Инсоне, ки ҳамеша эҳтиромаш мекунам
- Details
- Published on Monday, 11 March 2024 08:35
Вақте шахс ба ҷомеа ворид мешавад, бо инсонҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки хислатҳои гуногун доранд. Агар хоҳӣ, ки бо инсони нек ҳамсӯҳбату ҳамнишин шавӣ, сараввал ӯро бояд шинохт.
Солҳои 80‐уми асри гузашта шиносоии ман бо устод Сайфулло Махкамов ба вуқуъ пайваст. Он солҳо ин фард раиси Ҷамъияти китобдӯстони шаҳрро бар ӯҳда дошт. Дар яке аз вохӯриҳо, ки дар толори калони кумитаи шаҳрии ўротеппагии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон доир гардида буд, банда низ чун дигар иштирокчиён дар толор ширкат доштам.
Устод зимни баромад самимона ва бо лаҳни буррову ширин сухан мекард. Бо гузашти вақт ман аз идораи омори шаҳри Истаравшан соли 1991 ба идораи телевизиони навтаъсиси «Афшин» ба кор омада, сараввал ба ҳайси наттоқ ва пас аз чанд муддат дар вазифаи муҳаррир фаъолият доштам. Устод Сайфулло Махкамов, ки худ пас аз хатми Институти педагогии ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Душанбе (имрӯза ДДОТ ба номи С.Айнӣ) дар Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият бурдааст, аз таҷрибаи бойи кории худ ба ман маслиҳатҳои хешро дареғ намедошт.
Азбаски таъсиси телевизион дар Истаравшан як навгонӣ буд, мардум ҳар шомгоҳ барномаҳои онро бо шавқ тамошо карда, аз навгониҳои шаҳр бохабар мегаштанд. Ман бештар барномаи «Ахбор»‐ро ба самъи тамошобинон пешкаш мекардам.
Устод пас аз тамошои барномаҳои телевизиони маҳаллӣ ҳамчун муҳаққиқ таҳлилгар барои пешрафти фаъолияти ман ва ҳамкоронам маслиҳатҳои судманд медод.
Устод як хислати хубе дорад, ки ҳақиқатро рӯирост мегӯяду дар ғайб ҳарф намезанад. Агар гӯям, ки устод дар ҷумҳурӣ ҳамагон мешиносанд, хато нахоҳам кард. Ҳангоми сафарҳои корӣ ҳамчун журналист ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамагон бо як нигоҳ пай мебаранд, ки устод як рўзноманигори варзида бунёдгузор ва сармуҳаррири нашрияи наврасону ҷавонон ‐ «Корвони умед» мебошад. Бемуҳобот гуфта метавонам, ки устод Сайфулло Махкамовро натанҳо бо навиштаҳояш, балки бо тоқии миллии дар сар доштааш (Сайфулло Махкамов аз айёми нав‐расию ҷавонӣ то имрӯз тӯппии ӯротепагӣ мепӯшад) мешиносанд.
Устод бо маънои томаш дӯстпарвару меҳмоннавоз аст ва бештар шоҳид ҳам шудаам, ки дӯстони аз шаҳру навоҳии кишвар ба Истаравшан омадаро бе як пиёла чой гусел намекунад. Вақте дар кӯчаҳои шаҳр қадам мезанад хурду калон ба устод салом дода, аҳволпурсӣ мекунанд. Шояд ин натиҷаи ана ҳамон хислатҳои неку меҳрубониаш бошад, ки имрӯз меҳри устод дар умқи дили ҳамагон ҷой гирифтааст.
Устод бо аҳли адаби вилояту ҷумҳурӣ ҳамкории зич дорад. Навиштаҳояш дар рӯзномаҳои расмию ғайрирасмӣ тез‐тез ба чоп мерасанд. Ҳар боре, ки ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар мекунад, албатта ба Хонаи адибон ва идораи рӯзномаю маҷаллаҳо рафта, бо адибон, ҳамкасбони худ вохӯрда, аз маҳсули эҷоди ҳамдигар воқиф мегардад ва дар як вақт навиштаҳои хешро барои чоп манзур мекунад.
Албатта, аҳли адаб ба Сайфулло Махкамов бо назари нек менигаранд ва ба сабку услуби эҷодаш баҳои баланд медиҳанд. Устод зиёда аз 17 сол аст, ки хабарнигори рӯзномаи «Нақлиёт» дар вилояти Суғд мебошад. Ӯ аз соли 1976 аъзои Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон аз соли 1993, барандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии ҷурналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз соли 2022, барандаи Ҷоизаи ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» ба номи Набӣ Каримов, аъзои хазинаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз соли 2011, Аълочии матбуоти ҷумҳурӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Аълочии бойгонии СССР, дорандаи ду Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон (солҳои 1972 ва 1988) ва соҳиби ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000), ғолиби озмуни вилоятии «Мутахассиси беҳтарини соли 2012» дар соҳаи журналистика дар вилояти Суғд, ғолиби озмуни вилоятии «Инсон, замон ва ҷомеа» дар соли 2014 мебошад. Мавсуф ду маротиба, аз соли 1994 то 2000‐ум вакили Шӯрои вакилони халқи шаҳри Ӯротеппа, аз соли 2000 то 2005‐уми вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ӯротеппа (Истаравшан) интихоб шудааст.
Дар муддати наздик 57 соли рӯзноманигорӣ 32 номгӯй китобҳои гуногун аз таърихи диёр, маҷмӯи очеркҳо дар мавзӯи ҳарбӣ‐ватанпарастӣ, ҳаёти одамони наҷиб ва ғайраро аз чоп баровардааст.
Ёд дорам, соли 2003 буд. Ман бо устод дар саҳни ҳавлии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан вохӯрдем ва пас аз аҳволпурсии ҳамдигар устод ба ман пешниҳод намуд, ки шумо бояд дар рӯзнома ҳам қувва озмоед. Шуморо ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи минтақавии «Заҳматкаш» пешниҳод мекунам, фақат не нагӯед, зеро маҳорати навиштани хабару мақолаҳоро доред.
Ҳамин тавр, моҳи августи соли 2003 маро ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи минтақавии «Заҳматкаш» таъйин намуданд. Дар ин вазифа қаблан худи устод кор мекард. Азбаски соли 2000‐ум устод рӯзнома барои кӯдакону наврасон «Корвони умед»‐ро таъсис дода буд, бинобар он маро ба ҳайси сармуҳаррир дидан мехост...
Ҳамаи ин комёбию муваффақиятро нисбат ба худ ман аз дастгирии бевоситаи устод медонам. Имрӯз устод дар нафақа буда, синнаш ба 80 мерасад. Вале ҳамоно устод серкору эҷод менамояд ва новобаста аз синну сол сармуҳарририи «Корвони умед»‐ро бар ӯҳда дорад.
Устод соҳиби 7 фарзанд, 24 набера ва 14 абера мебошад.
Ин журналисти шинохта, шукри даврони истиқлолият, сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, фазои ороми Тоҷикистонро мекунад. Ҳамаи ин дастовардҳои Тоҷикистонро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад.
‐Бошад, ки Тоҷикистони офтобрӯяи мо аз имрӯз низ бештар рушд намояду сокинонаш зери осмони софу беғубор ҳаёти шоиста дошта бошанд, ‐ мегўяд ў.
Ӯктами Нурулло,
рӯзноманигор,
шаҳри Истаравшан