Зан – Модар олиҳаи нотакрор
- Details
- Published on Friday, 08 March 2024 10:21
Рӯзи модар идест, ки бо шарофати он сухан аз муҳаббат, самимият, покию иззат, шарафу номус ва офарандагии Зан‐Модар садо медиҳад. Агар аз рӯи мантиқ назар намоем, асли ин ҳама сифат дар тинати поки модар маҳфуз мебошад. Чунин аст, ки исми муқаддаси модар ҳаммаънои офарандагӣ ва ҳаммаъвои зиндагии башарият қарор гирифтааст.
Ҳар як фарзанди хирадманду солеҳ низ дар зиндагӣ боргоҳи ибрат дорад, ки он ҷойгоҳи поку муқаддаси модар ва мактаби зиндагии ӯ мебошад.
Ҳеҷ боғчаву мактаб, донишкадаву донишгоҳ ва ҳеҷ академияи бузурги ҷаҳон мисли мактаби зиндагии модар барои фарзанд таъсиргузор нест. Зеро мо аз аллаи ширини модар забони миллӣ, аз панди накуи ӯ асолату ғурури миллӣ, шарафу ҳувияти миллӣ ва инсони комил буданро меомўзем. Модар моро рӯи домони намозӣ гирифта, бо шири сафед бузург мекунад ва пок зистанро талқин месозад.
Равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоии ҷаҳон нишон медиҳад, ки мову шумо дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ қарор дорем. Зеро бархурдҳои қудратмандони олам сайёраи Заминро дар ростои таҳаввулоти бузург қарор дода, ҳар замон сухан аз манофеи сиёсию иқтисодӣ, сохтусози муҳимоти ҳарбӣ ва хатарҳои ҷангҳои навбатӣ меравад. Бо итминони комил мегуем, ки ин бархурду талошҳои ҷангсолорӣ ҳамеша аз иродаву хостаҳои модарон берун аст.
Аз таърих низ бароямон аён аст, ки бузургтарин амирону подшоҳони давр, фармонфармоёну сарлашкарон дар пеши иродаву бузурги Зан‐Модар сар фуруд овардаанд. Зеро амирону шоҳонро низ модар ба воя расонидааст. Аксари мутафаккирони барҷастаи олам бузургии модарро ситоиш намуда, дар назди мақому мартабаи ӯ сари таъзим фуруд овардаанд. Муҳаммад (С) мефармоянд, ки «… Биҳишт зери қудуми модарон аст…». ба андешаи Дюма «… Модарон ҳамеша мебахшанд ва гӯё барои ҳамин ба дунё омадаанд. Қалби модар чун оташу баҳр бахшандаву бебок аст…». Белинский бошад, дар мавриди манзалату мартабаи Зан‐ Модар гуфта буд, ки «… чизе ба мисли муҳаббати модар беғараз нест…». Ҷоди Пикол дар сифати модар гуфтааст: «Модар шудан натанҳо таваллуд кардан, балки инсон офаридан аст». Василий Ключевский фармудааст, ки «Ҳеҷ чизи муқаддас ва беназиртар аз муҳаббати модарӣ вуҷуд надорад», ё ин, ки Чарл Паддок гуфтааст: «Ҳеҷ неруе наметавонад пеши муҳаббати модариро бигирад». Дар ситоишу васфи Зан‐Модар адибону бузургони мо низ бароямон осори гаронмояро ба мерос гузошатаанд. «Модарнома»‐и устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ падидаи нодиртарин аст.
Ҷойгоҳи модар дар адабиёти тоҷик мақоми хоса дошта, шоирону нависандагон бо ҳар шеваву сабк талош намуданд, ки сифатҳои беназири модаронро тасвир намоянд. Ҳар як сифати модар манбаи илҳому эҷоди адибони халқи тоҷик аст.
Муҳимтар аз ҳама, модарони тоҷик ба хубӣ дарк карданд, ки дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худ аз пуштибониҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдоранду ҳамасола ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбаташон афзун гардида истодааст.
Умуман, дар амалӣ намудани сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати мамлакат нақши занону бонувон пайваста эҳсос мешаванд, зеро нерӯи Зан‐Модар басо бузург буда, ба ҳар амали бузург қодир аст ва бо боварии комил қайд кардан ҷоиз аст, ки минбаъд низ ин қишри бузурги ҷомеа дар амалӣ гаштани ҳадафҳои олии роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми муносиб мегузоранд.
Ғафурҷон ЗОИРӢ,
номзади илмҳои таърих