Оғозбахши зиндагии пурсаодат
- Details
- Published on Thursday, 07 March 2024 23:11
Дар ақсои олам сатҳи фарҳанги ҳар қавму миллатро вобаста ба муносибати он ба занону модарон муайян менамоянд. Модари тоҷик ҳазорон нафар фарзандони бонангу баномус, ҷасуру ватандӯст, абармардони хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ кардааст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Модар! Зери ин панҷ ҳарф меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву хоксорӣ ниҳон аст. Бемуҳобот, имрӯз дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Зеро баъд аз Худованд офаранда ин модар аст. Маҳз, бо офаранда буданаш ӯро муқаддас мешуморем. Муҳаббату самимият ва шабзиндадориҳои модарро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард.
Бузургии модар ба андозае муқаддас аст, ки тамоми вожаҳои дунё ба васфу тараннуми он оҷизӣ мекашанд. Зан‐Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад. Ҳамин аст, ки дар васфи азамату шуҷоат ва бузургию нексириштии модар бузургони мо чандин сол пеш хуб гуфтаанду имрӯз низ идомадиҳандагони онҳо кам нестанд.
Модар хуршеди анвару моҳу ахтар ва бахту иқболу раҳбари ҳар фарзанд буда, барояш чашмаи ҳаёт аст. Ҳамаи зебоиву меҳрубониҳояш, сарчашмаи зиндагӣ, сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти фарзанд аст. Номи модар бузургу муқаддас аст, ки ҳама бо ин ном мефахранду меболанд. Модар аст, ки бо туфайли ӯ дунё ободу зебо аст.
Дили модар аз ҳама меҳрубонтару ҳассостар, нармтару фарохтар аст. Дар қалби бузурги ӯ оташи муҳаббату меҳрубонӣ асло хомӯш намешавад. Бузургони олам беҳуда нагуфтаанд, ки зеботарин фаришта, олитарин олиҳа, оқилтарин бону ва меҳрубонтарину нармдилтарин фард ин Зан –Модар аст. Бояд мо ба қадри ин ганҷинаи бебаҳо бирасему доимо омодаи хизматаш бошем.
Қадру манзалат ва қимати модар бамаротиб болову сутуданист. Ҳамеша занону модарон дар ҷомеаи хирадсолору адабпарвари мо аз эҳтироми хос бархурдор буданду ҳастанд. Ин қадру манзалат дар даврони соҳибистиқлолӣ аз пеш дида беш гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ саҳми модарону занонро дар рушду нумӯи давлатдорӣ, тарбияи насли наврас, ободу зебо намудани кишвар бориз арзёбӣ намуда, дар ҳама самтҳо онҳоро ба фаъолият ҷалб намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан натанҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими нуктасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоятгари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”.
Ҳамчунин, Сарвари давлат бобати бузургии модар чунин гуфтаанд: “Худованд ба Зан – Модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Пайғамбари Ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати Худованд баробар донистааст. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст.”
Ҳама эъҷозу парвоз, эҷоду бунёд ва мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст. Дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад.
Ба хотири муҳаббату эҳтиром, қадру манзалат ва бузургии модар дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Муҷассамаи "Дуои Модар" қомат афрохтааст, ки ин иқдом таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст.
Чун рамзи муҳаббат нисбат ба модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии Зан‐Модар ва қадршиносии модари тоҷик, саҳни Муҷассамаи "Дуои Модар", бо иқдомҳои роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд, ки дар кишвар аввалин муҷассамаи азим дар намуди даст ба дуо бардоштаи модар мебошад, гувоҳи ихлосу эҳтиром ва арҷгузории самимӣ ба Зан‐Модар аст, ҳамеша ободу зебо ва гулафшон мебошад. Махсусан, имрӯз ба муносибати Рӯзи Модар саҳни ин муҷассама гулзор бо фаввораҳои рангоранг ва гулгашти зебо ба макони дилкашу назаррабо табдил дода шуда, макони сайругашти сокинон ва меҳмонон гардидааст.
Модари тоҷик тӯли таърих нобиғаҳоеро ба дунё овардааст, ки бо мардонагӣ ва ҷасорату ҷонфидоии худ ҳимоятгару сарпаноҳи миллат буданду ҳастанд. Модар шахси муқаддасест, ки бо шири покаш ва бо меҳрубонии ба худаш хос дар қалби тифли худ хислатҳои неки инсониро парвариш карда, ӯро ба шоҳроҳи зиндагӣ раҳнамоӣ месозад. Дар ин росто, ҳар як фарди тарбиятдидаву оқил тамоми умри худро бо ҳастии модар пайванд медонад, ӯро дӯст медорад ва ранҷу азияти кашидаи модарро то лаҳзаи охирини ҳаёт қадршиносиву посдорӣ менамояд.
Модар аст, ки зиндагии мо зебост. Модар олиҳаи ҳусн ва сутуни пурқуввати хонадон, таровати ҳаёту гармии қалби наздикон, такондиҳандаи гаҳвора ва ҷаҳон ҳамеша худшиносу зиндаву пояндаву ҷовидон боқӣ бимонад.
Сино ҒАФУРЗОДА,
корманди ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд",
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон