Корномаи фото - журналисти пуртаҷриба

Дурбини ӯ дар солҳои шӯравӣ аввалин сохтмонҳои бузурги шаҳри Хуҷандро инъикос кардааст, ки имрӯз моли таърих мебошад. Дурбини вай дар солҳои соҳибистиқлолӣ низ аз шодиву нишоти мардум, ободиву бунёдкорӣ ва табиати афсункори диёр силсилаксҳои гӯёву диданбоб бардоштааст, ки аз он бо набзи ҳаёт метавон огоҳ шуд. Боварнокарданист, ки муаллифи ин дурбин дар синни 80 ‐ солагӣ ҳам пур аз завқи зистану офаридан буда, хазинаи эҷодияш бо аксҳои наву тоза тез‐тез ғанитар мешавад. Ӯ кист? Бале, Владимир Вяхирев аст, ки расо 53 сол боз дар рӯзномаи “Согдийякая правда” фаъолият дорад. Мавсуф дар ин солҳои дароз ба ҳайси корманди техникӣ, мухбир‐суратгир, котиби масъул ва чанд вақт сармуҳаррири рӯзнома ҳам шуда кор кардааст. Мо чанде пеш дар утоқи кории эшон суҳбат ороста, мулоҳизаҳояшро ба дирӯзу имрӯзи Ватан, ки ҳеҷ вақт бетараф нест, шунидем.

Дар оғози суҳбат нигоҳи мо ба ҷевони утоқи кории устод Вяхирев афтод, ки онро китобҳо, аксҳо, сипосномаву ифтихорномаҳо зеб медод. Дар рафи якуми он чанд насли дастгоҳҳои аксбардорӣ истодааст. Бегумон, онҳо шоҳиди рӯзгор ва воқеаҳои муҳими солҳои пешанд. Аз соҳибаш пурсон шудем, ки таърихи корбурди онҳо, ки албатта, лаҳзаҳои ҷолибро дар пай дорад, нақл кунад.

‐ Сарвати ман аст, он солҳое, ки гузашт. Овони ҷавонии ман аз рӯзҳои ҷавонони имрӯз фарқи зиёд дошт. Барои мо иҷрои ҳар кор мисли имрӯз осон набуд. Тасаввур кунед, ки бе телефони мобилӣ, интернет ва компютер аз уҳдаи ҳар супориш мебаромадем. Мисол, барои омода кардани фото‐репортаж ба минтақаҳои дуру наздики вилоят мерафтам. Дар вақти кор дастгоҳи аксбардорӣ ва қаламу коғаз ёвари ҳамешагиам буд. Фактҳо ва фикрҳои муҳимро ба варақ менавиштам. Дар он варақҳо баробари навиштаҷот чӣ қадар эҳсосу нерӯ сабт мешуд, танҳо ба худам аён. Агар банохост коғаз гум ва ё зарар медид, бе мавод мемондам, ‐ бо лабханд ба ёд овард ҳамсуҳбатам.

Тавре фаҳмидем, мавсуф нахустин фото‐журналистест, ки ба ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ шарафёб шудааст. Ӯ дар давоми суҳбат хидмати чандсолаи дастгоҳҳои аксбардориашро шарҳ дода, афзуд, ки имрӯз бархе ҷавонон пешрафти корашонро ба доштани моделҳои нави дастгоҳҳои мухталиф рабт медиҳанд. Ба назари вай, пурмуҳтаво ва хушсифат иҷро шудани ҳар кор на ба дастгоҳҳои наву муосир алоқаманд аст, балки ба маҳорат ва малакаҳои омӯхташуда тавъам мебошад. Агар шахс ҳунарвар нест, пас ягон дастгоҳ, ки ҳатто модели охирон аст, барояш кӯмак карда наметавонад.

Қаҳрамони мо, бо ифтихор гуфт, ки соли ҷорӣ рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” 90 сола мешавад. Он дар дарозои 90 сол бо забони русӣ нашр шуда, дар тарғиби ғояҳои башардӯстонаву маърифатии ҷомеа саҳми калон дорад. Таърих гувоҳ аст, ки рӯзнома бо номҳои “Рабочий Ходжента”, “Стахановец”, “Ленинабадская правда” ва бо қарори Раиси вилояти Суғд аз соли 2008 бо номи “Согдийская правда” интишор меёбад. Дар вилоят имрӯз ҳам нашр шудани рӯзнома бо забони русӣ амали хубу манфиатбахш аст.

Ба қавли устод Вяхирев, солҳои пеш дар вилоят бештари ашхоси калонсол забони русиро хуб медонистанд. Рӯзноманигорони ҷарида бо намояндагони касбу кори гуногун, ки забони русиро дар сатҳи хуб медонистанд, суҳбатҳои хубу муфид меоростанд. Аммо имрӯз насли ҷавон ва миёнсол ин забонро на он қадар хуб медонанд. Чаро?

‐ Барои ҳар забонро хуб омӯхтан муҳит ва муошират зарур аст. Маълум аст, ки имрӯзҳо дар мактабҳои миллӣ муаллимони тоҷик аз фанни забони русӣ дарс медиҳанд. Шумораи аҳолии русзабон ҳам зиёд нест. Кӯдакону наврасони тоҷик барои омӯхтани забон бояд бештар китобу маҷалла ва рӯзномаҳои русиро бихонанд. Зеро забондонӣ сабаб мешавад, то рушд кунанд. Имрӯз ва ояндаи диёри мо маҳз дар дасти ҷавонон аст, ‐ афзуд рӯзноманигори таҷрибадида.

Аслан, Владимир Вяхирев парвардаи шаҳри Хуҷанди бостонист. Ӯ ин диёрро Ватани азизи худ медонад. Вай 29 – уми сентбяри соли 1943 дар шаҳри Ашқобод таваллуд шудааст. Падараш низомӣ буд. Аз ин рӯ, бо тақозои кор ин оила ба Хуҷанд меояд. Владмири наврас дар ин шаҳр камол ёфта, мактаби ба номи Ленинро хатм мекунад. Баъдан дар Донишкадаи алоқаи шаҳри Тошканд таҳсил мекунад. Аз соли 1971 – ум то ба имрӯз дар рӯзномаи “Согдийская правда” фаъолият дорад. Мавсуф ҳамчун мухбир‐суратгири рӯзномаи “Согдийская правда” барои фаъолияти пурмаҳсул ва саҳми арзанда дар рушди нумӯи матбуот, инъикоси воқеъбинонаи ҳодисаву воқеаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа бо чандин сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст. Зимнан, ба устод Владимир Вяхирев тандурустӣ ва умри дарози борафоҳ хоҳонем.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh