Маҳбуби хонандагон

Имрӯз мо, сокинони кишвар хушбахту босаодат ҳастем, ки дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон, зери сиёсати дурбинона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐ Пешвои муаззами миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар мебарем. Модари тоҷик дар фазои сулҳу субот ва оромӣ фарзандони худро тарбия менамояд. Имрӯз ва дар ҳама давру замон матбуот равшангари роҳи инсонҳо аст, мардумро ба роҳи рост равон мекунад, аз сиёсати давлат ва Ҳукумат, аз вазъи зиндагии мардум бохабар мегардонад. Шукрона аз он менамоем, ки матбуоти тоҷик имрӯз дар сатҳу мақоми баланд қарор дорад ва фаъолияти кормандони васоити ахбори умум баҳри пешбурди рӯзгори мардум, то ба сокинон бурда расонидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ва нақши бориз гузоштан дар тарбияи насли ояндасози миллат нигаронида шудааст.

Рӯзномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят «Ҳақиқати Суғд» аз нашрияҳои дӯстдоштаи ман маҳсуб меёбад. Онро бештар аз ним аср инҷониб мехонаму мухлисаш ҳастам. Пештар он бо номи «Ҳақиқати Ленинобод» интишор мегардид ва он вақт низ аз байни бастаи бисёри нашрияҳо онро ёфта мутолиа мекардам ва аз ҳаёти аҳли сокинони вилоят огоҳ мегардидам. Имрӯз низ бе мутолиаи ин рӯзнома ҳаёти худро тасаввур карда наметавонам ва аз хаткашон шумораи навбатиро пурсон шуда меистам. Ба ман мӯҳтаво, маводи дар саҳифаҳои рӯзнома интишормегардида хеле маъқулу мақбул аст. Зеро ҳар яки рӯзноманигорони ин ҷарида баҳри то ба дилу дидаи мардум рафта расидани маводашон аз болои ҳар як калима, ибора, мазмуну мундариҷа заҳмат мекашанд. Ва бисёр хурсандам аз он, ки имрӯз ҷомеаи меҳнатии ин рӯзномаро ҷавони болаёқат, соҳибистеъдод, ки соҳиби қалби бузургу боиноят ва одобу одамигарии баланд аст, сарварӣ менамояд. Вақте ду‐дуним сол қабл ба ман аввалин маротиба аз идораи рӯзнома занг зада, аз ман суроғаи ҷойи зистамро пурсон шуданд ва гуфтанд, минбаъд бароям ҳар шумораи рӯзномаро дастрас менамоянд, сарам ба осмон расид. Зеро ҳамон шабу рӯз бемор будам, аз ҷомеа бехабар монда будам. Ва як фазои холиии беиттилоӣ маро фаро гирифта буд. Рӯзномаи содиқу вафодори ман ин фазои холии маро пур кард. Бо иттилоъҳои навини мамлакатамон, бо пешрафти тамоми соҳаҳои вилоят, бо рӯзгори мардум. Ба ман гӯё рӯҳу равони тоза бахшид.

Имрӯз дар арафаи ҷашнгирии Рӯзи матбуоти тоҷик қарор дорем ва басо рамзист, ки иди матбуотчиён дар оғози фасли гулшукуф, омад‐омади баҳор таҷлил карда мешавад, ба ҳар як нафар корманди ин нашрия ‐ собиқадори соҳаи матбуоти тоҷику рӯзноманигори ҷавон ҳаёти баҳорӣ, сабз андар сабзро таманно менамоям. Бигузор дарёи ҳаётатон доимо серобу заврақи умратон беосеб, рӯзгоратон пур аз нони гандум бошад. Гуфтаниам, ки ҳар луқмаи нони шумо, журналистони рӯзнома, ҳалол мебошад. Чунки барои иншои ҳар як ҷумлаи ба мардум мақбул заҳмат мекашед. Таманно дорам, подошу аҷри заҳматҳоятонро бинед. Ман мақола, очерк, маводи ҳар кадом рӯзноманигори нашрияро мехонаму медонам ва нақши қаламашонро мешиносам. Нақши рӯзнома дар тарбияи мардум, бахусус ҷавонон хеле бориз аст. Шумо бо нишон додани рӯзгори инсонҳои барӯманд, бо чӣ машаққатҳо ба зинаҳои баланд расидани онон дар як вақт ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамоед. Таманно дорам, ки ҳар як маводи навиштаи шумо соҳиби худро ёбад, ба дилҳои мардум ҷо шавад, дастовардҳоятон рӯз то рӯз афзун гардад.

Имрӯз аз дастовардҳои рӯзнома тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар мегардам. Дар ҳақиқат ҳам давоми солҳои охир эътибору нуфузи рӯзнома хеле боло гардидааст. Хеле муштариёнаш зиёд шудаанд. Ҳамаи инро аз фаъолияти бурдборонаи шумо, аҳли қалами рӯзнома медонам. Аз таҳти дил таманно менамоям, ки хомаатон ҳаргиз нуқта напазирад, ҳамеша равону бурро бошад, доимо муваффақу сарбаланд бошед, аҳли эҷоди нашрияи дӯстдоштаи ман «Ҳақиқати Суғд».

Мукаррама НЕЪМАТОВА,

собиқадори хизмати давлатӣ ва ҷамъиятӣ,

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Муаллими дараҷаи олӣ,

дорандаи медали «Хизмати шоиста»

ва медали ҷашнии ҲХДТ

Add comment


Security code
Refresh