Қавииродаву адолатҷў буд

Ҳангоми бо собиқадорони мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ, ки солҳои шӯравӣ фаъолият бурдаанд, ҳамсӯҳбат гардиданам онҳо беихтиёр ному насаби Ҳасанов Карим Ҳасановичро вирди забон меоранд. Иброз медоранд, ки маҳз Карим Ҳасанов наздик бист сол ба ҳайси муовини прокурори ҷумҳурӣ фаъолият бурдааст.

Барҳақ, Карим Ҳасанов аз соли 1963 то соли 1982, яъне тӯли 19 сол дар вазифаи пурмасъули муовини прокурори ҶШС Тоҷикистон фаъолияти пурсамар бурдааст. Назорати прокурорӣ оид ба иҷрои қонунҳо дар рафти тафтишоти пешакӣ яке аз самтҳои муҳимтарин ва ивазнашавандаи назорати прокурорӣ буда, барои таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидааст. Маҳз дар давраи фаъолияти Карим Ҳасанов назорати самти муҳими зикршуда дар баробари дигар самтҳои назорат ҳамчун муовини прокурори ҷумҳурӣ ба зиммаи ӯ вогузор шуда буд. Ӯ хуб дарк менамуд, ки моҳияти назорати прокурорӣ вобаста ба тафтишоти ҷиноятҳо дар он зоҳир мегардад, ки ба ҳамаи маълумот, далелҳо, ҳуҷҷатҳо ва нишондодҳои шоҳидон, гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, хулосаҳои мутахассисон ва ғайра баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шавад. Пурра, босифат ва ҳаматарафа тафтишу таҳқиқ гардидани ҷиноятҳо аз назорати дахлдори прокурорӣ вобастагии калон дорад. Ӯ ҳамчун роҳбари қавииродаву соҳибтаҷриба аз зертобеони худ, сардорони шӯъбаҳои прокуратураи ҷумҳурӣ ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври доимӣ талаб менамуд, ки ҳангоми тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ баробари дигар талабот муқаррароти зикршудаи Кодекси мурофиаи ҷиноятиро ба пуррагӣ риоя намуда, ба бесифату нопурра бурдани тафтишу таҳқиқи парвандаҳо роҳ надиҳанд.

Карим Ҳасанов аз соли 1957 то соли 1962 дар вазифаи прокурори вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) низ фаъолияти пурмаҳсул бурдааст. Ҳангоми дар вазифаи прокурори вилоят фаъолият бурданаш дар беҳтару хубтар гардидани кори мақомот, ки риояи дақиқу якхелаи қонунҳоро дар вилоят назорат мебарад, корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст. Дар самаранокии назорати прокурорӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият кӯшиш ба харҷ медод ва пайваста нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ва қонуншиканон муборизаи беамон мебурд.

Карим Ҳасанов зодаи деҳаи Понғози ноҳияи Ашт буда, соли 1938 бо аҳли оила барои азхуд кардани заминҳои водии Вахш ба ноҳияи Кӯйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) кӯчида рафтанд. Ӯ мактаби миёнаро дар ҳамон ҷо хатм намуда, пас аз хатми Институти ҳуқуқшиносии шаҳри Тошканд фаъолияти худро дар мақомоти прокуратура ба ҳайси корманди техникӣ ва баъдан ба сифати корманди фаврӣ оғоз намуда, дар вазифаҳои котиби прокуратураи ноҳияи Куйбишев, ёрдамчии прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ва аз соли 1950 то соли 1954 дар вазифаи прокурори ҳамин шаҳр фаъолият бурдааст.

Кордониву ба вазифаи худ содиқ будани Карим Ҳасанови ҷавонро, ки ҳамагӣ 27 сол дошт, ба инобат гирифта, ӯро соли 1954 ба вазифаи прокурори вилояти Кӯлоб ва соли 1955 ба вазифаи прокурори шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) таъин намуданд. Пасон тавре дар боло зикр гардид, Карим Ҳасанов соли 1957 прокурори вилояти Ленинобод таъйин гардида, дар ин вазифаи пурмасъул панҷ сол фаъолият бурда, аз соли 1962 то оли 1963 дар вазифаи прокурори шаҳри Душанбе фаъолият бурд.

Пас аз фаъолияти пурсамар дар вазифаи пурмасъули роҳбарикунандаи муовини прокурори ҶШС Тоҷикистон аз соли 1982 то соли 1993 дар вазифаи сарҳаками ҷумҳурӣ, раиси Суди Олии арбитражии ҶШС Тоҷикистон ва дигар вазифаҳои гуногуни соҳаи ҳуқуқ кору фаъолият намуда, солҳои тӯлонӣ вакили мардумӣ интихоб гардида буд. Ӯ вакили мардумии Шӯрои депутатҳои халқии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Сталинобод (ҳозира Душанбе) ва вилоятҳои Кӯлобу Ленинобод (ҳозира Суғд) интихоб шудааст.

Карим Ҳасанов муаллифи 8 китоб, 32 мақола ва китоби ҳаҷман калони нашри русии “Главное дело жизни”( соли 1999) мебошад. Хизматҳои чандинсолаи бенуқсони ҳуқуқшиноси варзида, роҳбари соҳибтаҷрибаи мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ Карим Ҳасанов бо рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 (генерал‐майори адлия), унвони фахрии “Юристи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, орденҳои “Нишони фахрӣ”, ”Дӯстии халқҳо”, 7 медал ва Ифтихорномаи фахрии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудаанд.

Агар зиндагиномаи Карим Ҳасановро варақгардон кунем, дармеёбем, ки номбурда дар фаъолияти пурмасъули роҳбарикунандаи корӣ дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ бо собиқ прокуророни ҶШС Тоҷикистон Николай Жогин, Ҳасан Ҳусейнов ва Владимир Буларгин якҷоя фаъолият бурдааст.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки Карим Ҳасанов тӯли даҳ сол узвияти ҷамъияти ҳуқуқшиносони ҷаҳон бар зидди яроқи қатли омро ба ӯҳда дошта, соли 1989 дар Анҷумани ҳуқуқшиносон‐демократҳои ҷаҳон, ки дар он намояндагони 163 давлати дунё иштирок доштанд, чун намоянда аз ҷумҳурии мо ширкат варзидааст. Ҳамчунин, номбурда дар конфронсу симпозиумҳо ва машваратҳои илмиву амалӣ, ки дар ИМА, Канада, Япония, Фаронса, Голландия, Белгия, Люксембург, Чехия ва Полша баргузор гардида будаанд, ширкат варзидааст.

Карим Ҳасанов давраи фаъолияти роҳбарии чандинсола дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки қисме аз онҳо имрӯз дар мақомоти прокуратура, суд ва дигар ниҳоди ҳифзи ҳуқуқ садоқатмандона хидмат мекунанд, қисматашон нафақахӯр буда, давлати пирӣ меронанд ва ному хотираи неки ӯро пос медоранд.

Мавсуф соли 1994 ба нафақа баромада, соли 2016 аз олам чашм пӯшид.

Фаррух АБДУЛЛО,

собиқадори мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ,

мушовири адлияи дараҷаи дуюм

Add comment


Security code
Refresh