Конибодом. Раиси вилоят дар арафаи Рӯзи Модар собиқадорони меҳнатро хабар гирифт

5 март Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ҷумҳурӣ Усмон Давлатзода дар шаҳри Конибодом бонувонро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуданд.

Дар ин рӯз аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф Марҳабо Аслиддинова ва Муҳаррам Қаюмова, собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ Маликахон Назарова ва Ҳанифа Юсупова хабар гирифта шуд.

Раиси вилоят бонувонро аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар табрик карда, ба онҳо хушиҳои рӯзгорро орзу кард.

Дар суҳбат бо собиқадорон таъкид карда шуд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон эътибору эҳтироми зиёд зоҳир менамояд. Саҳми занону бонувони тоҷик дар пешрафти хоҷагии халқ назаррас буда, онҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бонкдорӣ, соҳибкориву кишоварзӣ, саноат фаъолона меҳнат мекунанд.

Собиқадорони меҳнат барои ғамхориҳои доимӣ ба Сарвари давлат миннатдории самимии худро изҳор доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh