Мазҳари отифа
- Details
- Published on Friday, 08 March 2024 10:20
Дар хусуси баланд бардоштани саҳми зан дар ҷомеа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати Зан‐Модар ғамхории баланд зоҳир менамоянд. Зеро дар баромадашон бо фаъолзанҳо қайд намуда буданд, ки Зан‐Модар чароғи хонадон, модари мушфиrу ғамхор, зани меҳрубон, хоҳари дилсўзи ҳар яки мо аст. Аз ин рў, Президенти кишвар барҳақ изҳор медоранд, ки ҷомеае, ки нисбати Зан‐Модар бепарво аст, ояндаи худро аз даст медиҳад.
Зан беҳтарин муъҷизаи Парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст».
Боиси шукргузорист, ки яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати роҳбарияти кишварамон қадрдонӣ намудани фаъолияти бисёрҷабҳаи занону модарон маҳсуб меёбад. Бешак, сиёсати хирадмандонаи Сарвари муаззами давлат тамоми аҳолии кишварро дар рӯҳияи ҳифзу эҳтироми Зан‐ Модар, ки калиди тарбияи насли ҷомеа дар дасти ӯст, роҳнамоӣ мекунанд. Ин сиёсати зиндагисозу ибратомӯз аз анъанаҳои беҳтарини илму адаби ниёгонамон сарчашма гирифта, моро ба сӯи хушахлоқӣ, хушсуханӣ, некрафторӣ ва дигар хислатҳои ҳамида, ки ҷавҳари одамиятро ташкил мекунанд, ҳидоятгар аст.
Таҷрибаҳои ҳаёт ва таърихи башарият собит намудааст, дар ҳар кишваре, ки ба Зан‐Модар арҷгузорӣ мекунад, аҳли он кишвар тарбиятдида ва мамлакат осудаву пешрафта аст. Дар хазинаи фарҳанги оламшумули мардуми соҳибмаърифати тоҷик ҳикмати пурасроре мавҷуд аст: «Модар ризо‐ Худо ризо». Ин ҳикмати бузургу ҷовидонӣ аз як ҷониб бар он маънӣ далолат мекунад, ки модар ҳам дар мавқеи худ ҳукми офаридагорӣ дорад. Агар Худованд осмону замин ва нахустин одамро офарида бошад, модар ҳам насли одамиро дар рӯи замин афзун намудааст, ки зиннатбахши олам гардидаанд. Ҳамчунин, ҳикмати пурасрор бар мо таъкид менамояд, ки модар назди Худованд ончунон қадру қиммат ва макому манзалате дорад, ки агар ҳар кӣ хотири ӯро озурдаву ошуфта гардонад, Худованд аз ӯ норозӣ гардад.
Ба шарофати Зан‐Модар ҳаёт дар рӯи замин идомаю пойдор гардидааст. Аз ин рӯ, ӯро олитарин неъмати башарӣ номидан равост. Барои ҳар яки мо аз ҳама муҳаббати самимиву беҳтарин муҳаббати модари азизамон аст. Аз ин рӯ, модар барои ҳар яки мо на танҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати халқу миллатамон ба шумор меравад.
Ҷомеаи имрўзаи мо дар пешбурд ва рушду нумўи соҳаҳои мухталифи ҷомеа бидуни зан дар ташаккулдиҳӣ ва амалигардонии он муваффақият пайдо карда наметавонад. Бинобар ин масъалаи фароҳам овардан ва таъмин намудани шароит барои ҷалби занҳо дар раванди қабули қарорҳо дар ҳамаи дараҷаҳо масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ оиди баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа хеле фаъолтару болотар аст.
Ҳоло садҳо нафар зан дар сохторҳои гуногуни давлат вазифаи худро софдилона ба ҷо меоранд. Онҳо дар ҳама ҷо чӣ дар идораю корхонаҳои давлатӣ ва чӣ дар раёсату корхонаҳои марбут ба хизмати ҳарбӣ ва хадамоту сохторҳои дигари Қувваҳои Мусаллаҳ адои хизмат мекунанд. Мавқеи занон дар тарбияи ватандўстии ҷавонон низ назаррас аст.
Дар ҳаёти имрӯза занон натанҳо рисолати модариро адо мекунанд, балки неъматҳои моддӣ меофаранду созандаю роҳнамо низ ба шумор мераванд. Онҳо дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт бо фаъолияти бунёдкоронаи хеш ҳар гуна мушкилотро бартараф карда метавонанд. Дар баробари ин, модарону хоҳарони азизи мо масъулияти бузурги тарбиятгариро аз мадди назар фаромӯш накарда, насли наврасро дар рӯҳияи ахлоқи поку ҳамида, роҳи ростӣ, оину арзишҳои волои гузаштагонамон ҳидоятгарӣ мекунанд. Боиси хушнудии зиёд аст, ки имрӯзҳо шумораи занони равшанфикр, бомаърифат, соҳибилм ва ҳамқадами замон хеле афзудааст. Онҳо хуб эҳсос менамоянд, ки барои таҳкими давлату давлатдориамон насли солим, бофарҳанг, дорои ахлоқу маданияти баланд заруранд. Ба хотири пешрафту шукуфоии кишвари азизамон ҷавононро дар рӯҳияи ифтихору ваҳдати миллӣ, ватанпарастӣ тарбия намудан вазифаи ҳар як нафар аз калонсолон, алалхусус занони баору номуси миллат мебошад.
Наимҷон СОДИҚОВ,
омӯзгори МТМУ№3,
шаҳри Бӯстон,
магистранти курси 1,
ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров