0/2), ноншиканон дар 1 ҳолат (0/1) ва дар вақти соати корӣ дар 4 (0/4) ҳолатро дарбар мегирад.
Қонунвайронкуниҳо асосан дар тарабхонаҳои “Яккасарой” дар 8 ҳолат, “Бахтиёр” дар 6 ҳолат, “Форел” дар 4 ҳолат, “Мирзоҳабиб” дар 3 ҳолат, “Себарга”, “Абдуваҳоб” 2 ҳолатӣ, “Нуртекс”, “Дўстон”, “Мир”, “Зайтун” ва “Абдулазиз” 1 ҳолатӣ ба амал омад.
Дар шаҳр бештар қайд намудани ҷашни зодрўз ба назар мерасад, бо иштироки шахсони бегона, яъне онҳо аъзои оила нестанд ва ҳамзамон дар тарабхонаю ошхонаҳо таҷлил мегардад. Дар давраи таҳлилӣ 9 (7/2) ҳолати вайрон намудани талаботи қонун, ҷашн гирифтани зодрӯз аз ҷониби прокуратураи шаҳр ва ШВКД ҶТ дар шаҳр ошкор шуда, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Мутобиқи талаботи моддаи 8‐и қонун ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.
Вале, сокини шаҳри Хуҷанд, З.Ҳ.Сайфиддинов хилофи талаботи моддаи мазкури қонун санаи 2‐юми феврали соли 2022 дар тарабхонаи “Бахтиёр” бо оростани дастархон ба 40 нафар маъракаи зодрўзи худро қайд намудааст.
Худи ҳамон рӯз сокини шаҳри Хуҷанд Ҷ.Н.Шарипов низ дар тарабхонаи ҶДММ “Бахтиёр” талаботи қонуни мазкурро дағалона вайрон карда, бо даъвати 45 нафар зодрӯзи модаркалонашро қайд намудааст.
Шаҳрванд Д.Ҳ.Ахмедова санаи 9‐уми июли соли 2023 дар тарабхонаи “Зайтун” бо даъвати 7 нафар берун аз доираи оила зодрӯзашро қайд намудааст.
Аз ин лиҳоз, нисбат ба номбурдагон бо қисми 1, моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.
Ин намуд қонунвайронкуниҳо дар тарабхонаҳои “Бахтиёр” дар 2 ҳолат, “Бухоро” дар 2 ҳолат, “Дўстон”, “Форел”, “Зайтун” ва “Абдулазиз” 1‐ ҳолатӣ ошкор шудааст.
Тибқи талаботи қисми 3, моддаи 10–и қонун маросими домодталабон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешаванд.
Вале ин талаботи қонун аз тарафи роҳбарияти тарабхонаҳои “Яккасарой”, “Форел” ва “Бахтиёр” дағалона вайрон гардида, бо мақсади ҳарчӣ зиёдтар ба даст овардани фоида барои гузаронидани ин маъракаҳои ғайриқонунӣ мусоидат намуданд.
Чунончӣ, сокини шаҳри Хуҷанд Ф.Т.Бобохонов санаи 15‐ уми августи соли 2023 соати 11:00 дар тарабхонаи “Яккасарой” маъракаи домодталабони духтараш М.Бобохонова ва Ф.Р.Атаевро бо оростани дастархон ба 72 нафар бо додани се намуд таом баргузор намудааст.
Шаҳрванд З.Н.Келдиева бошад санаи 15‐уми августи 2023, аз соати 9:00 то 11:00 дар ҳамин тарабхона маъракаи домодталабони наберааш О.Иномзодаро бо оростани дастархон ба 40 нафар ва бо додани ду намуд таом баргузор намудааст.
Тибқи талаботи қонун тўю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рўзҳои истироҳат аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешавад.
Талаботи моддаи мазкур аз тарафи директори ҶДММ “Яккасарой” Б.Т.Бузруков дағалона вайрон карда шуда, соати 20:00 дақиқа дар тарабхонаи “Яккасарой” маросими тўйи домодию арўсии шаҳрванд Н.Р.Усмоновро бе бастани шартномаи хизматрасонӣ бо соҳиби маърака ва тарабхона баргузор кардааст.
Ҳамчунин, аз тарафи роҳбари ҶДММ “Яккасарой” Б.Т.Бузруков хилофи талаботи қонунгузории мазкур дар асоси шартномаи тарафайн бо соҳиби маърака У.Назиров санаи 15‐уми августи соли 2023 дар вақти корӣ, соати 13:00 дар тўйхонаи ҷамъият тўйи арӯсии шаҳрвандон У.Назиров ва М.Юсуповаро баргузор намудааст.
Бинобар ин, нисбат ба номбурда бо моддаи 481, қисми 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, барои баррасӣ ба суди шаҳр ирсол гардид.
Мувофиқи моддаи 14‐и қонуни мазкур ҳунармандон уҳдадоранд, хизматрасониро дар тӯю маъракаҳо бо бастани шартномаи тарафайн бо соҳиби маърака бо риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонанд.
Дар рафти гузаронидани санҷишҳои прокурорӣ 9 ҳолати вайрон кардани талаботи зикршуда бе бастани шартнома хизматрасонӣ намудан аз тарафи санъаткорон ошкор шудааст.
Аз ҷумла, санъаткор Ш.Ҳ.Камолов санаи 13‐уми августи соли 2023 дар тарабхонаи “Сайҳун” дар маросими тўйи хонадоршавии Ҷ.Т.Хӯҷаев бо Ш.Х.Қосимова ҳамчун сароянда хизматрасонӣ намуда, ба соҳиби маърака М.М.Аббосова шартномаи тарафайнро имзо накардааст.
Бинобар ин, нисбат ба номбурда бо қисми 2, моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол гардид.
Айнан ба чунин қонунвайронкунӣ санъаткорон М.С.Яҳёев, У.С.Охунов, Ҳ.Б.Ишонов, Ф.Ғ.Раҷабов, М.Ҷ.Манонова, Ғ.В.Мирдадоев ва Д.У.Ғозиев роҳ додаанд, ки нисбат ба номбурдагон бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шудааст.
Ҳолатҳои ошкоршуда инъикоскунандаи вазъи воқеӣ дар ин самт набуда, тибқи маълумоти фаврӣ ва санҷишҳо шумораи зиёди маъракаҳо бо вайрон кардани талаботи қонун барпо мешаванд.
Танҳо дар моҳи августи соли 2023 дар тарабхонаи ҶДММ “Яккасарой” 8 ҳолати дағалона вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошкор шуда, нисбат ба директори ин ҷамъият бо қисми 3, моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, бо қарори суд ба маблағи 81600 сомонӣ ҷарима татбиқ шудааст.
Умуман, санҷишҳои прокурорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки бинобар ба таври дахлдор фаъолият накардани масъулини ваколатдор ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр пурра ба талабот ҷавобгӯ набуда, андешидани чораҳои таъхирнопазир ва беҳтар кардани фаъолиятро тақозо менамояд. Омили дигари мавҷудияти қонуншиканиҳо ин тақлидкории шаҳрвандон бо худнамоии бархе аз онҳост, ки боиси хароҷоти зиёд гардида, ба буҷаи оила зарар мерасонад.
Тибқи моддаи 42‐и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя намояд.
Бинобар ҳар шаҳрвандро мебояд, ки ба талаботи қонуни амалкунанда, алалхусус, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ҳатман риоя намуда, ба зиёдаравӣ ва хароҷоти беҳуда роҳ надода, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтироми қонун тарбия намоянд.
Бахтиёр НОЗИМЗОДА,
прокурори шаҳри Хуҷанд,
мушовири адлияи дараҷаи якум