Бахшида ба Рӯзи Модар ба зиёда аз 260 нафар рўбандаю покизакорон ширинию тӯҳфа ва маводи ниёзи аввалия супорида шуд

Имрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар ба зиёда аз 260 нафар рўбандаю покизакорони шаҳр ширинию тӯҳфа ва маводи ниёзи аввалия супорида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорони Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид дошт, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ҳар гоҳ, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати шумоён баҳои баланд медиҳанд.

Зикр гардид, ки зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст.

Рўбандаю покизакорон барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат арзи сиос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh