Ҳайвоноту набототро ҳифз мебояд

Дӯстдорони табиат санаи 3‐юми марти ҳар солро бо шодию хурсандӣ мегузаронанд. Зеро ҳамасола дар ҷаҳон ин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ ҷашн гирифта мешавад. Қарори таҷлили Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ 20‐уми декабри соли 2013 дар ҷаласаи 68‐уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст.

Пеш аз ин 20‐уми декабри соли 1973 Конвенсияи оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (Конвенсияи СИТЕС) қабул шудааст, ки иштирокдорони он 180 давлати дунё мебошанд. Конвенсия аз 25 модда иборат буда, он ба андешидани тадбирҳои қатъӣ оид ба назорат, маҳдудияти савдо, пешгирии ҷойивазнамоии ғайриқонунии байналмилалӣ ва интиқоли намудҳои ҳайвоноту набототи зери хатари нобудшавӣ қарордошта тавассути сарҳади гумрукии кишварҳо танҳо бо тартиби мувофиқашудаи байналмилалӣ равона шудааст.

Таҷлили ин рӯз ба дӯстдорони табиат имкон медиҳад, ки ба гуногуншаклӣ ва зебоии нишонаи ҳайвонот ва набототи ёбоӣ диққат дода шавад.

‐ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи зери хатари нобудшавӣ қарордошта 24‐уми июни соли 2015 бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 112 ҳамроҳ шуд. Боиси зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои намудҳои гуногуни ҳайвонот ва растаниҳост. Муайян гардидааст, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 13000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4500 намуди растаниҳои гулдор мавҷуданд. Вобаста ба ин барои пешгирии шикори ғайриқонунӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот соли 2016 «Китоби сурх»‐и Тоҷикистон бо таҳрири нав ба нашр расид, ки 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир шомили он ҳастанд. Дар нашри дуюми «Китоби сурх» ‐и Ҷумҳурии Тоҷикистон 222 намуди ҳайвонот ва 267 намуди растаниҳои нодир ҷой гирифтаанд. Алҳол олимону мутахассисони соҳавӣ таҳти роҳбарии доктори илмҳои биология, узви вобастаи АМИТ, ноиби миллии илмҳои Тоҷикистон Абдусаттор Саидов дар бораи олами ҳайвонот ва набототи нодир ва маҳвшудаистодаи мамлакат маълумоти навин гирд оварда, барои нашри сеюми “Китоби сурх” ‐ и Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида истодаанд, ‐ иброз дошт ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Э.Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои биология Ғафур Каримов.

Зикр бояд кард, ки ҳамаи шаҳрвандон, ширкатҳо ва мақомоти иҷроия бояд нақши худро дар муҳофизати ҳайвонот ва растаниҳои ёбоӣ, ки дар дунё мавҷуданд, гузоранд. Амали ҳар як сокини мамлакат тақдири табиати ёбоии ҷаҳонро муайян мекунад, зеро ояндаи табиати ёбоӣ дар дасти мост.

Гуногунии олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба шароити экологӣ пайвастагӣ дошта, айни замон дар кишвар зиёда аз 13000 намуди ҳайвоноти бемӯҳрадорҳо ва 531 намуди мӯҳрадорон сукунат доранд. Анвои олами бемӯҳрадоронро бештар 1000 намуди олами ҳашарот, 1400 намуди кирмҳои ангалӣ, 715 намуди тортанакшаклҳо, 300 намуди содатаринҳо ва 204 намуди нармбаданҳо ташкил медиҳанд. Дар байни олами ҳайвоноти мӯҳрадор бошад, 346 намуди паранда, 84 намуди ширхорҳо, 52 намуди моҳиҳо, 47 намуди хазандаҳо ва 2 намуди обхокиҳо мавҷуданд.

Дар масоҳати 26000 метри мураббаи ҳудуди вилояти Суғд намояндагони тамоми олами ҳайвоноти ҷумҳурӣ вомехӯранд, ки онҳо дар муҳити ба худ хоси экосистемаҳо сукунат гирифтаанд. Аз байни олами гуногунранги ҳайвоноти мамлакат намояндагони 799 намуд бемӯҳрадорон – эндемикҳо ва 800 намуд мӯҳрадорон умр ба сар мебаранд.

Имрӯз аз гурӯҳи моҳиҳо хормоҳӣ, белбинии сирдарё, шӯртан, мӯйлабмоҳии оролӣ ва туркистонӣ, аз гурӯҳи хазандаҳо геккони пулакчаҳамвори регӣ, лӯндасараки тақирӣ, лӯндасараки штраух, сусмори хокистарранг, кӯрмор, мори печон, тирмор, аз гурӯҳи парандаҳо лаклаки сафед ва сиёҳ, мурғи ҳумо, бози туркистонӣ, шоҳин, тазарви сирдарё ва зарафшон, дуғдоғ ва аз гурӯҳи ширхӯрон хорпушти хордароз, шабгардаки зардранг ва серанга, суғури мензбир, бабри барфӣ, ғизол, гӯсфанди кӯҳии бухорӣ, гавазни бухороӣ аз ҷумлаи намояндаҳои ҳайвоноти нодир ва маҳвшудаистодаи вилояти Суғд буда, барои нобуд нашудани ҳар яки онҳо тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ масъуланд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh