Дасти дуои модар
- Details
- Published on Thursday, 07 March 2024 23:17
Ҳар боре, ки озими сафари Ватан мешавам, дилам аз шодӣ тез‐ тез метапад, лаҳзаҳоро мешуморам, беқарорам, ки кай ба Ватан мерасам, зеро медонам, ки модарам маро он ҷо интизор.
Аз тайёра, ки фаромадам, дилам мехоҳад мошин тезтар бидавад сӯи модарам. Волидайнам шояд ягона шахсоне бошанд, ки лаҳзаи дидори маро сонияшуморӣ кардаанд. Вақте ки ба ҳавлӣ медароям, чеҳраи модарам мисли гулҳои навбаҳор мешукуфад, ашкҳояш беихтиёр ҷорӣ мешаванд. Аз дастoнам гирифта, маро сари дастурхон меорад, ҳар чизе дорад, мебарораду рӯи хон мегузорад. Қарор надорад, фикр мекунад, ки рӯи дастурхон боз чизеро оварданӣ асту фаромӯшаш кардааст. Аз ҳар мавзуъ суҳбат мекунад, аз ман мепурсаду худаш ҷавоб медиҳад. Навидҳои хуши деҳаро, ки соли дароз барчида буд, барои ман нақл мекунад. Соатҳои дароз мисли сонияе мегузаранд. Модарам хушҳол аст, ман низ.
Хаёлам ба айёми кӯдакиам меравад. Ҳар пагоҳ модарам маро ба боғчаи бачагонаи колхоз мегузошту худаш ба кор мерафт. Боғчаи колхоз шароити хеле одӣ дошт. Мураббии кӯдакон аз байни колхозчизанон интихоб мешуд. Одатан зане, ки кӯдаки хурдсолтар дошт, мураббӣ мешуд. Кӯдакон ягон машғулияти аниқ надоштанд, бо ҳамдигар бозӣ мекардем, баъд вақти хоб мехобидем, Дар ёд дорам, ки вақт хеле дер мегузашт. Ҳавлии боғча мумфарш буд, дар он ҷо донаҳои ҷувориро хушк мекарданд. Ҳавлӣ баъди соате хеле метасфид, ки имкони он ҷо истодан намемонд. Деворҳои бетонии бинои онҷо ҳам хеле метафсид. Дар замони шӯравӣ касе хунуккунакро намедонист? Ё шояд намехост донад!
Дар боғча ёдам ҳамеша ба модарам буд. Вақте маро мегузошту ба кори саҳро мерафт, aз паси ӯ, то аз назарам дур шудан нигоҳ мекардам, меҳрамро ранги резин кашол мекарду сӯи заминҳои колхоз мебурд. Нимаи дуюми рӯз, ки мешуд, ба назди дарвозаи боғча омада, ба роҳ нигоҳ мекардам. Кай модарам меомада бошад? Баъди интизории дароз суроби занонро медидам, ки хеле хастаанду сӯи боғча меоянд. Модарам ҳам миёни онҳост! Сӯяш беихтиёр медавидам, чунон медавидам, ки аз пасам чанги кӯча ба осмон мебаромад.
Он замон ҳамеша мехостам, дар канори модари худ бошам. Вале ҳоло ҳама чиз баръакс аст. Ӯ мехоҳад ҳамеша наздаш бошам. Тақдир ҳамин будааст, модарон бо муҳаббат кӯдакони худро мепарваранд, вақте онҳо паррончак шуда мераванд чашмонашон дар роҳи фарзандон чор. Мутаассифона, на ҳамеша хоҳиш ва имконият бо ҳам дӯст будаанд. Рӯзҳои таътил назди модарам ба мисли як мижа задан хеле зуд сипарӣ мешаванд. Ана, вақти рафтан ҳам меояд...
Модарам он рӯз хеле хомӯш аст. Гӯё ҳамаи ҳарфҳояшро рӯзи омаданам гуфта бошад. Дастурхонашро ҳам намебардорад, намехоҳад ман гурусна равам. Чашмонаш сӯи ман нигарон аст. Дар дилаш гуфтаниҳои зиёде дорад, аммо мадори сухангӯӣ надорад. Ба ман менигараду фикраш дар куҷое аст. Шояд дафъаи оянда омаданамро аллакай ҳисоб дорад? Хомӯш асту ба тиктики соат гӯш медиҳад. Ҳаёти мо бо ҳар сонияҳои соат мегузарад, имкони онро доштан нест.
Модар дасти дуо мебардораду онро ба рӯйҳояш мекашад. Хеле сайъ дорад, то ашконаш нарезанд, то ман гиряи ӯро набинам...
Бо дуои модар сафари худро оғоз мекунаму аз Худованд хоҳиш мекунам, то модари маро дар паноҳи худ нигоҳ дорад. То соле зуд сипарӣ шавад ва ман боз давон‐давон ба оғӯши модар равам.
Муртазо НАЗАРОВ,
профессори Донишгоҳи Уппсалаи Суед ,
барои “Ҳақиқати Суғд”,
зодаи шаҳри Исфара