Нахустмураббии инсон

«Мо вазифадорем, ки модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар як хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, эҳтиромашонро ба ҷо оварем ва кӯшиш намоем, ки модарону бонувон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Занону бонувон ҳамеша зери назари доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Пешвои миллат таъкид доштанд, ки: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолият фароҳам оварда шуд”.

Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла, баҳри ҳифзи амнияти ҷомеа дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.

Бонувони мо, дар баробари фаъолият дар соҳаи хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу марказҳои хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд.

Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад.

Оре, давлати фарзанд модар аст. Модар фарзандашро ҳанӯз дар вақти дар батнаш будан дӯст медорад, эҳтиёт мекунад. Тамоми фикру зикраш барои сиҳату саломат тифлашро ба даст гирифтан аст. Меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд бемисл аст.

Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бепоён, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз, меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст.

Заҳмати шабонарўзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ў танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Ҳамеша чашми интизори модар дар роҳи фарзанд. Модар ягона шахсест, ки рози дили фарзандро бе сухан мефаҳмад.

Мо дар канори модар бо олами рангини кўдакӣ ба воя мерасему аз ў дарси одамгарию ватандўстиро меомўзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти мост. Модар мехоҳад, ки тифлаш бенуқс сабзида, мададгори даври пирии ў гардад. Модар ҳамеша дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида, аз шодӣ меболад. Аз ин рў, модар ба ҳар гуна қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагии мо худ каломи мавзун аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи мубораки он ҳусни анҷом мебахшад.

Модар худаш намехӯраду фарзандашро мехӯронад, дили софу беолоиш дорад. Барои фарзандаш тайёр аст, ки ҳатто ҷони худро фидо кунад. Ӯро наранҷонем, меҳрубон бошем, нагузорем, ки чашмаш нам гардад, дилаш озор накашад зеро, ки дунё бе меҳру муҳаббати модар, бе ҳастии модар ҳеҷ аст.

Ҳар як нафари мо бояд ба қадри модар бирасем. Ӯро аз худ ризо созем, то ҳастем, барояш хизмат кунем. Ҳеҷ гоҳ меҳри модар аз фарзанд кам намешавад.

Ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Бахшандаи гуноҳҳои фарзанд, дуогӯ, меҳрубон, мушфиқ, ғамхор, дӯстдорандаи фарзанд танҳо модар аст.

Барои ҳар инсон дар дунё ҷойи модарро касе гирифта наметавонад. Ҳар нафар мехоҳад модарро хурсанду хушбахт бинад, мехоҳад туҳфаи арзишмандтарин барои модар орад. Аммо барои модар туҳфаи беҳтарин ин саломатии фарзанд аст.

Ҳар фарзанде, ки қадру қимати модарро донад, бо дуояш сарсабзу хушбахт мегардад. Модар ягона шахси мўнису ғамхор аст, ки мо, фарзандон бояд ба қадраш бирасем.

Ана ҳамин бузургию шаҳомати ўро ба назар гирифта, модарро тимсоли Ватан медонанд.

Якумр хизматашро кунем ҳам, ба як шаби бедорхобие, ки модар барои фарзанд ранҷ мекашад, баробар шуда наметавонад.

На фақат танҳо дар Рӯзи Модар, балки ҳамеша нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем.

Барно АБДУҒАФФОРОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh