Таъмини фаровонии маҳсулот дар ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ

9 март ,рӯзи шанбе чун анъана бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ ташкил карда шуд. 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз растаҳои фурӯши маҳсулот боздид карда, барои таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ба масъулин супоришҳо дод. 

Дар ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ кишоварзону корхонаҳои саноатӣ маҳсулоти зарурии рӯзгорро пешниҳод намуданд ва сокинон бо қаноатмандӣ чизҳои лозимии хешро харидорӣ карданд.

Дар ярмарка маҳсулот фаровон буда, аз гӯшти моҳӣ то мурғу гӯсфанду гов, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, тухм, равған, орд, меваҳои гуногун ба фурӯш гузошта шуд.

Add comment


Security code
Refresh